«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
19 March 2013

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба баргузор намудани истиқболу таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки  чорабиниҳои наврӯзии шаҳрдорӣ аз шоми 20 март оғоз гардида, то 25-уми марти соли 2013 идома меёбанд.

Мувофиқи Қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе  истиқболи вуруди Наврӯзи байналмилалӣ субҳи 21 марти соли 2013, дар таносуби чор навоҳии шаҳр аз нуқтаҳои баландтарини пойтахт, яъне маҳаллаҳои "Бадахшон" - и ноҳияи Шоҳмансур, "Кӯҳдоман" - и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, "Лучоб" - и ноҳияи Сино ва шаҳраки 24 - и ноҳияи Фирдавсӣ оғоз гашта, аз ин мавзеъҳо "Корвони наврӯзӣ" ба самти ҳар як маҳаллаю шаҳрак бо ширкати вакилони маҷлисҳои вакилони халқи шаҳриву ноҳиявӣ, сохторҳои давлатию худфаъолияти ҷамъиятӣ, адибон ва фаъолони пойтахт раҳсипор мегардад.

 Вуруди субҳи наврӯзӣ бошад 21 марти соли 2013 бо фейрверкҳои идона дар Боғи Ғалаба истиқбол карда мешавад. Зимнан аз сокинони шаҳр хоҳиш менамояд, ки бо истиқболи фаъолонаи хеш аз вуруди субҳи наврӯзӣ нисбати пазироии фейрверкҳои идона бо ҳусни тафоҳум муносибат намоянд.