Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
1 November 2012

        Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои ишғоли вазифаҳои холӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Нархгузории амволи шаҳри Душанбе» аз  30 октябр то 30 ноябри соли 2012  озмун эълон менамояд.

 

 

Вазифа

Миқдори воҳиди корӣ

Фонди музди моҳона

(бо сомонӣ)

 

1.    

директор

1

1500

2.    

муовини директор

1

1300

3.    

мутахассиси баҳогузор

1

1000

4.    

мутахассиси баҳогузор

1

1000

5.    

сармуҳосиб

1

1000

 

 

      Довталабон барои ишғоли вазифаҳои холӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Нархгузории амволи шаҳри Душанбе» бояд ҳуҷҷатҳои зеринро:

                                                                                                                                                                     

 

- аризаи шахсӣ ба унвони Раиси шаҳри Душанбе;

 

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи     

  4X6 );

 

- тарҷумаи ҳол;

 

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

 

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ ;

 

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  086 УЕ;

 

- нусхаи шиноснома;

 

ба шўъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд.

         Довталаб бояд ҳатман маълумоти олии касбии таҳсили рўзона ва таҷрибаи корӣ дошта бошад. Ба довталабоне, ки дар соҳаи фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) таҷрибаи корӣ дошта, дар хориҷи кишвар таҳсил намудаанд, афзалият дода мешавад.

Мўҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то  30  ноябри соли 2012.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ довталабон метавонанд ба шўъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо телефонҳои 221-62-56, 221-35-68    муроҷиат  намоянд.

 

Қарори раиси шаҲри Душанбе № 664 аз  30 октябри  соли 2012

 

Дар бораи эълон намудани озмун барои ишғоли

вазифаҳои холӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии

«Нархгузории амволи шаҳри Душанбе»

 

         Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

          

                                    ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

         1.Барои ишғоли вазифаҳои холӣ (тибқи замима) дар Корхонаи воҳиди давлатии «Нархгузории амволи шаҳри Душанбе» аз 30 октябр то  30 ноябри соли 2012 озмун  эълон ва натиҷаи он на дертар  аз  5 декабри  соли 2012 ҷамъбаст  карда шавад.

        2.Шўъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма  таъмин  намояд.

        3.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи  роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе   Улмасов Ф.У. гузошта шавад.

 

    М.УБАЙДУЛЛОЕВ