Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
24 September 2012

24 сентябри соли 2012 дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе мутобиқ ба иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 561 аз 18 сентябри соли 2012 «Дар бораи баргузории семинар дар мавзӯи «Ҳукумати электронӣ, намудҳои пешниҳоди хизматрасониҳои мақомоти давлатӣ дар шакли электронӣ ва таҷрибаи давлатҳои пешрафта дар татбиқи Ҳукумати электронӣ» дар шаҳри Душанбе» семинари мазкур барои кормандони дастгоҳҳои Раиси шаҳри Душанбе, ноҳияҳои пойтахт ва кулли роҳбарони сохторҳои шаҳриву ноҳиявӣ доир гардид.

Дар кори семинар инчунин муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт, раиси Шӯрои директорони ташкилоти микродепозитӣ- «Гурӯҳи Молиявии Вавилон»  Солиев Ш.А., роҳбари лоиҳаҳои Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет» - Ибодуллоев М.Н, даъватшудагони Конфронси дуюми байналмилалии «Бартариҳои технологияҳои мобилӣ дар рушди ҳукумати электронӣ дар кишварҳои Осиё», ки рӯзҳои 25-26 сентябри соли 2012  дар шаҳри Душанбе бо шарикии шаҳрдорӣ  баргузоршаванда – мутахассисон оид ба рушди ҳукумати электронӣ аз Федератсияи Россия - Михаил Коневский, Ҷумҳуриҳои Ҳиндустон - Рамешайяҳ Шрикант, Филлипин- Рейгал Эдита Рохас ва Гурҷистон Георгий Шубитидзе ва Михаил Ҷунашвилӣ ширакт варзидаанд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе  Оев А.М.- масъули соҳа  зикр сохт, ки бе шак, баргузории семинарии мазкур, ки баҳри татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2003 №1174 «Дар бораи Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» сурат мегирад, падидаи хубест дар фароҳам овардани табодули таҷриба, тавсеа бахшидани фаъолияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва баланд бардоштани маълумот, донишу малакаи роҳбарон ва кормандони мақомоту сохторҳои шаҳрӣ ва ноҳияҳои он, нисбати расидан ба ҳадафҳои бунёди ҳукуматӣ электронӣ дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе мебошад.

Итминон аст, ки таҷрибаҳои пешниҳодшаванда аз ҷониби экспертҳои байналмилалӣ ва маҳаллӣ раванди пайгириву амалишавандаро дар шаҳрамон такони тоза мебахшад. 

Аз ҷумла афзуд, ки ҷои таъкид аст, ки шаҳрдории Душанбе дар ин самт бо роҳандозии таҷрибаи истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар қабулу баррасии саривқтии пешниҳоду муроҷиатҳои шаҳрвандон,  назорат аз пешбурди фаъолияти сохторҳои хизматрасони коммуналӣ ба аҳолӣ, ба натиҷаҳои назаррасе комёб гардидааст ва минбаъд низ нисбати тавсеаи тадбирҳо чораҳоро идома хоҳад дод.

Бо  инкишофи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва табдилёбии онҳо ба дастгоҳу воситаҳои инфиродии ҳаёти шаҳрвандон ва муоширати байни онҳо, истифодаи  технологияҳои коммуникатсионӣ дар идоракунии давлатӣ пайваста нақши боризро доро мегардад.

Маҳз бо дарки ин моҳият Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе яке аз аввалинҳо шуда то ба имрӯз дар фаъолияти худ технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро васеъ истифода мебарад.

Бо ибтикори шаҳрдорӣ бори нахуст дар низоми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар кишвар бобати татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2003 №1174 «Дар бораи Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати робитаи бевосита бо шаҳрвандон ва таъмини имкониятҳо дар ифодаи ирода, мавқею саҳмгузории онҳо дар фаъоляти шаҳрдорӣ, гузашта аз ин, баҳри баровардагии эҳтиёҷот ва рафъи мушкилоташон ҳанӯз 19 ноябри соли 2004 Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе www.dushanbe.tj  ва аз 13 октябри соли 2005 почтаи электронии Раиси шаҳри Душанбе dushanbe80@yahoo.com дар шабакаи  Интернет фаъол карда шуд ва дар сомонаи шаҳрдорӣ Бахши иртибот бо Раиси шаҳри Душанбе (обратный связь) аз 13 октябри соли 2005 дар қисмати сомонагии «Раиси шаҳр» ҷой дода шудааст.

Ба ин васила дилхоҳ муштарӣ унвонии Раиси шаҳри Душанбе имконият дорад муроҷиат ё дархости худро ирсол намояд, ки пурсамар ва ҳадафманд будани онро сокинони пойтахт бо натиҷаи ҳалли воқеии муроҷиаташон эҳсос кардаанд.

Тавассути почтаи мазкур дар таносуби солҳо : 2005- 65, 2006- 477, 2007-155, 2008 -402, 2009- 499, 2010 – 1090, 2011 -975 ва ба ҳолати 24-уми сентябри соли 2012 – 849 муроҷиат ворид шудааст, ки дар маҷмӯъ 4512 ададро ташкил медиҳад ва ҳар кадоми онҳоро Раиси шаҳри Душанбе шахсан баррасӣ ва зери назорат қарор додааст.

Истифодаи усули корбарӣ аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсонӣ  дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе имкон фароҳам овард, ки фосила ё худ холигии робитаи байни мақомоти иҷроия ва шаҳрвандон аз байн бурда шавад ва раванди муҳайё сохтани имкониятҳо барои татбиқи потенсиали шаҳрвандон маҷрои мусбиро касб намуда, ба механизмҳои бюрократӣ дар гардиши муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ  сад гузошта шавад.

Имрӯз сокинони шаҳр ва дигар шахсони воқеию ҳуқуқии ватанӣ ва хориҷӣ аз ин имкониятҳо бештар истифода менамоянд ва натиҷаи онро дар рушди меъморию инфрасохтории шаҳр, ҳалли саривақтии мушкилоту муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки дар доираи салоҳияти шаҳрдорӣ мебошанд, баръало метавон  мушоҳида кард.

Нисбати Сомонаи интернетии шаҳрдорӣ «www.dushanbe.tj» бояд қайд намуд, ки дар он маълумоти зарурӣ, ҳамчун ҷавобгӯи талаботи «ҳукумати электронӣ» мушаххас ҷойгузин шуда, инъикоси фаъолияти мақомоти намояндагию иҷроияи шаҳри Душанбе дар бахшҳои алоҳида ба таври оммафаҳм система кунонида шудаанд:

1. Дар бахши Санадҳо Қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Қарору Амрҳои Раиси шаҳри Душанбе, ки бо таври электронӣ ҷойгир карда шудаанд, дастраси дилхоҳ сокини пойтахт, шаҳрванди ҷумҳурӣ ё хориҷиён мебошад. 

2. Хабару эълонҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар бахши «Хабарҳои» сомона ҷойгир карда шуда, манзури шаҳрвандон пешниҳод мегардад.

3.Сомонаи мазкур ҷиҳати ҷалб намудани довталабони ватаниву хориҷӣ ба тендеру озмунҳои эълоннамудаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе васеъ истифода бурда мешавад.

4. Қобили зикр аст, ки ҷиҳати таъмини баррасии ҷамъиятии Лоиҳаи тасҳеҳи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, муайян намудани дархосту пешниҳодҳои мутахассисону шаҳрвандон, дар бахши Нақшаи генералии шаҳри Душанбе Лоиҳаи тасҳеҳи Нақшаи генералӣ манзури шаҳрвандон гардидааст.

Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки имкониятҳои шабакаи Интернет ҷиҳати ҳалли масъалаҳои марбут ба шаҳрдорӣ васеъ истифода бурда мешаванд, аз ҷумла:

- ҷиҳати муайян намудани нархи аслии молу ашё ва маводе, ки тариқи тендерҳои шаҳрдорӣ харидорӣ мешаванд;

- шиносоӣ бо таҷрибаву пешравиҳои шаҳрҳои дунё дар соҳаҳои мухталиф;

- робита бо бародаршаҳрҳо ва ташкилотҳои байналмиллалӣ, ки шаҳри Душанбе аъзояшон мебошад;

- таҳлили ҳамарӯзаи хабару маълумотҳои сомонаҳои маҳалливу хориҷӣ, ки дахл ба шаҳри Душанбе доранд.

Бояд тазаккур дод, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе истифодабарии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар ҷабҳаҳои гуногун ба роҳ монда шуда, тамоюли васеъшавӣ ва рушди он назаррас мебошад, аз ҷумла:

- компютерикунонии тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр ва ба шабакаи Интернет пайваст намудани онҳо;

- бо истифода аз кортҳои пластикӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиёда аз 44 000 нафақагир, нафақаи худро мегиранд;

- дар шаҳри Душанбе дар умум 7873 камера насб карда шудааст, ки аз он ҷумла, дар 306 Муассиса, ки аз ҳисоби буҷаи шаҳрӣ маблағгузорӣ мешаванд, насби 1509 камера ба нақша гирифта, пурра иҷро шуд;

- мавриди истифода қарор доштани нақшаҳои электронии хатҳои муҳандисии зеризаминии шабакаҳои хизматрасонии коммуналӣ дар шаҳр (обтаъминкунӣ, барқтаъминкунӣ, газтаъминкунӣ, алоқа ва дигар);

-системакунонии электронии муштариён-истеъмолкунандагони хизматрасониҳои коммуналию алоқа (системаи «биллинг») баҳри танзими муносибатҳо ҷиҳати пешниҳоди хизматрасониҳо ва пардохти онҳо;

- ба инобати дониши истифодабарии компютер ба кор қабул намудани кормандон ба хизмати давлатӣ.

Ҳамзамон Қарори Раиси шаҳри Душанбе №78 аз 7 феврали соли 2012 «Дар  бораи  чораҳои Мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оиди ҷорӣ намудани усули замонавии идоракунӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ» ба тавсиб расид, ки он татбиқи маҷмӯи чораҳоро тавассути истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар шаҳр пешбинӣ намуда, баҳри таъмини ҳадафҳои зерин равона гардидааст:

- сари вақт бархурдор намудани сокинони шаҳри Душанбе оиди фаъолият ва чорабиниҳои оммавию сиёсӣ ва фарҳангию иҷтимоии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе;

- амалигардонии барномаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ;

- назарсанҷии афкори омма;

- таъмини ҳуқуқӣ, маълумот ва иттилоотонӣ оиди фаъолияти шаҳрдорӣ;

- ташкили тарзи нави ҳамкорӣ бо шахсони воқеиву ҳуқуқӣ дар асоси истифодаи фаъоли технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ барои баланд бардоштани самаранокии пешниҳоди хизматҳои давлатӣ ба шаҳрвандон.

Инчунин, тибқи Қарори мазкур роҳбарони мақомоту сохторҳои марбутаи шаҳрӣ ва раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе Сомонаҳои расмии худро таъсис додаанд.

Гузашта аз ин, лозим ба ёдоварист, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо Ташкилоти «Ташаббуси Шаҳрвандии Сиёсати Интернет», ки дар асоси истифодабарии технологияҳои информатсионӣ ва компютерӣ алоқаи байни сокинони шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанберо нисбат ба фаъолияти шабонарӯзии шаҳрдорӣ ва сохторҳои хизматрасонии коммуналӣ дар шаҳри Душанбе ҷоннок менамояд, ҳамкорӣ намуда, лоиҳаи инноватсионии “Мо метавонем!” – ро дар шабакаи интернет аз 1 феврали соли 2012 дар реҷаи мустақим (“On-Line”)  24 соат тавассути сомонаи www.mometavonem.tj ба истифода дод.

Лоиҳаи мазкур бо ибтикори бевоситаи роҳбарияти шаҳри Душанбе баҳри идомаи татбиқи муттасили Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 1174 аз 5 ноябри соли 2003 “Дар бораи Стратегияи давлатии “Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва  Қарори Раиси шаҳри Душанбе №78 аз 7 феврали соли 2011 “Дар бораи чораҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба ҷорӣ намудани усули замонавии идоракунӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣҷиҳати баланд бардоштани масъулияти роҳбарони субъектҳои хизматрасон дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ки бобати тақвияти кор бо муроҷиати шаҳрвандон дар асоси технологияи муосири иттилоотию коммуникатсионӣ тарҳрезӣ гардида, бақайдгирӣ ва назорати электронии бартарафсозии саривақтии садамаҳо дар шабакаҳои муҳандисӣ ва кулли дигар хизматрасониҳои коммуналию беҳдошти ҳолати санитарӣ, нақлиёт ва фарҳанги шаҳрнишинӣ дар реҷаи мустақим дастёбӣ ба риояи «Маромномаи сокини пойтахт», Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе ва рушди институтсионалии ҷомеаи шаҳрвандӣ нигаронида шудааст, дар пойтахт амалӣ карда шуд.

Агар дар гузашта сокинони шаҳр  барои ҳалли мушкилоташон оид ба дастрасӣ ба хизматрасониҳои коммуналӣ  тавассути телефонҳои боварии навбатдории шабонарӯзии доимоамалкунандаи шаҳрдорӣ ниёзҳояшон бароварда мешуд, феълан илова бар он тариқи сомонаи мазкур бо фиристодани паёмакҳо ба рақами телефонии 988933333, почтаи электронии admin@mometavonem.tj, ё воридшавии бевосита ба сомонаи www.mometavonem.tj  муроҷиатҳояшонро ирсол намуда, ҳолати иҷроиши онҳоро аз ҷониби субъектҳои хизматрасон назорат ва  дар харитаи электронии шаҳр дар сомона аз вазъи ҷойдоштаи хизматрсониҳо нисбати рафъи садамаҳо  мустақиман мушоҳида баранд.

Дар сомона аз рӯи категорияҳои зерин, ки боз ҳар кадоми онҳо  дар миқёси ноҳияҳо тақсим мешаванд, муроҷиатҳо қабул карда мешаванд:

Таъмини об

Қатъ гардидани интиқоли об

Садама дар қубурҳои обтаъминкунӣ

Садама дар қубурҳои корезӣ

Таъмини гармӣ

Қатъ гардидани интиқоли гармӣ

Садама дар қубурҳои гармитаъминкунӣ

Таъмини газ

Қатъ гардидани интиқоли гази табиӣ

Садама дар системаи газтаъминкунӣ

Таъмини барқ

Қатъ гардидани интиқоли барқ

Равшании кӯчаву хиёбонҳои шаҳр

Садама дар хатҳо ва трансформаторҳои барқӣ

Ҳолати санитарию тозагии шаҳр

Тозагии кӯчаву роҳравҳо

Ҳолати ҷӯйбору каналҳо

Ҳолати партовгоҳҳо

Ҳолати таҳхонаҳо

Ҳайвонҳои дайду

Ҳолати роҳҳо

Буридани дарахтҳо

Сифати кори нақлиёти мусофирбар

Дар давраи аз 1 феврал то 25 сентябри соли 2012 тариқи сомонаи мазкур 1661 муроҷиати сокинони пойтахт дар соҳаҳои гуногун ворид гардид, ки ҳама муроҷиатҳои воридгардида ба пуррагӣ ҳалли худро ёфтаанд.

Зикр сохт, ки шаҳрдорӣ фаъолияти худро дар самти иттилоотонии сокинон аз фаъолияти шаҳрдорӣ тақвият бахшида, барои таъмини шаҳрвандон ба иттилоот оид ба фаъолияташ ва таҳлили афкори сокинон сомонаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанберо дар сомонаҳои иҷтимоии Твиттер (@Dushanbe2012), Фейсбук (Dushanbe city) ва Мой мир (Шаҳрдории Душанбе) фаъол намуд.

Дар робита аз ин бардоштҳо, 23 августи соли 2012 дар Муассисаи давлатии «Маркази равобити пойтахт» тибқи эълони қаблӣ сӯҳбати ошкорои «Бе миёнаравҳо»-и Раиси  шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки беш аз 170 сокинони шаҳри Душанбе - фаъолони шабакаи иҷтимоии www.facebook.com, ки намояндагони касбу кори гуногун мебошанд, ҳамчун усули нави коргирӣ аз қабули шаҳрвандон баргузор гардид.

Иқдомоти мазкур бо дарназардошти саҳми созгори онҳо дар раванди созандагии шаҳр, интиқоди конструктивӣ ва пешниҳодоти муфиду мароқангез нисбати беҳбудбахшии фаъолияти сохторҳои шаҳрӣ сурат гирифт.

Зимни мулоқоти ошкоро, ки баҳри татбиқи Фармони зикргардидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардид,  масоили:

- Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва бартарафсозии биноҳои камошёна, намои меъмории минбаъдаи шаҳр;

-   Ҳолати роҳҳо ва фаъолияти нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ;

- Хоҷагии манзилию коммуналӣ ва лоиҳаи инноватсионии шаҳрӣ www.mometavonem.tj ;

- Дар бораи тадбирҳои ғанигардонии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи сипаришавандаи Рамазон  ва ғайраҳо  мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби Раиси шаҳр ба саволҳои иштирокдорон посухҳои қонеъкунанда дода шуд.

Мулоқоти мазкур 5 соату 30 дакиқа идома ёфта, пахши мустақими он  бори нахуст тавассути сомонаи www.mometavonem.tj барои онҳое, ки дар ин ҳамоиш иштирок карда натавонистанд, таъмин карда шуд.

Маврид ба ёдоварист, ки чунин таҷрибаи корбарӣ бо истифода аз потенсиали ҷомеаи шаҳрвандии пойтахт ҳанӯз аз соли 2003 бо таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳамкориҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар шаҳр бо ибтикори бевоситаи шаҳрдорӣ амалӣ гардида, иқдомоти мазкур баҳри пешбурди ҳаёти хоҷагидорию ободонии шаҳр самараҳои нек медиҳанд.

            Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо дарназардошти таҷрибаи муваффақонаи хизматрасонии сомонаи шаҳрии www.mometavonem.tj бо мақсади рушди унсурҳои “ҳукумати электронӣ”, густариши робита бо институтҳои шаҳрвандӣ баҳри баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишиниву маърифати шаҳрдорӣ, сатҳи иттилоотонии сокинон аз ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шаҳрвандӣ, фароҳам овардани шароитҳои иловагӣ дар татбиқи потенсиали созандаи онҳо бо роҳи қабули мустақими муроҷиату пешниҳод ва ташаббусҳои шаҳрвандон, ки ба амалисозии барномаҳои марбут ба соҳаи фарҳангу иҷтимоиёти шаҳрдорӣ нигаронида шудаанд, бо ибтикори бевоситаи Раиси шаҳр рӯзҳои наздик лоиҳаи нави интерактивии «Бе миёнаравҳо»-ро бо фаъолсозии сомонаи www.bemiyonaravho.tj, ки фарогири бахшҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ, варзиш, ҷавонон, оила ва кӯдак, шуғл, зидди коррупсия, Нақшаи генералӣ, инноватсия ва савдову хизматрасонӣ мебошад, амалӣ месозад. 

Ҳамзамон бояд зикр кард, ки аз 21 июли соли равон тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №360 Шӯрои машваратии назди Раиси шаҳри Душанбе оид ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар шаҳри Душанбе таъсис гардидааст, ки ташкили асосҳои ҳуқуқию инфрасохтории ҳукумати электронӣ дар фаъолияти шаҳрдорӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ин Шӯро мебошад.

 

Бо истифода аз имконоти семинари мазкур, ки барои баланд  бардоштани  сифати иҷроиши Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе дар робита ба ТИК ва Ҳукумати электронӣ нигаронида шудааст, зикр намуд, ки ҳанӯз ҳам масъалаҳое ҳастанд, ки ба таъмини иҷроиши ҳадафҳои Қарорҳои дахлдори  Раиси шаҳри Душанберо халал мерасонанд.

Дар семинари пажӯҳишӣ, инчунин зимни шунидани маърӯзаҳои иштирокчиён  ва мубоҳисаҳои сурат гирифта, таваҷҷӯҳи масъулин  бар он нигаронида шуд, ки баҳри расидан ба ҳадафҳои  азалии семинар, ки татбиқи муттасили Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2003 №1174 «Дар бораи Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Душанберо пайгирӣ менамояд чораҳои муассиртар андешида шаванд.