«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
28 September 2012

Мақомоти иҷроияи маҳаллии

ҳокимияти давлатӣ  дар шаҳри Душанбе

 

Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №586 аз 26 сентябри соли 2012 «Дар бораи баргузории тендери такрорӣ» оид ба хариди 150 адад автобуси мусофиркаши хурдҳаҷм бо сӯзишвории дизелӣ ё муҳаррики бо сӯзишвории бензинӣ ва гази моеъ фаъолияткунанда, стандарти экологӣ на камтар аз Евро-3, мӯҳлати истифодаи кафолатӣ на камтар аз 2 сол ва мутобиқ ба иқлими Тоҷикистон барои корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии шаҳри Душанбе баҳри беҳбудбахшии хизматрасонӣ ба мусофирон дар хатсайрҳои шаҳрӣ ва фароҳам овардани шароити рақобати солим, Шуморо ба сифати «Иштирокчӣ» аз  01 то 10 октябри соли 2012

 

ба озмун даъват менамояд.

  Иштироки довталабон дар озмун бо дарназардошти пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва шартҳои зерин ба инобат гирифта мешавад:

-Оинномаи корхона;

-иҷозатнома (литсензия) барои амалисозии навъҳои фаъолият;

-кафолати бонкӣ барои шартҳои дархостӣ;

-гувоҳномаи нозироти андози макони қайд;

-маълумотнома оид ба ҳаҷми умумии қарордодҳо оид ба фурӯши нақлиётҳои мусофиркаши истифодаи умум дар 3 соли охир;

-пардохти ҳаққи иштирок дар тендер (50 доллари ИМА)(реквизитҳо).

Ҳангоми пешниҳоди нархи мувофиқ, роҳбарияти шаҳр ба молрасони ғолиб нисбати кушодани марказҳои савдою тиҷоратӣ, хизматрасонии кафолатӣ, таъсиси корхонаҳои васлу насб ва хонаи савдо кафолат медиҳад.

 Довталабон метавонанд маълумоти иловагиро тавасути почтаи электронии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе dushanbe80@yahoo.com ё рақамҳои телефонии  +992(372) 21-53-24;   21-28-65  дастрас намоянд.

Дархостҳо бояд дар лифофаи маҳкам, мӯҳрзада то соати 1700  «10»  октябри соли 2012 ба шӯъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва комуникатсияи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо суроғаи: индекс 734023, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 48 пешниҳод карда шаванд.

Озмун рӯзи «11» октябри соли 2012 соати 1000 дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 48 баргузор мегардад.