Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
5 April 2013

5 апрели соли 2013 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби  Фан Сянжунро бо хоҳиши ӯ   ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили роҳандозии муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни яке аз шаҳрҳои бандарию саноатӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Халқии Хитой – Сямэн ва Душанберо, ки дар асоси тафоҳумоти мавҷудаи сатҳи олӣ тарҳрезӣ шудааст, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев ибтикороти мазкурро барои тавсеаи ҷуғрофияву робитаҳои бародаршаҳрӣ, ки баҳри амалисозии барномаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ ва гуманитарии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе мусоидат менамояд, амри воқеӣ ва мубрам маънидод намуд.

Дар ин зимн зикр сохт, ки шаҳрдорӣ ташрифи ҳайати меҳмононро бо садорати мири шаҳри Сямэн ҷаноби Лю Кэтсин шуруъ аз даҳаи аввали моҳи майи соли ҷорӣ барояшон фурсати муносиб интизор хоҳад буд. Бо ин мақсад аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе гуруҳи кории барномарезии баргузории ҳадафмандонаи сафар ташкил карда шуд.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва созанда ба фарҷом расид.