Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
12 November 2012

12 ноябри соли 2012 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба баррасии масоили мубрами хоҷагидории шаҳр бо иштироки роҳбарони комиссияҳои доимоамалкунандаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва  сохторҳои марбутаи шаҳрию институтҳои шаҳрвандӣ- гурӯҳи кории фаъолони  сомонаи иҷтимоии Фейсбук аз шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар ҷаласа қабл аз ҳама дар иртибот ба фаъолияти Комиссияи доимии марбутаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба номгузории кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, ки муваззаф гардидааст то ҷашни 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе ба номи шахсиятҳои арзанда иваз намудани номҳои кӯчаву хиёбонҳои мавҷударо дар ҳамкорӣ бо комиссияи дахлдори шаҳрдорӣ тибқи тартиби ҷойдошта бояд ба субот расонад, гузориши раиси Комиссия Абдулҳамид Самадов шунида шуд.

Бо хулоса аз гузориши манзуршуда Маҳмадсаид Убайдуллоев  дастур дод, ки фаъолияти Комиссия тақвият дода шуда, моҳе як маротиба ҳисоботи Комиссия шунида шавад ва дар ин самт сокинони шаҳр дар радифи раисони ноҳияҳо нисбати таѓйири номи кӯчаву хиёбонҳои ба  иваз намудан воқеан ниёздошта таклифҳояшонро унвонии комиссия пешниҳод намоянд.

Ҳамзамон дар ҷаласа масъалаи рафти корҳои сохтмонӣ, риояи талаботи қонунгузорӣ  аз ҷониби шаҳрвандон зимни тибқи Қарорҳои марбутаи Раиси шаҳр азхудкунии замин оид ба сохтмони манзилҳои индивидуалӣ дар маҳаллаи «Ховарон» мавриди таҳлилу баррасӣ карор гирифта, аз прокуратураи шаҳр хоҳиш ба амал оварда шуд, ки раванди мазкурро зери назорату санҷиши доимӣ гирад.

Бо дахли масоили хизматрасониҳо ба сокинон, аз ҷумла кори нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, барориши саривақтии партовҳои маишӣ, дар ҳолати хуби санитариву экологӣ нигоҳ доштани ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо, кӯчаву хиёбонҳо, гулгашту боѓҳои фарҳангу фароѓатӣ ва истифодаи мақсадноки моликияти коммуналӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷӯҳи масъулинро ба ҳолати омодагии ҳамаҷониба ба мавсими зимистонгузаронӣ нигаронида, дастур фармуд, ки комиссияҳои ҷамъиятӣ фаъолияти санҷишиашонро пурзӯр намоянд.

Инчунин Раиси шаҳр ба масъалаи таъминоти хӯрокаву доруворӣ ба муассисаҳои соҳаи маориф ва тандурустии аз буҷети шаҳр маблаѓгузоришаванда диққати махсус зоҳир намуда, муқаррар сохт, ки ҳолати воқеии иҷрои ин амал аз ҷониби роҳбарони муассисаҳо мавриди санҷиши мақомоти дахлдор қарор бигирад.

Дар иртибот ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зимни таҳияву насби шиору овезаҳои таблиѓотӣ дар шаҳр аз ҷониби кулли шахсони воқеиву ҳуқуқӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Санавбар  Раҳимоваро вазифадор намуд, ки дар ҳамкорӣ бо муовинони соҳавии раисони ноҳияҳо ва комиссияҳои марбутаи шаҳриву ноҳиявӣ то 1 январи соли 2013 нуқсонҳои мавҷударо комилан бартараф карда, нисбати роҳ надодан ба камбудиҳои минбаъда чораҳои мушаххас андешад.

Дар ҷаласа ҳамзамон ҳолати иҷроиши нақшаи чорабиниҳои Қарори Раиси шаҳри Душанбе   589-1   аз   26 сентябри  соли  2012 «Дар бораи тақвияти чораҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар самти пешбурди назорати ҷамъиятии фаъолияти субъектҳои хизматрасон ба аҳолӣ, корҳои ободонӣ ва густариши робита бо институтҳои шаҳрвандӣ дар шаҳри Душанбе» зимни гузориши гурӯҳи кории фаъолони  сомонаи иҷтимоии Фейсбук аз шаҳри Душанбе, ки назорати иҷрои онҳо аз ҷониби сохторҳои шаҳриву ноҳиявӣ ба  зиммаашон гузошта шудааст, шунида шуд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев нисбати фаъолияти анҷомдодаи гурӯҳи кории фаъолони  сомонаи иҷтимоии Фейсбук аз шаҳри Душанбе изҳори сипос намуда, зикр сохт, ки минбаъд низ дар ин самт тадбирҳоро пурзӯр намояд.

Дар фарҷоми ҷаласа Раиси шаҳр ба масъулини шаҳрдорӣ дастур фармуд, ки нисбати роҳандозии системаи мукаммали назорати ҷамъиятӣ дар тамоми сохторҳои шаҳрӣ баҳри ҳадафрас амалисозии барномаҳои шаҳрӣ, ки барои фароҳам овардани шароитҳои арзанда ба сокинони шаҳр нигаронида шудаанд, чораҳои муассир андешанд.