Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
8 June 2013

Шаҳрдории Душанбе дар доираи барномаҳои ободонию рушди меъмории шаҳр оид ба сабзу хуррамсозии пойтахт пайваста тадбирҳои муассир меандешад. Аз ин рӯ бо истифода аз робитаҳои ҷойдошта ва узвият дар Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо такомули таҷрибаи мутахассисон муттасил сурат мегирад.

Зимнан бо мақсади омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи ободонӣ, сабзкорӣ ва гулзоркунӣ дар Федератсияи Россия ва Белоруссия дар асоси амри Раиси шаҳри Душанбе №347 аз 7 июни соли 2013 як ҳайати  бонуфузи мутахассион: Юсупов Баҳром- вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, раиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон, Файзуллоев Қудратулло - сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Холов Абдусаттор - сардори Сарраёсати кабудизоркунии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Давлатова Гулбаҳор - сардори шуъбаи шаҳрсозии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи  «Шаҳрофар» аз 11 то 23 июни соли 2013 ба  сафари хизматӣ ба  шаҳрҳои Краснодар, Сочи, Минск ва Москва  фиристонида  мешаванд.