Ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи ба номи ӯ ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
13 November 2012

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №684 аз 9.11.2012

 

Дар бораи чораҳо оид ба таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар кӯчаи Соҳилӣ (аз хиёбони С.Шерозӣ то буриши кӯчаи Ҷомӣ)

 

Бо мақсади гузаронидани корҳои сохтмону азнавсозии роҳи автомобилгард ва таъмини бехатарии ҳаракат дар кӯчаи Соҳилӣ (аз хиёбони С.Шерозӣ то буриши кӯчаи Ҷомӣ), мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 14 ва 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» ва моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1.   Дар роҳи автомобилгарди кӯчаи Соҳилӣ (аз хиёбони С.Шерозӣ то буриши кӯчаи Ҷомӣ) марҳила ба марҳила, аз ҷумла:

- аз хиёбони С.Шерозӣ то буриши кӯчаи Абай аз 10 ноябри соли 2012  то 30 апрели  соли 2013;

- аз буриши кӯчаи Абай то буриши кӯчаи Ҷомӣ аз 1 май то          30 сентябри соли 2013  ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ карда шавад.

2.   Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Бузмаков А.А.) ҷиҳати таъмини ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои ҳамшафат, бо дарназардошти гузоштани аломатҳои роҳ ва таъмини ҳаракати шаҳрвандон, чораҷӯӣ намояд.

3.   Аз роҳбарони корхона, идора, муассиса, ташкилот ва субъектҳои хоҷагидорие, ки дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе фаъолият менамоянд, хоҳиш карда шавад, ки бобати ҳалли  мушкилоти хатҳои муҳандисии иншооти мазкур ба фармоишгар - Муассисаи давлатии  «Раёсати  сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории  роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҳамаҷониба мусоидат намоянд.

4.   Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори музкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

5.    Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Оев А.М. гузошта шавад.

 

М.УБАЙДУЛЛОЕВ