Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
26 November 2012

26 ноябри соли 2012 дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи назоратии шаҳрдорӣ доир гардид.

Дар ҷаласа масоили мубрами хоҷагидории шаҳр ва маҷмӯи хизматрасониҳо ба сокинон дар иртибот ба оғоз гардидани мавсими сармо ва ҳолати иҷроиши санадҳои марбутаи шаҳрдорӣ дар тақвияти фаъолияти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии  шаҳр  бо дарназардошти гузориши масъулин мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷӯҳи муовинони Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳо ва роҳбарони дигар субъектҳои хизматрасонро дар иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ нигаронида, дастур фармуд, ки роҷеъ ба пешниҳоди хизматрасониҳо, қабл аз ҳама таъминоти бонизоми нерӯи барқ  ба аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ, рафъи саривақтии садамаҳо дар зеристгоҳҳои барқтаъминкунанда, сарфакорона истифодабирию пардохти мунтазами маблағи он  аз ҷониби муштариён, риояи реҷаи барориши партовҳои сахти маишӣ аз ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо аз тарафи сохторҳои ноҳиявӣ, мусофиркашонию таъминоти нақлиёти ҷамъиятӣ дар хатсайрҳо ва ғановати бозори истеъмолӣ чораҳои бемайлону муассир андешанд.

Ҳамзамон бо инобати ба охир расидани соли буҷетӣ Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе ва дигар субъектҳои марбутаро муваззаф сохт, ки баргардонидани қарзҳои буҷетиро дар мӯҳлатҳои муқарраргардида таъмин созанд.

Дар иртибот ба таҷлили сазовори Соли нав ва ороиши мавзӯии шаҳр  Маҳмадсаид Убайдуллоев масъулини соҳаро вазифадор намуд, ки барномаҳои мукаммали шаҳрдориро барои тасдиқ ва татбиқи минбаъда таҳияву пешниҳод намоянд.