Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
22 February 2013

ҚАРОРИ   РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ   №110 аз 21 феврали соли 2013

 

Дар бораи баргузории озмуни кушод баҳри дарёфти беҳтарин таҳиягари лоиҳаи иншооти «Таҷдиди бинои «Амфитеатр»

 

Бо мақсади интихоби беҳтарин лоиҳаи таҷдиди бинои «Амфитеатр» баҳри таъмини фаъолияти доимии он ва фароҳам овардани шароити мусоиди хизматрасонии маданӣ-маърифатӣ, зиёд намудани ҷойҳои нишаст, бомпӯш кардани бино, насбу васли технологияҳои нави замонавӣ бо дарназардошти протоколи Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе №27 аз 7 феврали соли 2013 мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаҳои 12 - 14 ва 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ», моддаи 14 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

1.  Баҳри дарёфт ва интихоби беҳтарин лоиҳакаши иншооти «Таҷдиди бинои «Амфитеатр» байни лоиҳакашон - шахсони воқеиву ҳуқуқии ватанию хориҷии салоҳиятнок аз 25 феврал       то 31 марти соли 2013, бо ҷамъбасти ниҳоӣ на дертар аз 6 апрели соли 2013 озмуни кушод эълон карда шавад.

2.  Низомномаи замимагардидаи гузаронидани озмуни кушод баҳри дарёфти беҳтарин лоиҳакаши иншооти «Таҷдиди бинои «Амфитеатр» тасдиқ карда шавад.

3.  Ҷиҳати дарёфти беҳтарин лоиҳаи иншооти «Таҷдиди бинои «Амфитеатр» комиссияи озмунӣ дар ҳайати замимагардида таъсис дода, эълони шартҳои озмунро тибқи Низомномаи гуза-ронидани озмун тавассути васоити ахбори омма, аз ҷумла сомо-наи интернетии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба табъ расонда ҷамъбасти онро тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз 6 апрели соли 2013 таъмин намояд.

4.  Шӯъбаи таҳлилию иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намояд.

5.  Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи сардори Сар-раёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе (Файзуллоев Қ.) ва мудири шӯъбаи сохтмон ва ободонии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  (Шарипов Ҳ.С.)  гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

 

Замима

ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе №110 аз 21 феврали соли 2013

 

Ҳайати

 комиссияи озмуни кушод баҳри дарёфти беҳтарин таҳиягари лоиҳаи иншооти «Таҷдиду беҳсозии бинои «Амфитеатр»

 

1.      

Зуҳуриддинов Б.А.

-президенти Академияи меъмории Ҷумҳу-рии Тоҷикистон,  раиси Комиссия;

 

 

 

Аъзои Комиссия:

2.      

Файзуллоев Қ.

-сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии  шаҳри Душанбе

 

3.      

Анваров С.С.

-сардори Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе;

 

4.      

Шарипов Ҳ.С.

-мудири шӯъбаи сохтмон ва ободонии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе;

 

5.      

Мусоева Ш.Р.

-сардори шӯъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанбе;

 

6.      

Раҷабов У.

-директори кулли Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии «Пойтахт-80»;

 

7.      

Ғуломова Ф.Ғ.

-сармутахассиси шӯъбаи иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, мутахасисси дорои сертификати харид.

 

 

 

 

 

 

 

Замима

ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе №110 аз 21 феврали соли 2013

 

Низомномаи

гузаронидани озмуни кушод баҳри дарёфт ва интихоби беҳтарин лоиҳакаши иншооти «Таҷдиди бинои «Амфитеатр»

 

1.      Ҳолатҳои умумӣ

1.    Озмун баҳри дарёфт ва интихоби беҳтарин лоиҳакаши иншооти «Таҷдиди бинои «Амфитеатр» дар шакли кушод гузаронида мешавад.

2.    Мақсади асосии озмун аз дарёфт ва интихоби беҳтарин лоиҳакаши иншооти «Таҷдиди бинои «Амфитеатр», ки дорои салоҳияти касбӣ дар сатҳи байналмилалӣ бошад, иборат аст.

3.    Мӯҳлати пешниҳоди дархостҳо бо қайди «Барои озмун» ҷиҳати иштирок: - то 31 марти соли 2013.

4.    Шахси қабулкунандаи дархостҳо ва суроғаи ҳуқуқии он: - Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, воқеъ дар:

            734018, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев 24,

почтаи электронӣ: e-mail: zokirk@yandex.ru

5.    Дархостҳои пешниҳодшуда дар китоби алоҳида бо санаи дохил шудани он ба қайд гирифта шуда, дархостҳои баъди санаи дар банди 3-уми Низомномаи мазкур пешниҳодгардида қабул ва баррасӣ намегарданд.

 

2. Номгӯи ҳуҷҷатҳои ба довталабон пешниҳодшаванда:

 

а) Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар бораи баргузории озмуни кушод ва Низомномаи озмун;

б) Навори топографии маҳалли Амфитеатр;

в) Маълумот оиди масоҳати қитъаи замини ҷудогардида.

 

3. Номгӯи ҳуҷҷатҳои аз ҷониби довталабон пешниҳодшаванда:

1.    Довталабон ба Комиссияи озмунӣ мактуби ёддоштӣ дар ҳаҷми на кам аз 2 саҳифаи чопӣ ирсол намуда, бояд ҳуҷҷатҳои зеринро ба он замима намоянд:

Ø            Иқтибос аз Феҳрасти ягонаи бақайдгирии шахси ҳуқуқӣ;

Ø            Иҷозатнома (Литсензия) барои фаъолияти лоиҳакашӣ;

Ø            Харҷномаи  корҳои лоиҳакашии иншоот;

Ø            Маълумот дар бораи потенсиали кадрӣ барои иҷрои корҳои лоиҳакашӣ;

Ø            Маълумот дар бораи базаи моддӣ-техникӣ барои иҷрои корҳои лоиҳакашӣ;

Ø            Маълумоти расмӣ аз нозироти андози маҳалли ҷойгиршавии довталаб оид ба қарздор набудани довталаб дар назди буҷети давлатӣ;

Ø            Маълумот оиди ҳолати қарзнокиҳои дебиторию кредиторӣ;

Ø            Маълумот оиди корҳои қиёсии иҷронамудаи довталаб бо тавсияҳои (отзыв) Фармоишгар;

Ø            Лоиҳаи рангаи ангории иншооти бунёдшаванда дар ҳаҷми на кам аз 50х30см ба миқдори 2 дона;

2.        Ҳамаи ҳуҷҷатҳо бояд дар дохили лифофа, ки дар тарафи чапи он номи рамзӣ (девиз) иборат аз 5 ҳарф ё 5 рақам сабт шудааст, мавҷуд бошанд (баландии  навиштаҷот 20мм-ро ташкил диҳад).

3.        Дар мавриди таҳияи ҳуҷҷатҳои озмун аз графикаи компютерӣ истифода бурдан мумкин аст.

 

4.Шартҳои асосӣ:

Лоиҳаи пӯшонидани боми «Амфитеатр» гумбазшакл буда аз се қисм иборат аст. Ду қисмаш аз маводи руйпушкунандаи поликарбонати навъи олӣ ва қисмати сеюмро варақаҳои пӯлодӣ ташкил медиҳанд. Ин маводҳои руйпушкунанда ба конструксияи сабуки аз қубурҳо сохташаванда такя менамоянд. Радиуси боми гумбазшакл 36 метрро ташкил дода аз ин 24 метр бо маводи поликарбонат ва 12 метраш кушодашаванда мебошад.

Дар вақти лоиҳакашӣ масъалаҳои таъмини низоми гармидиҳӣ ва ҳавотозакунии доимамалкунанда, чорабиниҳо нисбати акустикаи дохили бино ва таъмини таҷҳизотҳои равшанидиҳанда ва танзиму пахши овоз бо технологияи нав ба инобат гирифта шаванд.

Дар қисмати саҳнавии толори «Амфитеатр», утоқҳо барои ҳунарпешагон, утоқҳои омодагии ҳунармандон ҷиҳати баромадан ба саҳна ба инобат гирифта шаванд.

Бо мақсади нигоҳ доштани намои зоҳирӣ ҳангоми лоиҳакашӣ аз нигоҳи манументалӣ бо муҳити атроф мутобиқсозии намои берунаи қисмати бунёдшавандаи  бино, инчунин ба хусусиятҳои меъморӣ-конструктивии бинои мавриди истифода қарордоштаи Амфитеатр бояд аҳамияти махсус дода шавад ва ҳалли масоили бомпӯши фазои бинои мазкур ба лоиҳакашон вогузор карда мешавад.

Ҳангоми иҷрои корҳои  ороиши (дизайн) бинои Амфитеатр, хатҳои муҳандисӣ, элементҳои акустикии ба сақф насбшаванда ва истифодаи масолеҳи ороишӣ, чорабиниҳои зиддисӯхтор ва асбобҳои огоҳкунии зиддисӯхтор ба инобат гирифта шаванд.

Лоиҳакашон бояд диққати махсусро ба:

-пӯшонидани боми бинои «Амфитеатр» ба истифода аз

  маводҳои сабук ва технологияи навин;

-зиёд кардани ҷойҳои нишаст аз 1170 то 1368 ҷой;

-таъмини низоми гармидиҳӣ ва ҳавотозакунии

 доимиамалкунанда;

-ҷойгир намудани курсиҳои мулоим дар толор;

-кушодани дарҳо аз қисмати таҳхона ба ду тарафи саҳна;

-чорабиниҳои сӯхторхомушкунӣ ва бехатарӣ аз сӯхтор;

-таъмини қабати акустикӣ дар деворҳои дохили бино;

-таъмини таҷҳизотҳои равшанидиҳанда, танзиму пахши овоз

бо технологияи нав равона созанд.

 

5.Тартиби баррасии дархостҳо ва ҷамъбасти озмун:

1.    Дархостҳоро Комиссияи озмунӣ дар ҷаласаи худ на дертар 6 апрели соли 2013 баррасӣ менамояд.

2.    Муҳокима ва таҳлили дархостҳо таври озод сурат гирифта, довталабе ғолиби озмун эътироф мегардад, ки ба талаботҳои озмун пурра ҷавобгӯй бошад.

3.    Комиссия ғолиби озмунро дар асоси овоздиҳии кушод муайян менамояд. Дар сурати баробар будани овозҳо, овози раискунандаи ҷаласа ҳалкунанда мебошад.

4.    Раванди ҷаласа ва Қарори комиссия дар протокол сабт мегардад ва фавран барои қабули қарори дахлдор ба роҳбари ташкилоти харидор-раиси шаҳри Душанбе пешниҳод карда мешавад.

5.    Баъди аз тарафи раиси шаҳри Душанбе тасдиқ гардидан ба ғолиби озмун дар давоми 3 рӯз тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунанда огоҳнома ҷиҳати ба имзо расонидани шартномаи дахлдор ирсол мегардад.