Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
20 May 2013

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои ишғоли вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз» аз 16 май то 26 июни соли 2013 озмун эълон менамояд.

      Довталабон барои ишғоли вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадққиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз» ҳуҷҷатҳои зеринро:

 

 

- аризаи шахсӣ ба унвони Раиси шаҳри Душанбе;

 

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи    

  4X6 );

 

- тарҷумаи ҳол;

 

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

 

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ ;

 

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  086 УЕ;

 

- нусхаи шиноснома;

 

ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд.

         Довталаб бояд ҳатман маълумоти олии касбӣ ва таҷрибаи кории роҳбарикунанда дошта бошад. Ба довталабоне, ки дар соҳаи сохтмон, тарҳкашӣ ва лоиҳакашӣ таҷрибаи корӣ дошта, дар хориҷи кишвар таҳсил намудаанд, афзалият дода мешавад.

Довталаб бояд ҳатман маълумоти олии касбии таҳсили рӯзона дошта бошад.

Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то  26 июни соли 2013.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ довталабон метавонанд ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо телефонҳои 221-62-56,   221-35-68  муроҷиат  намоянд.

 

 

 

Қарори раиси шаҲри Душанбе  №275  аз 7.05.2013

 

 

Дар бораи эълони озмун барои ишғоли

вазифаи директори Корхонаи воҳиди

давлатии Пажуҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотӣ

ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз»

 

         Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

         

                                    ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

  1. Барои ишғоли вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии Пажуҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз» аз 16 май то 20 июни соли 2013 озмун  эълон ва натиҷаи он на дертар аз 26 июни  соли 2013  ҷамъбаст  карда шавад.

   2. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма  таъмин  намояд.

     3. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. гузошта шавад.

 

 М.УБАЙДУЛЛОЕВ