Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
26 September 2012

Бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 1350 аз 14 сентябри соли 2012 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои таваллуди 1985-1994 ба хизмати харбӣ», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 23 ва 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1.  Фармони Президенти Чумхурии Точикистон № 1350 аз 14 сентябри соли 2012 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои таваллуди 1985-1994 ба хизмати харбӣ» мавриди роҳбарӣ ва иҷрои ҳатмӣ қарор дода шавад.

2. Ба инобат гирифта шавад, ки тибқи Фармони мазкур моҳҳои октябр– ноябри соли 2012 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18-солагӣ расида, инчунин шаҳрвандони синну соли калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунхои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумхурии Тоҷикистон, қӯшунхои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатхои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Точикистон даъват карда мешаванд.

3. Комиссияи даъвати шаҳри Душанбе дар ҳайати  замимагардида таъсис дода шуда, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе низ чунин комиссияҳоро ташкил намоянд.

4. Комиссариатҳои ҳарбии ноҳиявии шаҳри Душанбе ва комиссияҳои даъвати ноҳиявӣ бо дарназардошти хусусиятҳои хоси хизмат, дар навбати аввал қушунхои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо даъватшавандагони дар ҳамкорӣ бо ҳамин Кумита ва мақомоти корҳои дохилӣ ба таври дақиқ интихобшуда, таъмин намоянд.

5. Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе комиссияҳои даъватро бо духтурони ботаҷриба ва дигар кормандони соҳаи тиб, ки малакаи амалии кор дар комиссияҳои даъватиро доранд мукаммал ва онҳоро бо воситаҳои лозимӣ ва ҳангоми зарурат, бо мошинҳои ёрии таъҷилӣ таъмин намояд.

6. Раисони ноҳияҳои шахри Душанбе:

- дар якҷоягӣ бо комиссариатхои харбии ноҳиявии шаҳри Душанбе ва мақомоти корҳои дохилӣ дар давраи гузаронидани даъвати шаҳрвандони солҳои таваллуди 1985-1994 ба хизмати ҳарбӣ, дар мавриди аз ҳудуди шахр баромада рафтани даъватшавандагон, назорати қатъиро таъмин намоянд;

- ба ихтиёри комиссариатҳои ҳарбӣ аз корхона, муассиса ва ташкилотҳо 10 (дах) нафарӣ кормандони техникиро сафарбар намоянд;

- доир ба ташкил ва баргузории «Рӯзи даъватшаванда», фаҳмондадиҳии эътибори хизмати ҳарбӣ ва муқаррароти конститутсионӣ дар бораи вазифаҳои муқаддаси шаҳрванд оид ба ҳифзи Ватан, чораҳо андешанд;

- ба таври тантанавӣ гусел намудани даъватшавандагонро ба қисмҳои харбӣ ташкил кунанд.

7. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо барои нуқтаи ҷамъшавии даъватшавандагон дар давраи даъвати шаҳрвандон ва гусели онҳо ба қисмҳои ҳарбӣ, мувофиқи дархостҳо нақлиёти автомобилиро ҷудо намоянд.

8. Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, шӯъбахои корҳои дохилии ноҳияҳои шаҳр:

- ба комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини ҳозиршавии даъватшавандагон ба қитъахои даъватӣ кӯмак расонанд;

- нисбати шахсоне, ки аз даъват ба хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд, корҳои лозимии пешгириро амалӣ намуда, ҷустуҷӯи онҳоро ба роҳ монанд;

- нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятиро дар ҷойҳои даъват ва гусели даъватшавандагон ба қисмҳои ҳарбӣ таъмин карда, бо ин мақсад ҷудо намудани гуруҳи лозимии кормандонро мутобиқи дархости комиссариатҳои ҳарбӣ пешбинӣ кунанд.

9. Комиссари ҳарбии шаҳри Душанбе дар бораи ҷараёни даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар шаҳр, то 5 декабри соли 2012 ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ахбороти ҷамъбастӣ пешниҳод намояд.

10.Шӯъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии                                               ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Телевизиони пойтахт» дар ҳамоҳангӣ бо шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи  Раиси шаҳри Душанбе омодагӣ ва рафти даъвати  шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ҳаматарафа инъикос намуда, хизмати ҳарбиро ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ташвиқу тарғиб  намоянд.

11. Аз прокурори шаҳри Душанбе хоҳиш карда шавад, ки назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи санадҳои меъёрии  ҳуқуқӣ  оид ба даъват ба хизмати ҳарбиро таъмин намояд.

12. Ба инобат гирифта шавад, ки пардохти ҷӯброни зарари корхонаву муассиса ва ташкилотҳои шаҳри Душанбе, бинобар ҷалби онҳо ба чорабиниҳои марбут ба даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ мутобиқи тартиби аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида сурат мегирад.

13. Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 122-1 аз 17 марти соли 2012 «Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1985-1994 ба хизмати ҳарбӣ» бекор карда шавад.

14. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ. гузошта шавад.

 

                                                                                 М. УБАЙДУЛЛОЕВ