Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 May 2013

17 майи соли 2013 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  намояндаи  доимии Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Си Си Ю ва ҳайати ҳамроҳонашро бо хоҳиши онҳо ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили тарҳрезии ҳамкориҳо миёни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Бонки мазкурро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев аз таваҷҷуҳи зоҳиркардаи Бонки Осиёии Рушд дар тарҳрезию татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ки дар асоси кӯмакҳои грантӣ пешбинӣ карда мешаванд  қаноатмандӣ карда, зикр сохт, ки бо дарназардошти тафоҳумоти  мавҷуда ҷониби шаҳрдорӣ омода аст бо муайян намудани доираву самтҳои асосии ҳамкорӣ масъалаҳои аввалиндараҷаи дархури ҳаёти хоҷагидории шаҳрро барои таҳияи лоиҳаҳои дахлдор манзури онҳо намояд. Бо ин мақсад тарафҳо гуруҳҳои кории мутақобиларо мушаххас карданд.

Ҷаноби Си Си Ю зимини мулоқот аз омодагиҳои Бонк дар татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, ки феълан барои рушди хоҷагидории шаҳри Душанбе имкони амалишавӣ доранд иброз намуда, аз пазироӣ ва масъалагузорию муҳтавои суҳбат бо шаҳрдор изҳори сипос намуд.

Мулоқот дар фазои созанда оид ба тақвияти ҳамкориҳои минбаъда анҷом пазируфт.