Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
8 June 2013

Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе мутобиқ ба талаботи Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 340 аз 06.06.2013с. "Дар бораи баргузории тендери такрорӣ" ҷиҳати иштирок ба тендер тариқи иштироки номаҳдуди довталабон бо маҳдуд намудани муҳлати пешниҳоди дархостҳо барои интихоби таҳвилгарони таҷҳизот, мебел ва машинаҳои санитарӣ барои Маркази саломатии шаҳрии № 14 бунёдшаванда, дар маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Сино, барои қабули 800 нафар дар як баст тендери такрории байналмилалӣ аз рӯи 6 лотро шахсони ҳуқуқии ватанию хориҷии (довталабони) босалоҳиятро даъват менамояд.

    Барои гирифтани маълумотҳои иловагӣ довталабон метавонанд бо телефони: 909-15-76-91 (Зоиров П.Т.) ё 92-781-56-24 (Тошев Ҳ.Т.) муроҷиат намоянд.

   Номгӯйи таҷҳизот, мебел ва машинаҳои санитарии  таҳвилшавандаро довталабон баъди пешниҳоди дархост дастрас менамоянд.

   Баргузории тендер 17 июни соли 2013, соати 15:00 муқаррар шуда, дархостҳо то соати 12-00-и 15.06.2013с. қабул ва тендер дар бинои маъмурии Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе, к.Н.Қарабоев-24. гузаронида мешавад.

 

Шартҳои махсуси тендери такрории байналмилалӣ

оид ба интихоби таҳвилгарони таҷҳизот, мебел ва мошинҳои санитарӣ барои  Маркази саломатии шаҳрии № 14 бунёдшаванда, дар маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Сино, барои қабули 800 нафар дар як баст аз рӯи 6 лот   

 

1.       Дархост ҷиҳати иштирок ба тендери такрории байналмилалӣ (на дертар то соати 12.00 рӯзи 15 июни соли 2013 пешниҳод гардад).

2.       Пешниҳоди тендерӣ бо дарҷи муҳлати таҳвили таҷҳизот, мебел ва мошинҳои санитарӣ бо дарҷи  арзиши пешниҳод.

3.       Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ва Иқтибос аз Феҳрасти ягонаи шахсони ҳуқуқӣ (агар ташкилоти хориҷӣ бошад баъди ѓолибият бояд дар мақомоти андоз ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда, бояд ба қайд гирифта (легализатсия) шавад).

4.       Иҷозатномаи махсус барои хариду фурӯши таҷҳизоти тиббӣ, ки Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон додааст (довталаби хориҷӣ низ бояд чунин Иҷозатномаро аз мақомоти давлатии давлати худ дошта бошад).

5.       Маълумотномаи Нозироти андоз оиди дар давоми як моҳи то оѓози рӯзи тендер дар назди буҷети давлатӣ қарз надоштани ташкилоти ватанӣ;

6.       Маълумоти довталаб оид ба таҳвили таҷҳизотҳои тиббӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарҷи нархи ҳар як таҷҳизот аз рӯи борхатҳои мавҷуда дар давоми 3 соли охир.

7.       Кафолати бонкӣ дар ҳаҷми 3%-и арзиши дархости тендерӣ ҷиҳати таъмини пешниҳоди тендерӣ;

8.       Номгӯйи таҷҳизот, мебел ва машинаҳои санитарии тиббии харидашаванда бо нишон додани давлати истеҳсолкунанда, сертификати сифат, дастурамали истифодабарӣ (ҳатман бо забони русӣ бошад), нарх бо сомонӣ ва асъори ИМА бо қурби муайянкардаи Бонки миллии Тоҷикистон.