Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
24 May 2013

Мувофиқи иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 апрели соли 2013 – 8025,1 ҳазор нафар ва аҳолии шаҳри Душанбе 766,4 ҳазор нафарро ташкил дод, ки дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 суръати афзоиши аҳолӣ мутаносибан 2,3 фоиз ва 2,2 фоиз мебошад.

Тибқи ҳисобҳои пешакӣ ба ҳолати 1 январи соли 2013 шумораи аҳолии синни то 30 сола  5414,9 ҳазор нафар аст , ки ин 67,8 фоизи шумораи умумии аҳолиро ташкил медиҳад. 

Шумораи аҳолии синни то 30 сола дар шаҳри Душанбе 508 ҳазор нафар ё 66,4 фоизи аҳолии шаҳри Душанберо дар бар мегирад. Шумораи аҳолии синни 14-30 сола, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ҷавонон ба ҳисоб мераванд, дар ҷумҳурӣ 2744,9 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки 34,4 фоизи шумораи умумии аҳолии ҷумҳурӣ мебошад. Ҷавонони синни 14-30 сола дар шаҳри Душанбе 279,0 ҳазор нафар ё 36,5 фоизи шумораи умумии аҳолии шаҳри Душанберо  ташкил медиҳанд.

Сатҳи баланди таносуби кӯдакон ва ҷавонон нисбат ба шумораи умумии аҳолӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки сохтори  синну солии аҳолии ҷумҳурӣ «ҷавон» мебошад – синни миёнаи аҳолӣ дар ҷумҳурӣ – 25,0 сола ва дар шаҳри Душанбе 25,6 соларо ташкил медиҳад.

Шумораи муассисаҳои олии касбӣ дар Ҷумҳурӣ дар соли таҳсили 2012/2013 - 34 ададро ташкил медиҳад, ки 20 ададашон ё ин ки 58,8 фоизи ин муассисаҳо дар шаҳри Душанбе қарор доранд.

 

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон

ш. Душанбе

 

2013

ба 1.04. 2013

2013

ба 1.04. 2013

Шумораи аҳолӣ дар аввали сол, ҳазор нафар

7987,4

8025,1

764,3

766,4

аз он ҷумла;

 

 

 

 

кӯдакони 0-30 сола

5414,9

х

507,7

х

бо фоиз нисбат ба шумораи умумии аҳолӣ

67,8

х

66,4

х

ҷавонони синни 14-30 сола

2744,9

х

279,0

х

бо фоиз нисбат ба шумораи умумии аҳолӣ

34,4

х

36,5

х

 

ШУМОРАИ  МУАССИСАҲОИ  ТАҲсилотии ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР АВВАЛИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2012/2013

 

ШУМОРАИ  МУАССИСАҲОИ ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН