Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
8 February 2013

Бо мақсади таҳкими робитаи ногусастанӣ бо сокинони шаҳру институтҳои шаҳрвандӣ, густариш бахшидан ба раванди бунёдкорию ободонӣ бо иштироки аҳли ҷомеа, субъектҳои соҳибкорию хизматрасонӣ, корхонаю муассиса ва идораҳои дар қаламрави шаҳр фаъолияткунанда ва татбиқи банди 29 Қарори Маҷлиси вакилони халқи  шаҳри Душанбе №123-20 аз 20 декабри соли 2012 оиди амалисозии нақшаҳои тарҳрезишудаи соли омодагиҳои ҳамаҷониба ба ифтихори 90-солагии мақоми пойтахтро гирифтани шаҳри Душанбе эълон гардидани соли 2013,  мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:  

1. Ҷадвали замимагардидаи вохӯриҳо дар шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе бо иштироки бевоситаи вакилони маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр ва сохторҳои марбутаи хизматрасонӣ дар шаҳр тасдиқ карда шавад.

2. Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр дар якҷоягӣ бо роҳбарони сохторҳои дахлдор вохӯриҳоро дар сатҳи баланди ташкилию ғоявӣ баргузор намуда, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда таклифу дархостҳои сокинони шаҳри Душанберо оид ба вусъати корҳои бунёдкорию ободонӣ, таъмини волоияти қонуну адолати иҷтимоӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи ниёзмандону рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва ба таври таъҷилӣ ҳаллу фасл намудани масъалаҳои муҳимми иҷтимоию иқтисодӣ чораҳои фаврӣ андешида, унвонии Раиси шаҳри Душанбе пешниҳоди асоснок манзур созанд.

3. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси ҷараёни вохӯриҳои зикргардидаро тавассути воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ таъмин намояд.

4. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф. У. гузошта шавад.    

                                                                        М. УБАЙДУЛЛОЕВ