Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
5 October 2012

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №   607   аз    5.10.2012

Дар бораи муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокӣ дар канали дериватсионӣ, истгоҳҳои обтозакунии «Худҷореъ» ва «Фишорӣ»

 

         Бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикии шабакаҳои обтаъминкунии Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар доираи иҷрои Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №85-9 аз 19 апрели соли 2012 «Оид ба натиҷаи фаъолияти сохторҳои муҳандисии ҳаётан муҳими шаҳри Душанбе дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012 ва вазифаҳои таъхирнопазири Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, сохторҳои марбутаю аҳли ҷамоатчигии шаҳр доир ба омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2012-2013», бо дарназардошти муроҷиати Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» №1/4748-30161 аз 3 сентябри соли 2012, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 1.    Нақшаи чорабиниҳои замимагардидаи Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» барои муваққатан қать намудани интиқоли оби нӯшокӣ дар канали дериватсионӣ, истгоҳҳои обтозакунии «Худҷореъ» ва «Фишорӣ» тасдиқ карда шавад.

2.    Муқаррар карда шавад, ки дар ҷараёни иҷрои корҳои ба нақшагирифташуда интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди:

- ноҳияи И.Сомонӣ: маҳаллаҳои Чашмасор, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Телман, Анзоб, Гулистон, У.Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои Пролетар, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, Қаҳҳоров, Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи Бухоро), М.Турсунзода, Шероз, Шотемур, Ф.Ниёзӣ, И.Сомонӣ, А.Командир, М. Холов,  Л.Шералӣ, Ғ.Абдулло, Л.Толстой, Парвин, Пушкин, Теҳрон, биноҳои баландошёнаи хиёбони Рӯдакӣ аз 164 то 186;

- ноҳияи Шоҳмансур: маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрѓон, Хоруѓ, Помир ва Баҳорӣ, кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Мичурин, А.Раҷабовҳо ва Айнӣ аз хонаи 1 то 77;

- ноҳияи Сино: маҳаллаҳои Меҳробод, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло, Навободи поён, Буни Ҳисорак, Қазоқон, Қарамишкор ва Муҳандис, шаҳракҳои 82,91,92,101,102,112, Испечак 1,2 ва Зарафшон 1,2, Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков, Боѓи ҳайвоноти шаҳрӣ, Варзишгоҳи марказӣ;

- ноҳияи Фирдавсӣ: маҳаллаи Дарвоз, шаҳракҳои 41,42,43,44,45,46, кӯчаи Қаҳҳоров ва Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе

аз соати 23:00 рӯзи 10 октябри соли 2012 то соати 23:00 рӯзи 11 октябри соли 2012 қатъ карда мешавад.

3.    Аз сокинони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш карда мешавад, ки миқдори зарурии оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд.

4.    Раисони ноҳияҳои Фирдавсӣ – Алиев С.А., И. Сомонӣ - Қурбонов А.Ҷ., Шоҳмансур – Бобоев С.Қ., Сино – Сафаров З.А. ва Корхонаи  воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» (Исупов Ф.А.) бо истифода аз мошинҳои обкашӣ сокинони минтақаҳои номбурдаро дар ҳолатҳои зарурӣ бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.  

5.    Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе (Авгонов З.Т.) ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботи санитарӣ таҳти назорат қарор диҳад.

6.    Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

7.    Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи шӯъбаи коммуналию муҳандисии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Иброҳимов Р.М.) ва муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. гузошта шавад.

   М. Убайдуллоев