Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
28 March 2013

28  марти соли 2013 Иҷлосияи сенздаҳуми  Маҷлиси   вакилони   халқи  шаҳри Душанбе даъвати  чорум   дар  толори   Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт»  таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид. 

Дар кори иҷлосия дар радифи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрию ноҳиявӣ, субъектҳои хизматрасонӣ, соҳибкорӣ, институтҳои шаҳрвандию кумитаҳои шаҳрии ҳизбҳои сиёсӣ ва намояндагони васеи воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ ширкат варзиданд.

Вакилон бо интихоби котибот, ҳайати таҳририя ва тасдиқи рӯзнома ба баррасии масъалаҳои шомилгардида: 

- Ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе Мансуров Ҷ.М. оид ба ҷараёни иҷрои самараноки Нақшаи амал оид ба таъсис ва таҷдиду азнавсозии корхонаҳои истеҳсолии саноатии шаҳри Душанбе дар солҳои 2012-2013;

- Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  аз ҳавзаи интихоботии №59 Шоев Н.Н. оид ба иҷрои ваколатҳои худ;

- Ҳисоботи раиси ноҳияи И. Сомонӣ Қурбонов А.Ҷ. дар бораи ҷараёни иҷрои нақшаҳои омодагии ноҳияи И.Сомонӣ ба таҷлили 90-солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дар бораи  тасдиқ намудани  Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе, шуруъ намуданд.

         Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мансуров Ҷ.М зимни ҳисобти худ оид ба рафти иҷрои Қарори  Раиси  шаҳри  Душанбе № 273 аз 25 майи соли 2012 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи амал оид ба таъсис ва таҷдиду азнавсозии корхонаҳои истеҳсолии саноатии шаҳри Душанбе барои солҳои 2012-2013» қабл аз ҳама афзуд, ки мақсад ва вазифаҳои қарори мазкур аз фароҳам овардани шароит баҳри васеъ намудани доираи истеҳсолот ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти босифати технологии тобовари рақобат дар заминаи бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва афзун намудани иқтидори содиротии корхонаҳо тавассути коркарди ашёи хоми ватанӣ ва ба ин васила таъсиси шумораи бештари ҷойҳои нави корӣ, афзоиши содироти молу маҳсулоти саноати ватанӣ ва ғанӣ гардонидани буҷа дар асоси азнавкунии фондҳои истеҳсолии корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе ба шумор меравад.

Омӯзиши рафти иҷрои Қарори мазкур аз оғози татбиқшавии он то ба ҳолати 1-уми марти соли 2013 собит сохт, ки дар давраи сипаригашта дар аксарияти корхонаҳо самтҳои асосии нақшаҳои пешбинигардида иҷро гардидаанд.

Тибқи Нақшаи амал дар соли 2012   иҷрои  28 адад чорабинӣ бо назардошти аз худ намудани 8,6 млн сомонӣ  дар назар дошта шуда буд, ки

аз он дар ин давра иҷрои 25 чорабиниҳои пешбинишуда таъмин гардида, дар татбиқи онҳо 8,67 млн сомонӣ (100,8 %) маблағҳо равона ва 454 ҷои корӣ (96%) таъсис ёфт.

Айни замон иҷрои 3 банд, аз ҷумла: азнавсозии роҳи ҳавоии  № 2 дар ҶСК «Тоҷиксемент» ба маблағи 800 ҳаз. сомонӣ, ташкили хати нави истеҳсоли хишти оташбардор дар ҶСШК «Комбинати масолеҳи сохтмонӣ» ба маблағи 174 000 сомонӣ ва таъсиси корхонаи хурди маҳсулоти қаннодӣ дар ҶДММ “Тара” тибқи Нақшаи амал  идома дорад.

         Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати татбиқи чорабиниҳои дар соли 2013 пешбинигардида 0,45 млн.сомонӣ равона ва 108 ҷои нави корӣ ташкил гардид.  Аз ҷумла, дар ҶДММ "Такомул" бо ҷалби 0,146 млн. сомонӣ маблағхои худӣ ва таъсиси 26 ҷои нави корӣ корхонаи хурди сумкабарорӣ ба анчом расонида шуда, истехсоли 2 намуди сумкаҳо ба роҳ монда шуд.

         Дар ҶДММ «Иттиҳодияи истеҳсолии Нассоҷии тоҷик» низ, ҷиҳати татбиқи чорабиниҳои дар соли 2013 пешбинигардида, бо ҷалби 0,3 млн. сомонӣ сехи либосҳои махсуси корӣ ва мактабӣ таъсис дода шуд, ки ба ташкили 82 ҷои нави корӣ мусоидат намуд.

 Дар маҷмуъ дар татбиқи Нақшаи амал 41 адад чорабиниҳо (тибқи нақша 28) бо ҷалби 15,5 млн.сомонӣ амалӣ гардидаанд, ки ин ба таъсиси 745 ҷои нави корӣ мусоидат намуд.

         Маҳмадсаид Убайдуллоев бо анҷоми музокирарониҳо ва маърузаҳои вакилон оид ба ҳисоботи манзурдоштаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҷ. Мансуров зикр сохт, ки тадбирҳои амалигардида то ба ҳол ҷавобгӯи  талаботи шаҳрдорӣ ва қонеъкунандаи  ниёзи истеъмолкунандагон нест. Аз ин ҷо месазад, ки роҳбарони субъектҳои хоҷагидории саноатӣ бо ҷалбу фароҳам овардани шароитҳо ба мутахассисони ҷавон масъалаи маркетинг ва  истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири иқтисоди бозориро бори дигар чун масъалаи аввалиндараҷа мавриди таваҷҷуҳу пажуҳиш қарор диҳанд.

Ҳамзамон муқаррар сохт, ки ҷараёни амалисозии Нақшаи мазкур бо инобати пешниҳодоти дар иҷлосия ироагардида, дар 9-моҳаи соли равон ба  риштаи таҳлил кашида хоҳад шуд.

Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе тибқи рӯзномаи иҷлосия  нисбати дигар масъалаҳои матраҳшуда қарорҳои дахлдор қарор намуда, муқаррар сохт, ки бидуни нақшаи чорабиниҳои шаҳрдорӣ оид ба баргузории мулоқотҳо дар шаҳраку маҳаллаҳо,  ҳар семоҳа вохӯрии вакилони шаҳрӣ бо интихобкунандагон дар ҳавзаҳои интихоботӣ таври ҳатмӣ анҷом дода шавад ва бардоштҳои вакилон аз мушкилоту пешниҳодоти интихобкунандагон ба  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ҷиҳати баррасӣ манзур гардад.

Нисбати назорати ҷараёни иҷрои ҳадафманду пурсамари нақшаҳои омодагии ноҳияҳои шаҳр ба таҷлили 90-солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур гардид, ки зимни шунидани ҳисоботи дигар раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар иҷлосияҳои навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе маърузачиҳои иловагӣ аз тарафи роҳбарони кумитаҳои шаҳрии ҳизбҳои сиёсӣ таъин карда шавад.

Дар иҷлосия бо мақсади вусъати тадбирҳо оид ба азнавномгузории кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе Комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҳайати 5 нафар таҳти раёсати вакил – Юсуфов Баҳром Назриевич  аз нав таъсис дода шуд ва муқаррар гардид, ки ҷаласаи комиссия дар ду ҳафта як маротиба баргузор ва ҳар моҳе пешниҳодоти он ба Раиси шаҳри Душанбе манзур карда шавад.

Дар фарҷоми иҷлосия Маҳмадсаид Убайдуллоев ба ҳама мутасаддиён, ҳунармандон ва сокинони шаҳр ҷиҳати иштироки фаъолона дар баргузории чорабиниҳои Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳр бо самимият изҳори  миннатдорӣ намуда, дар иртибот ба рух додани ҳодисаи нангини гум шудани истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе, кӯчаи С.Айнӣ, ҳуҷраи 2, духтарчаҳои ноболиғ - Аралова Сабина Улуғбековнаи 5-сола ва Аралова Малика Темуровнаи 6-сола, бо таассуф ва нигаронӣ аз масъулияти падару модарон дар тарбияи фарзанд, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрӣ дастури қатъӣ дод, ки бо истифода аз тамоми имконоти мавҷуда корҳои ҷустуҷуиро барои дарёфти онҳо пурзӯр намоянд.