Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
23 April 2013

Нимаи дуюми 23 апрели соли 2013 дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасон»-и шаҳри Душанбе оид ба тақвияти ҳамкориҳои кумитаҳои падару модарон, мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқ ва мудирияти кулли мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт ҷаласаи васеи масъулини зикргардида доир гардид.

Ҷаласаи мазкур бо хулоса аз оқибатҳои фалокатбори ҳодисаи нангини дар мактаби таҳсилоти умумии №37-и ноҳияи Сино рухдода дар асоси дастури Раиси шаҳри Душанбе  Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамчун амали вокунишӣ  нисбати пешгирӣ аз чунин кирдорҳои фоҷеаовари ноболиғон бо истифода аз потенсиали аҳли ҷамоатчигӣ сурат гирифт.

Ҷаласаро муовини Раиси шаҳри Душанбе Санавбар Раҳимова сарварӣ намуда, дар он прокурори шаҳр Саймурод Қодиров ва муовини аввали сардори Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Саидхӯҷа Мирзохӯҷаев оид ба вазъи ҷинояткорӣ миёни ноболиғон, пайомадҳои татбиқи талаботи қонунгузорӣ  нисбати онҳо ва падару модарон гузориши муфассал доданд.

Бо мақсади тақвияти корҳои пешгирикунандаву фаҳмондадиҳӣ, дар ҷаласа қарор гардид, ки чунин ҳамоишҳо минбаъд моҳе як маротиба дар таносуби ҳар кадом ноҳияҳои шаҳр баргузор карда мешавад.