Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
24 May 2013

Қарори раиси шаҲри Душанбе №286-14  аз 16.05.2013

 

Дар бораи  баргузории “Ҳафтаи  кӯдакон ва наврасони

шаҳри Душанбе” бахшида ба Рӯзи байналмилалии

ҳифзи кӯдакон

 

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ, фарҳангиву маърифатӣ ва ғоявию бадеӣ баргузор намудани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, бо инобати тадбирҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷамоатчигии шаҳр ба масъалаҳои вобаста ба тарбияи насли наврас, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

 

ҚАРОР   МЕКУНАМ :

1. Ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аз 27 май то 1 июни соли 2013 дар шаҳри Душанбе “Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” эълон карда шавад.

2. Нақшаи чорабиниҳои замимагардидаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба баргузории “Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” тасдиқ ва мавриди иҷроиш қарор дода шавад.

3. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе  дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Бахши ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” ва Созмони талабагони шаҳри Душанбе ба номи Исмоили Сомонӣ бобати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани чорабиниҳо бахшида ба “Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” тадбирҳои амалӣ андешанд.

4. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ. гузошта шавад.

                                                                                     М. УБАЙДУЛЛОЕВ