Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
26 September 2012

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №547 аз  6.09.2012

 

Дар бораи ҷамъбасти натиҷаи озмуни «Стипендияи Мақомоти

 иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  ба   

 варзишгарони умедбахши шаҳри Душанбе»

 

          Бо мақсади рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Душанбе, дар  амал татбиқ намудани банди 1.6 Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2011-2013, ки бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе  №565-1 аз 14 октябри соли 2010 тасдиқ гардидааст, иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №142-1 аз 1 марти соли 2011 «Дар бораи дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии варзишгарони беҳтарини шаҳри Душанбе» ва бо дарназардошти суратмаҷлиси Кумитаи тадорукот №2 аз 12 апрели соли 2012  мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»,  моддаи 8  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»  ва моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1.    Рӯйхати  ғолибони озмуни стипендияи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба варзишгарони умедбахши шаҳри Душанбе барои дастовардҳои соли 2011 тибқи хулосаи пешниҳодгардида аз ҷониби Кумитаи тадорукоти озмун (замимаҳои 1 ва 2) ва  ҳисобномаи  замимагардида (замимаи 3) тасдиқ карда шаванд.

2.     Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) бо    дарназардошти  ҷамъбасти натиҷаҳои  дар банди 1 Қарор омода аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе 211750  (дусаду ёздаҳ  ҳазору ҳафтсаду панҷоҳ) сомонӣ ҷудо  намояд.

3.    Муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Қаюмов А.) истифодаи мақсаднок ва пардохти саривақтии маблағҳои ҷудошударо мувофиқи тартиби муайянгардида таъмин намояд.

4.    Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

5.    Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои  ахбори омма таъмин намояд.

6.    Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.)  ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ. гузошта шавад. 

 

М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

Замима №1

ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе

№547 аз  6.09.2012

 

С У Р А Т М А Ҷ Л И С И

КУМИТАИ ТАДОРУКОТ  ОИД БА БАРРАСИИ ҚАРОРИ РАИСИ  ШАҲРИ ДУШАНБЕ 146-1 АЗ 01 МАРТИ СОЛИ 2011 «ДАР БОРАИ ДАСТГИРӣ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ВАРЗИШГАРОНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ»

 

12 апрели  соли 2012         ш. Душанбе           №2

 

Иштирок доштанд:  9  нафар аъзоёни комиссия

 

1.     Раҳимова С.Ҳ. – муовини Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Комиссия, 

2.     Қурбонов Д.М. – сардори  Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе,   муовини Раиси Комиссия,

3.     Камолов Р.Ш.   – мудири  Бахши варзиш ва сайёҳии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, котиби Комиссия, 

 Аъзо:

    

4.     Алиаҳмадова Н. –  Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои сиёсати ҷавонон, рушди варзиш ва сайёҳӣ, 

5.     Маҳмуди Абдулло – намояндаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҳамзамон ноиби  Раиси Федератсияи самбои Осиё ва аъзои Кумитаи иҷроияи федератсияи байналмилалии самбо, довари дараҷаи байналмилалӣ,

6.     Шамсиддинов М. – муҳаққиқи варзидаи соҳаи варзиши мамлакат, ёвари Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмуъмин Раҳимов

7.     Исоев Ш.-  собиқадори соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, устоди варзиши Иттиҳоди Шуравӣ, корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон 

8.     Наботов А. - собиқадори соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, устоди варзиши Иттиҳоди Шуравӣ, корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон 

9.     Усмон Х. - собиқадори соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, устоди варзиши Иттиҳоди Шуравӣ, корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон 

          

РӮЗНОМА:

 1.     Баррасии натиҷаи омӯзиши ҳуҷчатҳои довталабон (варзишгарон), ки барои иштирок дар озмунҳои соҳаи варзиш тибқи Қарори Раиси  шаҳри Душанбе № 142-1 аз 01 марти соли 2011 «Дар бораи дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии варзишгарони шаҳри Душанбе» пешниҳод гардидааст. 

Сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии  шаҳри Душанбе Қурбонов Д.М. ҷаласаро оғоз намуда, ҳайати комиссияро муаррифӣ ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 142-1 аз 01 марти соли 2011 «Дар бораи дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии варзишгарони шаҳри Душанбе» -  ро, ки ба аъзоёни комиссия дастрас гардонида шуда буд, барои баррасию муҳокимаи масъалаи матраҳгардида, даъват намуд.

Мавсуф қайд намуд, ки мутобиқ ба низомномаҳои замимагардидаи Қарори мазкур мебояд беҳтарин варзишгари шаҳри Душанбе, беҳтарин мураббии варзиши сол дар шаҳри Душанбе, беҳтарин мактаби варзиши сол дар шаҳри Душанбе, беҳтарин толори варзиши сол дар шаҳри Душанбе, беҳтарин соҳибкор -  ҳаводори варзиши сол дар шаҳри Душанбе ва гирандагони стипендияи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба варзишгарони умедбахши шаҳри Душанбе аз рӯи ҳуҷчатҳои пешниҳодгардида, хулосаи мушоҳидавию баҳодиҳии аъзоёни Комиссия ба ҳолат, фаъолият ва дастовардҳои муассисаҳои варзишӣ ва дастовардҳои варзишгарони довталаб ба стипендия бояд муайян ва интихоб гарданд.

Раиси Комиссия Раҳимова С.Ҳ. гуфтаҳои болоро тақвият бахшида, дастгириву таваҷҷӯҳ ва иқдомҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе дар мавриди рушди соҳаи тарбияи ҷисмониву варзиш дар пойтахтро нек  арзёбӣ намуд.   Бояд  бо  баррасии шаффофу одилона ба ҳадафу мароми роҳбарияти шаҳр, ки  пеш аз ҳама рушди соҳа ва баланд бардоштани ҳисси худшиносиву вантандӯстии насли ҷавон равона гардидааст, ноил гардем. Ҳамчунин, зикр намуданд, ки баргузории озмунҳо дар соҳаи тарбияи ҷисмонию варзиш дар соли 2012, ки бори аввал дар арафаи Рӯзи пойтахт дар қатори дигар соҳаҳо ҷамъбаст мегардад, беназир мебошад ва ба рушди соҳа такони ҷиддӣ мебахшад.    

Аъзоёни Комиссия, аз ҷумла Маҳмуди Абдулло- намояндаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҳамзамон ноиби  Раиси Федератсияи самбои Осиё ва аъзои Кумитаи иҷроияи федератсияи байналмиллалии самбо, Мирзосафар Шамсидинов - муҳаққиқи варзидаи соҳаи варзиши мамлакат, ёвари Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов низ дастгирии Раиси шаҳри Душанбе ва  Қарори  батавсибрасидаро намунаи беҳтарини  дастгирӣ дар  мамлакат ва миқёси кишварҳои минтақа арзёбӣ намуданд.

Котиби Комиссия Камолов Р.Ш. илова намуд, ки барои озмунҳо то имрӯз 121 нафар  ҳуҷҷат пешниҳод гардидааст.

Аъзоёни Комиссия ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо барои муайян намудани озмуни  «Беҳтарин варзишгари шаҳри Душанбе» мавриди муҳокима қарор доданд. М. Абдулло дар робита бо ин озмун таклиф пешниҳод намуд, ки азбаски Бозиҳои тобистонаи олимпии навбатӣ (Лондон- 2012) то моҳи  августи соли 2012 ҷамъбаст мегардад ва ғолибони ҷойҳои аввал, дуввум ва саввум ба таври ошкоро маълум мегарданд ва сарфарозии онҳо (ҷои аввал – хонаи истиқоматӣ ва шаҳрванди ифтихории шаҳри Душанбе, ҷои дуюм, маблағи 45000 сомонӣ, ҷои сеюм, 35000 сомонӣ) баъд аз анҷоми Бозиҳои олимпӣ сурат бояд гирад.

Ин таклиф боназардошти воқеияти баргузории Бозиҳои ХХХ олимпии тобистонаи Лондон -2012  пазируфта шуд.

Дар мавриди ҷамъбасти озмуни стипендияи Мақомоти иҷроияи маҳаллии   ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба варзишгарони умедбахши шаҳри Душанбе 120 ҳуҷҷатҳои довталабон баррасӣ ва  барои стипендияи дараҷаҳои 1, 2 ва 3 ҷудо карда шуданд.

      

          Стипендияи дараҷаи 1

Барои гирифтани Стипендияи мазкур мувофиқи меъёрҳои муқарраргардида 5 нафар ҳуҷчат пешниҳод намуданд, ки аз он 1 нафар Анвар Юнусов барои сазовор гаштан барои ишғоли  ҷойи 3 дар Чемпионати ҷаҳон ва ишғоли ҷойи 1 дар Чемпионати Осиё  аз рӯи намуди бокс ва бо  талаботҳои низомнома ҷавобгӯ будани ҳуҷчатҳояш аз Комиссия гузашта, ҳуҷчатҳои 4 нафар варзишгарон  бо сабаби  мутобиқат накардан ба Чепионатҳои Ҷаҳону Осиё аз Комиссия баргардонида шуд. Аз ҳисоби ҳуҷчатҳои беэътибор гардида, 3 нафари он роҳхатгирифтагони Бозиҳои олимпии Лондон- 2012, гурзпарто Дилшод Назаров, таеквондочиён Фарҳод Неъматов ва Алишер Гулов мебошанд.

Вобаста ба ин аъзоёни Комиссия Маҳмуди Абдулло, Мирзосафар Шамсиддинов ва собиқадорони соҳа  илова намуданд, ки азбаски Дилшод Назаров соҳиби роҳхати Бозиҳои Олимпӣ ва ҷоизадори Чемпионати ҷаҳон ва Осиё мебошад ва  нишондоди беҳтарини варзишӣ дорад, инчунин бо инобати он ки рейтинги варзишии мавсуф (масофаи 80,30 метр)  дар ҷаҳон мақоми сеюмро сазовор аст, хуб мебуд бо меъёри стипендияи дараҷаи аввал ва ҷойи 3 сазовор дониста шавад.

Аз ҷониби ҳайати Комиссия пешниҳод гардид, ки бо назардошти он ки Гулов Алишер ва Неъматов Фарҳод узви дастаи якачини Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ва нишондоди онҳо ба Чемпиони Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд ва  бо инобати он ки соҳиби роҳхати Бозиҳои олимпӣ гаштаанд, барои Стипендияи дараҷаи 3 ҷойи аввал пешниҳод карда шаванд.

Котиби Комиссия Камолов Р.Ш. дар мавриди муҳокимаи ҷойи дуюми Стипедияи дараҷаи 1 зикр намуд, ки вобаста ба талаботҳои низомнома ҳуҷатҳои пешниҳодшуда ҷавобгӯ набуда, дастовардҳои варзишгарони шаҳри Душанбе ба меъёрҳои муқараргардида рост намеоянд.

Стипедияи дараҷаи 2

Барои иштирок 34 ҳуҷҷат пешниҳод гардид, ки аз он 25 нафар гузаштанд  ва 9 нафар бо сабабҳои ба таснифоти варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 - 2012  мувофиқат накардан,  аз 5 сол кам будани қайди истиқомат дар шаҳри Душанбе, пешниҳод нагардидани Протоколҳои  мусобиқа ва  кам будани шумораи дастаҳои минтақавӣ дар суратҷаласаҳои мусобиқаҳо бозпас гардонида шуд.  

Барои ҷойи аввали стипендия 10 нафар ҳуҷчат супориданд, ки аз  он ҳуҷҷатҳои 8 нафар ба меъёрҳои муқараргардида мутобиқат карда, аз Комиссия гузаштанд ва ҳуҷҷатҳои 2 нафар баргардонида шуд.

Барои ҷои дуюм вобаста ба  ҳуҷчатҳои пешниҳодшуда аз 12 нафар 8 нафар сазовор дониста шуда, ҳуҷҷатҳои 4 нафар баргардонида шуд.

Барои мақоми сеюм  бошад 12 нафар ҳуҷҷат  пешниҳод карданд, ки  аз ин 9 нафар вобаста ба мувофиқаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида интихоб гардида, 3 нафар пас гардонида шуданд. 

Стипепендияи дараҷаи 3

Ба ин мақом 84 нафар довталабони варзишгар ва ғолибони Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намудҳои олимпӣ ҳуҷчат супориданд, ки аз ин миқдор бо назардошти омилҳои ба таснифоти варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 - 2012  мувофиқат накардан, аз 5 сол кам будани қайди истиқомат дар шаҳри Душанбе,  пешниҳод нагардидани Протоколҳои мусобиқа, кам будани шумораи дастаҳои минтақавӣ дар суратҷаласаҳои мусобиқаҳо ҳуҷҷатҳои 27 довталаб баргардонида шуда, ҳуҷҷатҳои 57 нафар сазовор дониста шуд.

Комиссия бо назардошти гуфтаҳои боло ба хулосаи ягона омада:

 

ҚАРОР КАРД:

1.     Ғолибони ҷойҳои аввал, дуввум ва саввум дар озмуни Беҳтарин варзишгари шаҳри Душанбе пас аз натиҷагирии Бозиҳои тобистонаи олимпии навбатӣ (Лондон- 2012) муайян ва дар алоҳидагӣ пешниҳод, карда  шаванд.

2.     Ба инобат гирифта шавад, ки 84 нафар варзишгарони шаҳри Душанбе барои гирифтани стипендияи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба варзишгарони умедбахши шаҳри Душанбе пешниҳод карда шаванд.

3.     Комиссия вазифадор карда шавад, ки лоиҳаи Қарори Раиси шаҳри Душанберо вобаста ба ҷамъбасти озмун «Дар бораи стипендияи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба варзишгарони умедбахши шаҳри Душанбе» -ро  таҳия намуда, барои тасдиқ ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намояд.

4.     Суратмаҷлиси натиҷаи муҳокимаи ҳуҷҷатҳои довталабон ба лоиҳаи Қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи стипендияи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба варзишгарони умедбахши шаҳри Душанбе» замима карда шавад. 

5.     Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи сардори Раёсти ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе Д.Қурбонов гузошта шавад.      

            

 

                  Раиси    комиссия:                                           Раҳимова С.Ҳ.

Аъзоёни комиссия:                                         Алиаҳмадова Н.

Қурбонов Д. М

Маҳмуди А.

Шамсиддинов М.

Исоев Ш.

Наботов А.

Усмон Х.

 

                   Котиби комиссия                                            Камолов Р.Ш.  

 

РУЙХАТИ

гирандагони стипендияи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе 

 

ҲИСОБНОМАИ

маблағҳо барои ҳавасмандгардонии ғолибон ва иштирокчиёни озмуни касбии соҳаи тарбияи ҷисмонию варзиш дар

шаҳри Душанбе