Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
19 April 2013

Қарори РАИСИ  ШАҲРИ  ДУШАНБЕ  № 204 аз 16 апрели соли  2013

 

Дар бораи ҷамъбасти озмуни «Соҳибкори

беҳтарини  шаҳри Душанбе дар соли 2012»

         Барои саҳми арзандаи  соҳибкорӣ дар ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва буҷети шаҳри Душанбе ҷиҳати баланд бардоштани нуфузи соҳибкорон дар ҷомеа, таблиғи дастовардҳои бунёдкоронаву созандаи онҳо, дастгирии ҳамаҷониба ва ҳавасмандгардонӣ бо мақсади рушди минбаъдаи соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе, муҳайё  намудани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорони ватанӣ ва ҷиҳати иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №224 аз 6 апрели соли 2010  «Дар бораи гузаронидани озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе» мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 5 ва 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя  ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

    1. Протоколи замимагардидаи ҷаласаи Комиссияи озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2012» аз 8 апрели соли 2013 ва дар ҳар як номинатсия ғолиби озмун эътироф намудани соҳибкорони зерин:

I.  ҶСП «Комбинати шири Душанбе» Комилов Наврӯз Одилович – номинатсияи «Истеҳсоли молҳои истеъмолии халқ»; 

II. КДММ «Сохтмон сармоя 2000»  Холиқова Тамара Мадаминҷоновна - номинатсияи «Меъморӣ ва дизайн»;

III. ҶДММ «Газпромнефть – Таджикистан» Мирзоев Фарҳод - номинатсияи «Савдо»;

IV. ҶДММ  «Точик - интурсервис» Қобилов Зафар Наримонович - номинатсияи «Хизматрасонӣ дар соҳаи фарҳанг, варзиш ва туризм»;     

V. ҶДММ «Фарма»  Ҳоҷиев Абдушафеъ Бобомуродович - номинатсияи «Хизматрасонии тиббӣ»;    

VI. ҶДММ «ИИ Насоҷии Тоҷик» Ҷомаҳмадов Хушмаҳмад Ҳасанович - номинатсияи «Истеҳсоли маҳсулоти истифодаи саноат»;

VII.  ҶДММ «Тиб барои Шумо» Ҷаборов Фаридун Маҷидович - номинатсияи «Истеҳсоли доруворӣ, маҳсулот ва таҷҳизоти тиббӣ»;

VIII. ҶДММ «Фавз» Ҷобиров Абулазиз Саидович  - номинатсияи «Хоҷагидории шаҳрӣ, хизматрасонии манзилию-коммуналӣ ва экология»;   

IX. ҶДММ «Промстрой» Ниёзов Ғафур Ғозиевич - номинатсияи «Сохтмон, тармим ва таъмир»;

           Х. ҶДММ «Рухом» Муҳабатов Муфараҳ Муминҷонович - номинатсияи «Косибӣ ва ҳунарҳои халқӣ»;

XI.  ҶСП «Гулистон» Бегов Дилшод Мирзомуродович – номинатсияи «Истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук»;

XII.  ҶДММ «Идораи корхоначоти Ғизо Ф1 ФУД» Шамсиев Парвиз Ҷалолиддинович- номинатсияи «Хӯроки умум»;

XIII.  ҶСП «ТТ Мобайл» Шишковский Андрей Юрьевич - номинатсияи «Технологияҳои телекоммуникатсионӣ»;

XIV. ҶСК «Меҳмонхонаи Точикистон» Зиёев Ҳокимбек Азизбекович - номинатсияи «Хизмати маишӣ»;

XV. ҶДММ «Собириён» Собиров Пулод Абдураҳимович - номинатсияи «Фаъолияти нашриётӣ, хизматрасонии полиграфӣ, дизайн ва реклама»;

XVI. К.Х «Шерматова Наргис» Шерматова Наргис Гадойбоевна - номинатсияи «Истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва конструксияҳо»;

XVII. ҶДММ «Грант Торнтон эхсо» Муллоев Баҳрулло Сулаймонович - номинатсияи «Хизматрасонӣ барои рушди соҳибкорӣ: таълим, маркетинг, аудит, консалтинг, пешбарии муҳосибот ва кӯмаки ҳуқуқӣ»;

XVIII. ҶДММ «Ориён медиа» Ҷониев Рустам Сайбурҳонович - номинатсияи «Технологияҳои ахборотӣ»

тасдиқ карда шавад.

     2. «Пешсафи соҳибкорони беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2012» ғолиби номинатсияи «Истеҳсоли маҳсулоти истифодаи саноат» ҶДММ «ИИ Насоҷии Тоҷик» (Ҷомаҳмадов Хушмаҳмад Ҳасанович) - дониста шавад.

       3. Ғолибони озмун аз рӯи ҳар як номинатсия бо Диплом ва нишони фахрии озмун, барандаи унвони «Пешсафи соҳибкорони беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2012»  ҶДММ «ИИ Насоҷии Тоҷик» - Ҷомаҳмадов Хушмаҳмад Ҳасанович бо Ифтихорномаи шаҳри Душанбе  ва Ҷоми фахрии Ғолиб, дигар довталабон – иштирокчиёни озмуни шаҳрӣ бо дипломҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  сарфароз  гардонида  шаванд.    

       4.Муқаррар карда шавад, ки супоридани Ифтихорномаи шаҳри Душанбе ва туҳфаҳои хотиравии  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе дар расми таҷлили  Рӯзи пойтахт сурат мегирад.

        5. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намуда, интишори онро дар васоити чопию электронӣ ба роҳ монад.

        6. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи  муовини Раиси шаҳри Душанбе Назаров Б.М. ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. гузошта шавад.

                                                                    М.УБАЙДУЛЛОЕВ