Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
10 September 2012

Макон : Наврӯзгоҳи пойтахт

 

ш.Душанбе                                                        9 сентябри соли 2012, 17-45

 

 

 

Ҷаноби олӣ,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Хонумҳо ва ҷанобон!

Ҳозирини гиромиқадр!

 

Ташрифи мубораки Ҷаноби Олӣ  ва  Шумо дӯстону меҳмонони арҷмандро ба базми истиқболи 21-умин солгарди Истиқлолияти давлатиямон, ки ҷавҳари ҳастии имрӯзу ояндаи Ватани маҳбубамонро асос гузошта, иди умумимиллӣ ва хонаводагии ҳар яки мо гардидааст, эҳтиромона ва самимона шодбош мегӯем. 

Боиси ифтихормандист, ки Душанбеи дилорою нозанин ва дар маҷмӯъ кишвари азизамон бо тавсеа ва идомабахшии сиёсати созандагию бунёдкориҳои беназир воқеан бо шарофати ин неъмати Илоҳӣ ва бебаҳои сарнавиштсоз ба меҳвари ташаббусҳои ҳамгироӣ, ҳамраъйиву ҳамдастии кулли тоҷикистониён ва тоҷикони ҷаҳон табдил меёбад.

Дар ин росто, баҳри дарки мафҳуми Истиқлолият ва кору зиндагӣ дар Ватани соҳибистиқлол, мутмаинем, ки ҳар нафари худогоҳ дар устувории пояи ин тӯҳфаи сарнавишт ва  кору фаъолият дар фазои ҳамзистии осоиштаи тамоми қишрҳои ҷомеа хиштеро аз худ зам менамояд.

Ҳамдиёрони азизу арҷманд!

Дар партави ҳидоятҳои Сарвари давлатамон моро зарур аст, ки ҳамеша баҳри пояндагии бинои мӯҳташами Истиқлолияти давлатӣ кӯшиш намоем ва бо ҳисси баланди ватандӯстию бедории сиёсӣ, масъулияту нақши ҷомеасозии навинамон ҳар кадоме саҳмгузор бошем.

Дар ин лаҳзаҳои  фараҳбахшу нотакрор бо қаноатмандӣ тазаккур бояд дод, ки Душанбе – пойтахти кишвар ба истиқболи 21-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ мутобиқ ба анъаноти хеш бо раҳандозии барномаҳои фарҳангӣ, ба истифодадиҳии як идда иншооти гуногунтаъинотро аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва субъектҳои соҳибкории шаҳр армуғон намуд, гарчанде симои меъмории шаҳрамон тавассути фаъолияти ҳамарӯзаи Шумо бо ба истифода додани теъдоди иншооти мухталиф ҳусни нав касб менамояд.

Бо истифода аз фурсати муносиб ба ҳар яки Шумо миннатдории самими хешро иброз менамоем.

Боварӣ дорем, ки ҳар кадоми Шумо тариқи иштирок дар ин тантанаҳо бо як рӯҳияи созанда Истиқлолияти ҷовидо-наро истиқбол ва дар таъмини зиндагии арзандаи ҷомеаи шаҳрамон бо иродаву матонати хастанопазири ватандӯстӣ беш аз ҳарвақта муваффақ мегардед.

Ҷашни 21-умин солгарди  Истиқлолияти давлатиро ба Шумо ҳозирини арҷманд бори дигар самимона муборакбод гуфта, бо камоли эҳтиром аз мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш менамоем, ки чорабинии идона ва маъракаи фарҳангии омодагардидаро, ки «Дурахши Истиқлол» номгузорӣ намудаем, ҳусни оғоз бахшанд.

                 Марҳамат Ҷаноби Олӣ!