Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 December 2012

20  декабри  соли 2012  иҷлосияи дувоздаҳуми   Маҷлиси   вакилони   халқи  шаҳри Душанбе даъвати  чорум   дар  толори   Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид. 

Дар кори иҷлосия дар радифи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, роҳбарони субъектҳои соҳибкорӣ, Кумитаҳои шаҳрии ҳизбҳои сиёсӣ, сохторҳои давлатию ҷамъиятии кор бо ҷавонон, занон ва оилаи  сатҳи шаҳриву ноҳиявӣ ва намояндагони васеи воситаҳои ахбори оммаи чопию электронии ватанию хориҷӣ ширкат варзиданд.

Вакилон  бо интихоби котибот, ҳайати таҳририя ва тасдиқи рӯзнома ба баррасии масъалаҳои шомилгардида: 

- ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе М.Убайдуллоев «Оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2012, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2013 ва иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2011».

- дар бораи  тасдиқ намудани  Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе, шурӯъ намуданд.

Дар иҷлосия  бо дарназардошти таъмини шаффофият ва дастрасии озоди аҳли ҷамоатчигии шаҳр, дар рӯзномаи «Паёми Душанбе» ва сомонаи шаҳрдорӣ www.dushanbe.tj  18 декабри соли 2011 комилан интишор шудани матни ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе М.Убайдуллоев «Оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2012 нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2013 ва иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2011» вакилон ба баррасии васеи он шурӯъ намуда, зимни музокирарониҳои раисони Комиссияҳои марбутаи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе: А. Рауфӣ, А. Абдурасулов, С.Сафиаллоев ва вакилон М. Исҳоқов, Ҷ. Саидов, инчунин раисони Кумитаҳои шаҳрии ҳизбҳои сиёсӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори дар иҷлосия ширкатдошта, ҳисоботи Раиси шаҳри Душанберо, ки фарогири самтҳои салоҳияти шаҳрдорӣ ва ташкили бонизоми системаи хоҷагидории шаҳрро дар бар гирифта, дар 11 моҳи соли 2012 рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар асоси барномавӣ бемайлон таъмин гардидааст, қобили қабул арзёбӣ карданд.

Дар иҷлосия вакилон нисбати ҳамаи масъалаҳои матраҳгардида бо инобати таклифу пешниҳодоти фаъолони шаҳр қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Маҳмадсаид  Убайдуллоев дар иҷлосия доир ба тавсеаву тақвияти фаъолият дар бахшҳои фарогири хоҷагидории шаҳр дар соли 2013, аз ҷумла, афзуд, ки сохтмони  манзил, мактаб, толорҳо ва майдончаҳои варзишию фароғатӣ, қасри теннис барои 3000 ва қасри намудҳои варзишии обӣ барои 2000 ҷойи нишаст дар сатҳи меъёрҳои олимпию байналмилалӣ бо дарназардошти таваққуфгоҳи зеризаминӣ, иншооти соҳаи хизматрасонӣ ба аҳолӣ, аз қабили марказҳои савдо ва «минимаркет»-ҳо, бозори замонавӣ, дар соҳаи иҷтимоӣ беморхонаи бисёрсоҳавӣ барои 650 кат, дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як бахш ва осоишгоҳ барои 200 нафар дар назар дошта шудааст.

Дар доираи татбиқи “Солҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳо ва пиёдагардҳои ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо”, ки солҳои 2012-2014-ро Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе эълон намудааст, дар соли оянда низ 30 фоизи қисми иҷроиши барзиёди воридоти маблағҳо ба буҷети шаҳрӣ ва 100 фоизи қисми иҷроиши барзиёди воридоти маблағҳо ба буҷети ноҳияҳои шаҳр ба ин мақсад сафарбар намуданашон идома дода мешавад. Танҳо аз ҳисоби маблағҳои нақшавии буҷети шаҳрӣ дар соли оянда 25,81 км роҳ, ки 22 кӯчаи шаҳрро дар бар мегиранд, бо масоҳати 551527 м2 сохтмон ва таъмиру азнавсозӣ карда мешаванд.

Маъракаи эҳёи инфрасохтории ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети ноҳиявӣ ва ҷалби зарфиятҳои молиявии  сокинон ва роҳбарони ширкатҳои соҳибмулкони манзил, Шӯрои хонаҳо ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятию соҳибкорон ва роҳбарони субъекти хоҷагидории дар ин ҳудудҳо ҷойгирбуда, идома дода хоҳад шуд.

Бо мақсади мусоидат ба ҳаракати бемайлони  нақлиёти ҷамъиятӣ, пешгирӣ аз танбашавӣ ва ба танзим даровардани фаъолияти воситаҳои нақлиёти хусусии дар роҳҳои сайри нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ ба хизматрасонии таксӣ тибқи талаботҳои қонунгузорӣ машғулиятдошта, бо истифода аз таҷрибаи  шаҳри Алма-атои Ҷумҳурии Қазоқистон ва дигар шаҳрҳои мамолики мутараққӣ, ки ин тадбир нек амалӣ мешавад, роҳандозии пулакии истифодаи муваққатии таваққуфгоҳҳои сарироҳӣ (паркинг)-ро  мувофиқ ба муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда дар шаҳрамон ҷорӣ карда хоҳад шуд. Илова ба тадбирҳои андешидашуда оид ба пурзӯр намудани назорати ҷамъиятии фаъолияти нақлиёти мусофиркашони шаҳр қарор гардид, ки назорати ҷамъиятӣ аз рӯи корхонаҳои коммуналии мусофирбар ба зиммаи раиси Кумитаи шаҳри Душанбегии ҲСДТ – Ш. Ҳакимов гузошта шавад.

Бар замми он, барои тақвияти чораҳо ҷиҳати ба низом даровардани фаъолияти хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ лоиҳаи ҷадиди инноватсионӣ оид ба назорати электронии ҳаракат ва хизматрасонии воситаҳои нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе мавриди амал қарор дода хоҳад шуд.

Таъкид намуд, ки  ҳарчанд мушкилоти дастрасии сокинон бо оби тозаи ошомиданӣ дар шаҳр ҳалли худро пайдо карда бошад ҳам, аммо аз даврони Шӯравӣ то имрӯз 35392  муштарӣ аз ҳисоби аҳолӣ (19,5%) аз ҷониби КВД “Обу корези Душанбе” тариқи реҷавӣ бо об таъмин карда мешаванд, ки низоми мавҷуда шаҳрдориро дар роҳи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон қонеъ ва бетараф гузошта наметавонад. Бо дарназардошти ин дар соли 2013  КВД “Обу корези Душанбе” вазифадор карда мешавад, ки барномаи марҳилавии рафъи интиқоли реҷавии оби ошомиданӣ дар биноҳои баландошёнаи шаҳрро дар доираи таҷдиди меъёрҳои техникии иншооти обрасонии корхона то 1 апрели соли 2014 амалӣ намояд. 

Дар иртибот ба масъалаи таъмини дурнамои  хизматрасонии таъинотии КВД “Обу корези Душанбе”-ро зарур мебошад, ки вобаста ба бунёди иншоот дар доираи татбиқи Нақшаи генералии шаҳр, инчунин ҳифзу дар ҳолати хуби хизматрасонӣ нигоҳ доштани қубурҳои обгузару корезӣ ва таъмини иқтидорҳои хизматрасонии он  барномаи нави ташхиси инфрасохторҳои КВД “Обу корези Душанбе” мавриди тарҳрезӣ ва иҷроиш қарор диҳад ва зимни бунёди шаҳракҳои нав ба кашидани хатҳои коммуникатсионӣ тавассути коллектор афзалият доданро ба инобат гирад.

Ба хотири бо гармӣ таъмин намудани соҳаҳои иҷтимоии шаҳр, бо истифода аз қувваи барқ, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба ШСХК «Барқи Тоҷик» 16,7 млн. сомониро аз ҳисоби ҳаққи нерӯи барқи аз ҷониби муассисаҳои аз ҳисоби буҷети шаҳр маблағгузоришаванда баҳри  бо истифода аз ангишти ватанӣ ба кор андохтани дегхонаҳои “Ғарбӣ” пешпардохт кардааст.

 Соли оянда тибқи дастури Сарвари давлат бо дархости роҳбарияти шаҳр дар дегхонаи «Ғарбӣ»-и ҶСК «Маркази барқу гармидиҳии шаҳри  Душанбе»-и  ШСХК «Барқи Тоҷик» ду адад деги обгармкунӣ бо истифодаи сӯзишвории сунъии композитсионии моеъ (бо истифодаи ангишт) корҳои сохтмонию васлгарӣ бо сармоягузории 50 фоизӣ аз ҷониби ШСХК «Барқи Тоҷик» ва шаҳрдорӣ ба роҳ монда мешавад.

         Бо дарназардошти таҷрибаи муваффақонаи хизматрасонии сомонаи шаҳрии www.mometavonem.tj бо мақсади тақвияти чораҳои амалисозии мутассили сиёсати бунёди ҳукумати электронӣ ва густариши робита бо институтҳои шаҳрвандӣ баҳри баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишиниву маърифати шаҳрдорӣ, сатҳи иттилоотонии сокинон аз ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шаҳрвандӣ, фароҳам овардани шароитҳои иловагӣ дар татбиқи потенсиали созандаи онҳо бо роҳи қабули мустақими муроҷиату пешниҳод ва ташаббусҳои созандаи шаҳрвандон, ки ба роҳандозии барномаҳои марбут ба соҳаи фарҳангу иҷтимоиёти шаҳрдорӣ нигаронида шудаанд, лоиҳаи нави интерактивии «Бе миёнаравҳо» ва сомонаи www.bemiyonaravho.tj, ки фарогири бахшҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ, варзиш, ҷавонон, оила ва кӯдак, шуғл, Нақшаи генералӣ, инноватсия,  савдову хизматрасонӣ ва  зидди коррупсия мебошад, фаъол карда мешавад.

Дар ин замина таъсис намудани  Шӯро дар назди Раиси шаҳри Душанбе оид ба баррасии масъалаҳои афзалиятноки  рушди шаҳр, ки ба ҳайати он намояндагони ҳамаи бахшҳо шомил бошанд, пешниҳод мегардад ва вазифаи он тарҳрезии барнома ва стратегияҳои экспертӣ барои амалӣ сохтани нақшаҳои созандагӣ мебошад, ки дар ин  ҷода мо беш аз ҳарвақта тамоми нерӯи созандаи сохторҳои давлатӣ ва институтҳои шаҳрвандии ҷомеаамонро ба манфиати шаҳрамон равона месозем.

Соли 2013 дар радифи амалисозии нақшаҳои пешбинигардида, соли омодагии ҳамаҷониба ба ифтихори 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе  эълон карда мешавад. Барои дар сатҳи густарда роҳандозии омодагиҳо қарор гардид, ки барои ташкилу назорати корҳои тайёрӣ дар таносуби ноҳияҳои шаҳр Кумитаи шаҳрии ҳизбҳои сиёсӣ ва соҳибкорон ба тариқи зайл:  ноҳияи Сино - ҲХДТ ва соҳибкор Наврӯз Комилов, И.Сомонӣ - ҲКТ ва соҳибкор Ҳасан Асадуллозода,  Шоҳмансур – ҲНИТ ва соҳибкор Зайд Саидов ва ноҳияи Фирдавсӣ- ҲСТ ва соҳибкор  Қурбон Неъматов вобаста карда шаванд.

Дар фарҷоми иҷлосия Маҳмадсаид Убайдуллоев бобати ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва созандаи аҳли ҷамоатчигӣ дар татбиқи барномаҳои шаҳрдорӣ дар соли сипаришаванда, инчунин нисбати корҳои омодагиву зимистонгузаронии воқеӣ ба тамоми сохторҳои дахлдор ва пеш аз ҳама ба ҳар як занҳои кӯчарӯби раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияи шаҳр миннатдории самимии худро иброз намуда, дар амалӣ гаштани иқдомоти нек ва иҷрои барномаҳои бунёдкорона ба ҳамаи вакилон ва дар шахси онҳо ба ҳама сокинони шаҳр муваффақиятҳо хоста, дастовардҳои навину некрӯзиҳои ҳамешагиро дар Соли Нав таманно  намуд.