Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
1 March 2010

Ба ифтихори Рӯзи модарон- 8-уми март  ва фарорасии Наврӯзи хуҷастапай шаҳрдории Душанбе мутобиқ ба анъаноти худ  фаъолзанони пойтахт, аз ҷумла роҳрӯбони Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳрро бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонид.

Ин навбат барои қадргардонии  2363 нафар занони категорияҳои мухталиф  аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳрӣ  як миллион у яксаду ҳаштоду як ҳазору панҷсад  сомонӣ бо дарназардошти ба ҳар кадоме панҷсад сомонӣ ҷудо карда шуд.

Тӯҳфаи идонаи мазкур ба онҳо тариқи саҳмияҳои арзиши панҷсадсомонаи  НБО «Роғун» аз ҷониби масъулини шаҳрдорӣ ва ноҳияҳои пойтахт дар расми тантанавӣ тақдим карда мешаванд.

Хадамоти матбуотии Раиси шаҳри Душанбе