Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
9 April 2013

Дар бораи ҷамъбасти озмуни ба иҷора супоридани иншооти моликияти коммуналии шаҳри Душанбе

 

      Бо мақсади таъмини ҳамоҳангсозии раванди ба иҷора супоридани амвол ва иншооти моликияти коммуналии шаҳри Душанбе, истифодаи самараноки воситаҳои асосии моликияти коммуналӣ ва зиёд намудани воридоти даромад аз иҷораи амвол ба буҷети шаҳрӣ,   мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 624, 634 ва 671 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 4, 5 ва 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷора дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №537 аз 2 ноябри соли 2011 «Дар бораи тасдиқи Тартиби ба иҷора супоридани амволи давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Протоколи замимагардидаи Комиссияи озмунӣ «Оид ба иҷора супоридани амвол ва объектҳои моликияти коммуналии шаҳри Душанбе» №5 аз  19 марти соли 2013 дар бораи ѓолиби озмун эътироф намуданииҷорагирони зерин тасдиқ карда шавад:

Р/Т

Номгўи субъекти иҷорагир

Номгўй,  таъинот ва масоҳати объекти  ба иҷорасупоридашаванда

2)

Суроѓаи

объект

 

Мувозинадор

Маблаѓи иҷорапулӣ  тибқи хулосаи комиссия:

А) моҳона               Б) солона                         ( сомонӣ)

1

Абдуаминов Амон Одилович

«Қисми тарабхонаи бинои асосӣ бо терраса мавсимӣ-тобистона» дар ошёнаи- 6,  Блоки-Б

     (1080,3)

Хиёбони Рўдакӣ, 138/1

Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза»

А-18783 (ҳаждаҳ ҳазору ҳафтсаду ҳаштоду се)

Б-225396 (дусаду биступанҷ ҳазору сесаду наваду шаш)

2

Иззатов Тоҳирҷон Сафарбекович

«Қисми тарабхонаи бинои асосӣ бо терраса мавсимӣ-тобистона» дар ошёнаи- 6,  Блоки-В (829,0)

Хиёбони Рўдакӣ, 138/1

Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза»

А-15380 (понздаҳ ҳазору сесаду ҳаштод)

Б-184560 (яксаду ҳаштодучор ҳазору панҷсаду шаст)

       2. Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баъд аз қабули Қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати  ҳарчи тезтар ворид гардидани  маблаѓ ба буҷети шаҳрӣ бо иҷорагирони дахлдор шартномаҳои иҷораро ба имзо расонад.

    3. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

      4. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

    5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Назаров Б.М. гузошта шавад.

                              М. УБАЙДУЛЛОЕВ