Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
31 Июль 2013

Дар  бораи  татбиқи  Нақшаи  генералӣ дар ҳудуди қисмати шарқии хиёбони Рӯдакӣ, аз буриш ба кӯчаи Теҳрон то буриш ба кӯчаи Шоҳтемур, қисмати ҷанубии кӯчаи Шоҳтемур, аз буриш ба хиёбони Рӯдакӣ то буриш ба кӯчаи Бохтар, қисмати ғарбии кӯчаи Бохтар, аз буриш ба кӯчаи Шоҳтемур то буриш ба кӯчаи Теҳрон ва қисмати  шимолии кӯчаи Теҳрон, аз буриш ба кӯчаи Бохтар то буриш ба хиёбони Рӯдакӣ

 

           Бо мақсади татбиқи Нақшаи генералӣ дар қисмати марказии шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 40 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14 ва 79 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

                                       ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

      1.Пешниҳоди лоиҳавии муаллифи тасҳеҳи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ҶСК «Гипрогор»- и шаҳри Москва оид ба консепсияи ҳамоҳангсозии бинову иншооти атрофи майдони «Дӯстӣ» ба инобатгирифта шуда, рӯйхати замимагардидаи бинову иншооти кам ва миёнаошёнаи бартарафшавандаи дар ҳудуди қисмати шарқии хиёбони Рӯдакӣ, аз буриш ба кӯчаи Теҳрон то буриш ба кӯчаи Шоҳтемур, қисмати ҷанубии кӯчаи Шоҳтемур, аз буриш ба хиёбони Рӯдакӣ то буриш ба кӯчаи Пушкин, қисмати ғарбии кӯчаи Пушкин, аз буриш ба кӯчаи Шоҳтемур то буриш ба кӯчаи Теҳрон ва қисмати  шимолии кӯчаи Теҳрон, аз буриш ба кӯчаи Пушкин то буриш ба хиёбони Рӯдакӣ, ки аз ҷониби Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе ва Корхонаи фаръии байниноҳиявии бақайдгирии техникии шаҳри Душанбе  пешниҳод шудааст, тасдиқ карда шавад.

      2.Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе ва Кумитаи заминсозии шаҳри Душанбе зимни баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба додани иҷозат барои иҷрои корҳои сохтмонӣ, таҷдид ва таъмири бинову иншооташон талаботи Қарори мазкурро риоя намоянд. 

     3.Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе соҳибмулкони бинову иншоотҳо ва истифодабарандагони қитъаҳои замини ин ҳудудро тибқи талаботи қонунгузории амалкунанда огоҳ намояд.

     4.Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе (Файзуллоев Қ.) дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута, бо риояи меъёрҳою қоидаҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ, сохтмонӣ ва амниятӣ дар ин ҳудуд, тибқи талаботи лоиҳаи консепсияи ҳамоҳангсозии бинову иншооти атрофи майдони «Дӯстӣ» ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, масъалаи боздоштани корҳои сохтмонии бинову иншооти таъиноти баландошёнаи бунёдшаванда дар ҳалқаи бо хиёбон ва кӯчаҳои Рӯдакӣ, Шоҳтемур, Бохтар ва Теҳрон маҳдудшаванда мавриди иҷроиш қарор дода, нисбати имконияти истифодабарии эҳтимолии онҳо, дар мувофиқа бо муаллифи тасҳеҳи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ҶСК «Гипрогор»- и шаҳри Москва ва Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи салоҳияташ ҳаллу фасл намояд.

     5.Корхонаи фаръии байниноҳиявии бақайдгирии техникии шаҳри Душанбе (Муҳудинов З.М.) дар ҳудуди зикргардида корҳои омӯзиширо вобаста ба бақайдгирии бинову иншооти мавҷуда ба роҳ монда, рӯйхати баҳисобгирии онро тартиб дода, ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намояд.

6.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилиотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

     7.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н.  гузошта шавад.

                                                                          М. УБАЙДУЛЛОЕВ