«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
3 September 2012

Дар бораи баргузории аксияи экологӣ дар шаҳри Душанбе

 

         Бо мақсади татбиқи барномаҳои экологии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, иҷрои  Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 526 аз 30 августи соли 2012 «Дар бораи тадбирҳои иловагии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, баҳри тақвиятбахшии корҳои ободонию созандагӣ, таҷлили ҷашни 21-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо баррасии муроҷиати намояндагии  Бонки рушди АврОсиё № 5-42 аз 3 сентябри соли 2012 доир ба гузаронидани аксияи экологӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

ҚАРОР    МЕКУНАМ:

1.    1.Ташаббуси Бонки рушди АврОсиё оид ба гузаронидани аксияи экологӣ санаи 5 сентябри соли 2012 дар соҳили дарёи Варзоб хиёбони Ҳ. Шерозии ноҳияи И. Сомонӣ, рўбарўи маҳаллаи Шафақ дастгирӣ карда шавад.

2.    2.Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н., раиси ноҳияи И.Сомонӣ Қурбонов А.Ҷ., Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе (Ҷураев А.Ш.) ҷиҳати дар сатҳи баланд ва мақсаднок гузаронидани чорабинии мазкур  мусоидат намоянд.

3.    3.Шўъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

4.    4.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. гузошта шавад.                     

 

М. УБАЙДУЛЛОЕВ