Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
19 September 2012

Дар бораи баргузории  консерт дар майдони

800-солагии Москваи шаҳри Душанбе

 

         Муроҷиати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати радио ва телевизиони «Азия-Плюс»-ро таҳти №С-705 аз 4 сентябри соли 2012 дар хусуси додани иҷозат барои баргузор намудани консерт дар майдони 800-солагии Москваи шаҳри Душанбе баррасӣ намуда, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

         1. Ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати радио ва телевизиони «Азия-Плюс» санаи 21 сентябри соли 2012, аз соати 18 00  то 21 00 дар майдони 800-солагии Москваи шаҳри Душанбе баргузор намудани консерт бо иштироки ситораҳои эстрада иҷозат дода шавад.

         2. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шаҳри Душанбе риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандону иштирокчиёнро дар вақти баргузории чорабинӣ таъмин намоянд.

         3. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи Шӯъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Мусоева Ш.Р.) ва муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. гузошта шавад.

                                                                                            

      М. УБАЙДУЛЛОЕВ