«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
9 July 2013

ДАЪВАТ БА АДЛУ ИНСОФ !

 Ҳамватанони арҷманд, шукргузорем аз раҳмати Илоҳӣ, ки боз ба моҳи шарифи Рамазон расидем. Моҳе, ки рӯзадории онро Худованди меҳрубон яке аз фароизи панҷгонаи ислом гардонидааст. Ин моҳ дар Қуръони карим ва ҳадисҳои Паёмбари гиромӣ аз беҳтарин моҳҳои сол, моҳи файзу баракат, эҳсону накӯкорӣ, адлу инсоф, муруввату инсондӯстӣ ва пеш аз ҳама моҳи раҳмату мағфират, озодӣ аз азоби дузах ва моҳи шарафмандии умматони Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дониста шудааст.

Моҳи мубораки Рамазон, фурсати муносибе барои  худшиносӣ, дарёфти камолоти инсонӣ, покдоманию парҳезгорӣ, имтиҳони ҷавонмардӣ ва таҳаммулгароиву қаноатмандӣ мебошад. Яке аз ҳикматҳои рӯзадории моҳи шарифи Рамазон дар баробари ҷилавгирӣ аз хӯрдану нӯшидан, ин риояи ҳатмии адлу инсоф дар кору фаъолияти ҳар як фард буда, ба соҳибкорону тоҷирон алоқамандии зиёд дорад. Зеро асосан соҳибкорону тоҷирон таъминкунандаи рӯзгори мардум мебошанд. Ниёгони бузургамон низ дар тули таърих маҳз бо риояи ин суннатҳои арзишманди исломӣ сатҳи зиндагии мардумро баланд бардоштаанд. Аз ин рӯ, аҳли савдою тиҷоратро зарур аст, ки дар ин моҳ қаноатмандиро пеша карда, барои дарёфт намудани ризои Худованд аз рӯи адлу инсоф ба мардум хизматгузорӣ кунанд.

          Бовари комил дорем, ки ба  хотири ризоияти Худованд ва нигоҳ доштани арзишҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ дар давоми моҳи шарифи Рамазон нарху навои маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи хӯрокаро пасттар карда, дар мувозинат бо қобилияти харидории сокинони шаҳр нигоҳ медоред.

         Аз фурсати муносиб истифода намуда, бо  камоли эҳтиром ҳамаи Шумо - аҳли  тиҷорат ва сокинони шаҳрро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрику таҳният гуфта, таманно дорем, ки тавфиқу инсоф ва ҷавонмардию саховатпешагӣ асоси кору фаъолиятамон бошад!

 

 

 

 

ҚАРОРИ  РАИСИ  ШАҲРИ  ДУШАНБЕ № 399   аз 08 июли соли 2013

Дар  бораи  таъмини тадбирҳои амалии

пешгирии  болоравии   нархи   маҳсулоти

ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон

дар шаҳри Душанбе