Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 September 2012

 

Дар бораи баргузории семинар дар мавзӯи «Ҳукумати электронӣ, намудҳои пешниҳоди хизматрасониҳои мақомоти давлатӣ дар шакли электронӣ ва таҷрибаи давлатҳои пешрафта дар татбиқи Ҳукумати электронӣ» дар шаҳри Душанбе

 

Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1174 аз 5 ноябри соли 2003 «Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо инобати Қарори Раиси шаҳри Душанбе №78 аз 7-уми феврали соли 2011 «Дар  бораи  чораҳои Мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оиди ҷорӣ намудани усули замонавии идоракунӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ» баҳри тавсеа бахшидани фаъолияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва баланд бардоштани маълумот, донишу малакаи роҳбарон ва кормандони мақомоту сохторҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”,

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1. Cеминар дар мавзӯи «Ҳукумати электронӣ, намудҳои пешниҳоди хизматрасониҳои мақомоти давлатӣ дар шакли электронӣ ва таҷрибаи давлатҳои пешрафта дар татбиқи Ҳукумати электронӣ» дар шаҳри Душанбе 24 сентябри соли 2012, аз соати 1300 то 17 00 дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.

2. Нақшаи замимагардидаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оиди баргузор намудани семинари мазкур тасдиқ карда шавад.

3. Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва роҳбарони мақомоту сохторҳои шаҳрӣ вобаста ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳои зикргардида тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

4. Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи шӯъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсияи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Оев А.М. гузошта шавад.

 

 

М. УБАЙДУЛЛОЕВ