Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
31 August 2012

Дар бораи тасдиқи санади Комиссияи давлатии қабули иншооти сохтмонаш анҷомёфта

         Бинобар ба анҷом расидани сохтмони иншооти «Маркази хизматрасонӣ ва савдои «Ҷавонони пойтахт», дар кӯчаи И.Сомонӣ, мансуб ба шаҳрванд Холиқов Г., мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ», Меъёрҳою қоидаҳои сохтмони Ҷумхурии Тоҷикистон 12-01-2007 «Қабули иншоотҳои сохтмонии ба истифода омодашуда. Муқаррароти асосӣ»

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

1.         Санади замимагардидаи Комиссияи давлатии қабули иншооти сохтмонаш анҷомёфтаи «Маркази хизматрасонӣ ва савдои «Ҷавонони пойтахт», дар кӯчаи И.Сомонӣ, мансуб ба шаҳрванд Холиқов Г., бо арзиши фондҳои асосӣ 4 910 000 (чор миллиону нӯҳсаду даҳ ҳазор) сомонӣ, тасдиқ карда шавад.

2.      Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мутобиқ ба талаботи санадҳои меъёрии хуқуқӣ ба нишондиҳандаҳои давлатии оморӣ таѓйирот ворид намояд.

3.      Корхонаи фаръии байниноҳиявии бақайдгирии техникии шаҳри Душанбе иншооти мазкурро ҳамчун моликияти шаҳрванд Холиқов Г., тибқи тартиби муқарраргардида ба қайд гирад.

4.      Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ. гузошта шавад.

  М. УБАЙДУЛЛОЕВ