Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
22 Февраль 2013

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

№116-11 аз 15.11.2012

 

Дар бораи абадӣ гардонидани хотираи

Ходими хизматнишондодаи санъати

Тоҷикистон Дӯстмуҳаммадов Дамир

 

         Қарори Раиси шаҳри Душанбе  № 710 аз 13 ноябри соли 2012 «Дар бораи абадӣ гардонидани хотираи Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон Дӯстмуҳаммадов Дамир»-ро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаҳои 8 ва 9  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 24 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо инобати Қарори Раиси шаҳри Душанбе №55 аз 30 майи соли 2002 «Дар бораи тасдиқ намудани Номгӯи мутобиқи қонунгузорӣ ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки дар тараққиёти пойтахт саҳми арзанда гузоштаанд ё ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд», Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

 

ҚАРОР МЕКУНАД:

1. Кӯчаи Сеченови ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба номи Дӯстмуҳаммадов Дамир  номгузорӣ карда шавад.

2. Мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ(Қурбонов А.Ҷ.) бақайдгирии сокинони кӯчаи мазкурро анҷом дода, дар он нишонаҳои марбутаро насб гардонад.

3. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

4. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ, сохтмон ва ободонӣ гузошта шавад.

       

        Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе   

                            М. УБАЙДУЛЛОЕВ