Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
3 October 2012

Дар  бораи  тасдиқи  санади комиссияи давлатии

қабули  иншооти  сохтмонаш  анҷомёфта

 

 Бинобар анҷом ёфтани сохтмони иншооти «Сохтмони майдони муосири варзишӣ дар кӯчаи Маяковский 25, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ» ва  Меъёрҳою Қоидаҳои сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон 12-01-2007 «Қабули иншоотҳои  сохтмонии  ба  истифода  омодашуда.  Муқаррароти асосӣ»

 

                                  ҚАРОР  МЕКУНАМ:

1.Санади замимагардидаи Комиссияи давлатии қабули иншооти сохтмонаш анҷомёфтаи «Сохтмони майдони муосири варзишӣ дар кӯчаи Маяковский 25, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе»,  бо арзиши фондҳои асосӣ ба маблағи 1 894 150 (як миллиону ҳаштсаду наваду чор ҳазору як саду панҷоҳ) сомонӣ тасдиқ карда шавад.

2.Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе (Анваров С.С.) мутобиқ ба талаботи  санадҳои  меъёрии ҳуқуқии  амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иншооти сохтмонаш анҷомёфтаи «Сохтмони майдони муосири варзишӣ дар кӯчаи Маяковский 25, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе»-ро бо  арзиши фондҳои асосӣ ба  маблағи 1 894 150 (як миллиону ҳаштсаду наваду чор ҳазору як саду панҷоҳ) сомонӣ муваққатан то таъсис ёфтани сохтори мустақили шаҳрии истифодабарандаи иншоотҳои муосири варзишӣ, ба  тавозуни Кооперативи моликони манзили №13 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе тибқи  санадҳои  дахлдор супорад.

    3.Раиси ноҳияи Сино Сафаров З.А. нигоҳдорӣ ва истифодабарии мақсадноки иншооти мазкурро аз рӯи таъинот таъмин намояд.

4.Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Корхонаи фаръии байниноҳиявии бақайдгирии техникии шаҳри Душанбе ба маълумотҳои оморӣ ва бақайдгирӣ тағйироти  дахлдор  ворид  намоянд.

5.Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

6.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи шӯъбаи иқтисод, молия  ва ояндабинии  дастгоҳи  Раиси  шаҳри Душанбе (Уроқов И.Х.) ва роҳбари дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе ӯлмасов Ф. У. гузошта шавад.

 М. УБАЙДУЛЛОЕВ