Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
20 March 2010

Шаҳрдории Душанбе  ҷиҳати  мувофиқ ба талаботи муосири хизматрасонӣ роҳандозӣнамудани фаъолияти иншооти таъиноти  зебоию фароғатидоштаи моликияти коммуналӣ тадбирҳои муассир меандешад.

Бо ин мақсад дар асоси  Қарори марбутаи Раиси шаҳр оид ба азнавсозии фаввораҳои шаҳри Душанбе, ки феълан дар тавозуни Сарраёсати ободонии шаҳри Душанбе 15 адад қарор дорад  барои дарёфти беҳтарин лоиҳаҳои ангорӣмиёни ширкатҳои ватанию  хориҷии лоиҳакашӣозмуни кушод дар як давр аз 25 март то 25 апрели соли 2010 эълон карда шудааст.

Тибқи муқаррароти шаҳрдорӣозмун то 1 майи соли 2010 ҷамъбаст гардида, бо ғолиби озмун ҳамчун муаллифи лоиҳаи сохтмонӣқарордод ба имзо расонида мешавад.

Хадамоти матбуотии Раиси шаҳри Душанбе