Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
31 August 2012

Дар бораи тасдиқи санади Комиссияи давлатии       қабули иншооти сохтмонаш анҷомёфта

 

         Бинобар ба анҷом расидани сохтмони иншооти «Азнавсозии иншооти хусусӣ бо табдил додани он ба бинои маъмурӣ, воқеъ дар кӯчаи Рудакӣ 34» мансуб ба Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Индиго Тоҷикистон», мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ», Меъёрҳою қоидаҳои сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон 12-01-2007 «Қабули иншоотҳои сохтмонии ба истифода омодашуда. Муқаррароти асосӣ»

 

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

1.         Санади замимагардидаи Комиссияи давлатии қабули иншооти сохтмонаш анҷомёфтаи «Азнавсозии иншооти хусусӣ бо табдил додани он ба бинои маъмурӣ, воқеъ дар кӯчаи Рудакӣ 34» мансуб ба Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Индиго Тоҷикистон», бо арзиши фондҳои асосӣ 53 357 944 (панҷоҳу се миллиону сесаду панҷоҳу ҳафт ҳазору нӯҳсаду чилу чор) сомонӣ, тасдиқ карда шавад.

2.      Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мутобиқ ба талаботи санадҳои меъёрии хуқуқӣ ба нишондиҳандаҳои давлатии оморӣ таѓйирот ворид намояд.

3.      Корхонаи фаръии байниноҳиявии бақайдгирии техникии шаҳри Душанбе иншооти мазкурро ҳамчун моликияти Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Индиго Тоҷикистон», тибқи тартиби муқарраргардида, ба қайд гирад.

4.      Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи шӯъбаи иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Уроқов И.Х.) ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Мансуров Ҷ.М. гузошта шавад.

     

     М. УБАЙДУЛЛОЕВ