Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
20 September 2012

   ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ  №550-2 аз 12.09.2012

 

Оид ба тадбирҳои таъхирнопазир вобаста ба ҳодисаи сӯхтори шоми 5 сентябри соли 2012 баамаломада дар бозори яклухтфурӯшии ҶДММ «Бозори Корвон»

 

Бо мақсади андешидани чораҳои таъхирнопазир оид ба ҳимояи ҳуқуқии соҳибкорони дар натиҷаи сӯхтори дар бозори яклухтфурӯшии ҶДММ «Бозори Корвон» зарардида ва мусоидат баҳри барқарор намудани фаъолияти тиҷоратии онҳо, тибқи тасмимоти ҷаласаҳои кории назди Раиси шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

 

Дар асоси мувофиқа шахсони мутасаддӣ ва сохторҳои марбута тибқи  мӯҳлатҳои муқарраргардида иҷроиши вазифаҳои дар протоколҳои замимагардидаи ҷаласаҳои кории назди Раиси шаҳри Душанбе аз 6 ва 8 сентябри соли 2012 зикргардидаро оид ба дастгирии соҳибкорони зарардида таъмин намоянд.

 

                                                                     М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

 

 


                                

  Бо  Қарори  Раиси шаҳри Душанбе 

№550-2 аз 12.09.2012 тасдиқ карда шудааст

 

 

П Р О Т О К О Л И

ҷаласаи кории назди Раиси шаҳри Душанбе М. Убайдуллоев

 

аз 6 сентябри соли 2012                                                   ш. Душанбе

соати 13.00

 

Иштирок карданд:

Воҳидов Ҳ. С. – муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сабзов Ш. – муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Юсуфиён Ҷ. – муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Шарипов М. – сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қодиров С. Г. – прокурори шаҳри Душанбе, Нуралиев З. С. – сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шаҳри Душанбе, Бузмаков А. А. – сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Исмоилов Р. – сардори Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Мавлонова Ҳ. Ф. – директори иҷроияи ҶДММ «Бозори Корвон».

Рӯзномаи ҷаласа:

Оид ба тадбирҳои таъхирнопазир вобаста ба ҳодисаи сӯхтори шоми 5 сентябри соли 2012 ба амаломада дар бозори яклухтфурӯшии ҶДММ «Бозори Корвон».

  

Раиси шаҳри Душанбе М. Убайдуллоев дар асоси мувофиқа бо истифода аз ваколатҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оиди ҳодисаи сӯхтори шоми 5 сентябр ба амаломада дар бозори яклухтфурӯшии ҶДММ «Бозори Корвон», ба масъулин дастуру супоришҳои зеринро доданд:

1. Муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидов Ҳ. С. кори тафтишотиро доир ба иллатҳои рух додани сӯхтори мазкур роҳбарӣ намуда, нисбати шахсони масъули дар рух додани ҳодисаи мазкур саҳлангорӣ нишондода чораҳои қонунӣ андешад.

2. Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ.Юсуфиён зимни омӯзиши дақиқи қарзҳои гирифтаи соҳибкорони бозори яклухтфурӯшии ҶДММ «Бозори Корвон» нисбати ду маротиба      тамдид намудани мӯҳлати пардохти қарзҳои гирифтаи онҳо дар ҳамкорӣ бо бонкҳои қарздиҳанда тадбирҳои амалӣ андешанд.

3. Соҳибмулки ҶДММ «Бозори Корвон» Машрапов Н. Х. баробари фавран аз соҳибкорон хостани маъзарат, ҷиҳати на дертар аз як моҳ аз ҳисоби фоидаҳои бозор ва имконотҳои молиявии худ барқарор намудани нуқтаҳои савдои зарардида чораҳои амалӣ андешад.

4. Прокурори шаҳри Душанбе Қодиров С. Г. бо ҷалби сохторҳои марбутаи шаҳрӣ: Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе (Файзуллоев Қ.), Кумитаи заминсозии шаҳри Душанбе (Абдуалимов Б. А.), Раёсати андози шаҳри Душанбе (Назаров Б. М.), Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Амонов С. Н.) дар давоми як моҳ масъалаи фаъолияти қонунии ҶДММ «Бозори Корвон» ва бозори яклухтфурӯшии онро мавриди омӯзиш ва чораҷӯии қонунӣ қарор дода, аз натиҷааш ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе посух ирсол намояд.

5. Бо ташкили Комиссияи ҷамъиятӣ дар ҳайати зерин:

1. Ҳабибов А. Ҳ. – вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №44, раиси комиссияи ҷамъиятӣ;

                                  аъзои комиссия:

2. Шоев Н. Н. – вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №59;

3. Саидов Ҷ. Ҳ. – вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №61;

4. Юсупов Б. Н. – вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №57;

5. Кобулиев З. В. – вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №60;

6.Амиршоева Г. – сармуҳаррири рӯзномаи “Вечёрка”;

7. Абдуллоев З. – директори Маркази “Контент”;

8. Кличев Т. – мухбири рӯзномаи “Азия- Плюс”;

9. Мараимов Р. – директори Маркази тадқиқоти сотсиологии “Бозтоб”

вазъи воқеии бозори мазкурро аз лиҳози ҷой доштани фаъолияти қонунию тақсимоти заминҳои ба вай вобаста, сабабҳои ба вуқӯъ пайвастани сӯхторҳои чандинкарата мавриди омӯзиш қарор дода, аз натиҷаи он маълумот пешниҳод намояд. 

6. Сардори Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Исмоилов Р. дар муддати як моҳ баробари андешидани тадбирҳои таъхирнопазири зиддисӯхтор дар тамоми бозорҳои шаҳри Душанбе, ҷиҳати роҳандозӣ намудани чораҳои мушаххас то ҳадди бастани бозорҳое, ки дар онҳо риояи қоидаҳои зиддисӯхтор ба таври бояду шояд ба роҳ монда нашудааст, иқдом намояд.

7.  Ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов Ш. Н. моҳият ва мӯҳтавои Протоколи ҷаласаи мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма инъикос намояд.

 

Протоколро омода намуд:

Роҳбари дастгоҳи                                                        Ф. Улмасов

Раиси шаҳри Душанбе                                               

 

   

 

                                                                

                                                   

 

 

                                                  Бо  Қарори  Раиси шаҳри Душанбе

№550-2 аз 12.09.2012

                                                     тасдиқ карда шудааст

 

 

П Р О Т О К О Л И

ҷаласаи кории назди Раиси шаҳри Душанбе М. Убайдуллоев  бо иштироки роҳбарони мақомоти прокуратура, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуѓурта», мақомотҳои шаҳрию ноҳиявии андоз, ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти давлатии оташнишонӣ, бозорҳои коммуналӣ ва хусусӣ, соҳибкорони бозори яклухтфурӯшии ҶДММ «Бозори Корвон»

 

аз 8 сентябри соли 2012                                                   ш. Душанбе

соати 10.30

 

Иштирок карданд:

Воҳидов Ҳ. С. – муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сабзов Ш. – муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Юсуфиён Ҷ. – муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Шарипов М. – сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сатторов А. М. - директори Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиксуѓурта”, Бозоров Ш.Ш.-муовини аввали раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии ассотсиатсияҳои соҳибкорон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарофов Ҳ. – раиси Суди шаҳри Душанбе, Қодиров С. Г. – прокурори шаҳри Душанбе, Нуралиев З. С. – сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шаҳри Душанбе, Бузмаков А. А. – сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Исмоилов Р. – сардори Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Улмасов Ф. У. – роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Сафаров З. А. – раиси ноҳияи Сино, Бобоев С. Қ. – раиси ноҳияи Шоҳмансур, Алиев С. А.- раиси ноҳияи Фирдавсӣ, Қурбонов А. Ҷ. – раиси ноҳияи И. Сомонӣ, Раҳматзода А. П. - директори Маркази рушди соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе, Машрабов Н. Х. – соҳибмулки ҶДММ “Бозори Корвон”, Мавлонова Ҳ. Ф. – директори иҷроияи ҶДММ «Бозори Корвон», Назаров Б. М. - сардори Раёсати андози шаҳри Душанбе ва 91 нафар (рӯйхат замима гардидааст) соҳибкорону тоҷирони бозори яклухтфурӯшии ҶДММ «Бозори Корвон».

 

Рӯзномаи ҷаласа:

Оид ба тадбирҳои таъхирнопазир вобаста ба ҳодисаи сӯхтори шоми 5 сентябри соли 2012 ба амаломада дар бозори яклухтфурӯшии ҶДММ «Бозори Корвон».

  

Раиси шаҳри Душанбе М. Убайдуллоев дар асоси мувофиқа бо истифода аз ваколатҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баҳри чораҷӯии фаврӣ оиди ҳаллу фасли мушкилоти бамиёномадаи сӯхтори шоми 5 сентябр дар бозори яклухтфурӯшии ҶДММ «Бозори Корвон», ба масъулин дастуру супоришҳои зеринро доданд:

1.Муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидов Ҳ. С. ҳамчун сардори Ситод ва роҳбари кори тафтишотӣ иллатҳои рух додани сӯхтори бозори яклухтфурӯшии ҶДММ “Бозори Корвон”-ро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назорати қатъӣ қарор диҳад.

2. Ташаббуси соҳибмулки ҶДММ «Бозори Корвон» Машрабов Н. Х. ҷиҳати то 5 сол аз пардохти иҷорапулии бозор озод намудани соҳибкорони зарардида ва то як сол дар ҷойҳои пештараи худ фаъолият намудану аз ҳисоби даромадҳои бозор ва имкониятҳои  молиявияш  барқарор намудани нуқтаҳои савдояшону ба онҳо додани қарзҳои бефоиз аз 500 то 1000 доллари ИМА ба инобат ва таҳти назорати Ситод қарор дода шавад.

3. Муовини    якуми   раиси    Бонки    миллии   Тоҷикистон    Ҷ. Юсуфиён зимни омӯзиши дақиқи қарзҳои гирифтаи соҳибкорони бозори яклухтфурӯшии ҶДММ «Бозори Корвон» дар асоси дарки вазъияти ба амаломада нисбати ду маротиба тамдид намудани мӯҳлати пардохти қарзҳои гирифтаи онҳо ва дар асоси мувофиқаю ҳамдигарфаҳмӣ аз ҷониби бонкҳои қарздиҳанда роҳандозӣ намудани дигар чораҳои дастгирии соҳибкорон тадбирҳои амалӣ андешанд.

4. Сардори Раёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ дар шаҳри Душанбе Исмоилов Р. баробари андешидани тадбирҳои таъхирнопазири зиддисӯхтор дар тамоми бозорҳои шаҳри Душанбе, ҷиҳати роҳандозӣ намудани чораҳои мушаххас то ҳадди бастани бозорҳое, ки дар онҳо риояи қоидаҳои зиддисӯхтор ба таври бояду шояд ба роҳ монда нашудааст, фавран чораҷӯӣ намояд. 

5. Директори Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиксуѓурта” Сатторов А. М. ҷиҳати пардохти ҷуброни зарари соҳибкорони  ҶДММ “Бозори Корвон” дар доираи талаботи қонунгузорӣ чораҳо андешад.

6. Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии ассотсиатсияҳои соҳибкорон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов З. Ш. ва директори Маркази рушди соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе Раҳматзода А. П. ба соҳибкорони зиёндида вохӯрӣ намуда, дар доираи салоҳиятҳои худ ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқии зарардидагон ва кӯмаку дастгирии онҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.

 7. Фавран ба соҳибкорони зарардида расонида шавад, ки ҷиҳати ҳаллу фасли проблемаҳои бамиёномада ба Ситоди таъсисдодашудаи назди ҶДММ «Бозори Корвон» таҳти роҳбарии муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидов Ҳ.С. муроҷиат намоянд.

 

Протоколро омода намуд:

Роҳбари дастгоҳи                                                           Ф. Улмасов

Раиси шаҳри Душанбе