Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
19 April 2010

17 апрели соли 2010 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштирок дар расми ифтитоҳи нахустин Маркази ҷамъиятии  се ошёна, ки дорои  толори тӯйгузаронӣ, ошхона бо дӯкони хӯрокпазӣ, утоқҳои истироҳатӣ, машваратӣ, нозири минтақавии корҳои дохилӣ, шӯъбаи бонки амонатгузорӣ, бунгоҳи тиббӣ,  Интернет-кафе, сартарошхона, таъмири соату пойафзол, кошонаи ҳусн ва дигар намуди хизматрасониҳо барои 200 ҷой буда, дар маҳаллаи «Равшангарон» - ғолиби озмуни «Маҳаллаи беҳтарини шаҳри Душанбе - соли 2008» аз ҳисоби буҷаи шаҳрӣ ба маблағи 1,8 млн.сомонӣ ба истифода дода шуд ва хатнасури кӯдакони камбизоату тӯйи арусию домодии як ҷуфти ҷавони маҳалла, ки аз ҷониби шаҳрдорӣ ороста шудааст, ба чорабиниҳои таҷлили Рӯзи пойтахт ҳусни оғ оз бахшид.

Маҳмадлсаид Убайдуллоев бо қаноатмандӣ аз сифати корҳои анҷомгрифтаи сохтмонӣ ба меъморону сохтмончиён  сидқан изҳори сипос намуда, афзуд, ки ин таҷриба минбаъд дар шаҳр ҳамчун тӯҳфа ба ғолиби озмуни «Маҳаллаи беҳтарин» идома дода мешавад.

Сипас, дар фазои индона, соати 10, дар  кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ бо суханронию табрикоти хеш, варзишгарон-иштирокчиёни нахустин Ниммарафони байналмилалии Душанберо, ки  дар партави ҳидоятҳои Сарвари давлат, Президенти  кишвар,  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба оммавияти варзиш ва ҷалби доираи васеи мардум ба тарбияи ҷисмонию солимгардонӣ амалӣ мегардад, аз ҳашт мамолики ҷаҳон – Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, ҶИ Эрон, ИМА, Фаронса, Канада, Қазоқистону Қирғ изистон ва кулли меҳмонону  иштирокдоронро самимона шодбош намуда, ба сабқати варзишгарон ифтитоҳ бахшид.

Бо анҷоми ин чорабинии байналмилалии варзишӣ, соати 14 Маҳмадсаид Убайдуллоев меҳмонон- варзишгаронро ба ҳузур пазируфта, бори дигар барои ширкаташон дар ин мусобиқаи ба ифтихори Рӯзи пойтахт суратгирифта ба ҳар кадоми онҳо ва роҳбарияти шаҳрҳову федератсияхои варзишӣ оид ба таъмини иштироки варзишгарон сидқан миннатдорӣ карда, таъкид сохт, ки воқеияти  мавҷуда аз ҳамкориҳои мутақобилаи бародаршаҳрӣ ва ҳусни ҳамҷавории шаҳрҳо дарак дода, барои рушди муносибатҳои дӯстона заминаҳои устувор мегузоранд.

Бо анҷоми мулоқот ба варзишгарон аз номи шаҳрдорӣ тӯҳфаҳо тақдим карда шуд.

Тибқи нақша соати 15 дар толори мӯҳташами КВД «Маркази равобити пойтахт» бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев расми ҷамъбасти тамоми озмунҳои касбии шаҳрдорӣ баргузор гардид.  Қабл аз ҳама М. Убайдуллоев аз дастовардҳои ба маърази тамошо гузоштаи мактабиёни пойтахт дидан намуда, бо қаноатмандӣ ҳар кадоми онҳоро ба азхудкунии дониш, пеш аз ҳама илмҳои дақиқ ҳидоят намуда, дастгирияшро дар ин самт ба баҳри фароҳам овардани шароитҳо ҷиҳати инкишофи зеҳнияшон чун ҳамеша иброз дошт.

Баъдан аз ҷониби Раиси шаҳр ба ғ олибони Ниммарафони байналмилалии Душанбе мутаносибан миёни мардону занон ҷойҳои аввал - Мамашев Тоҳир (шахри Остона, Ҷумҳурии Қазоқистон) ва Поваляева Надежда (шаҳри Москва, Федератсияи Россия) ба ҳар кадоме 3500$,  ҷойҳои дуюм- Чечун Юрий  (шаҳри Бишкек, Ҷумҳурии Қирғ изистон) ва Малышева Мария (шаҳри Санкт-Петербург, Федератсияи Россия) ба ҳар кадоме 3000$, ҷойҳои сеюм- Кротов Александр (шаҳри Санкт-Петербург, Федератсияи Россия) ва Ран Ронг (шахри Урумчӣ, Ҷумҳурии Халқии Хитой) ба ҳар кадоме 2500$, ҷойҳои чорум- Бегрев Денис (шаҳри Бишкек, Ҷумҳурии Қирғ изистон) ва Мирзоева Надима (шаҳри Душанбе) ва ба ҳар кадоме  2000$, ҷойҳои панҷум- Ҳайитов Сотиболдӣ (шаҳри Турсунзода) ва Тошева Хосият (шаҳри Турсунзода) ба ҳар кадоме 1800$ ва ҷойҳои шашум - Муслими Ниядӯст (шаҳри Шероз, Ҷумҳурии исломии Эрон) ва Мирзоева Нодира (шаҳри Душанбе) ба ҳар кадоме 1500$ дар расми тантанавӣ тақдим карда шуд.

Зимни ҷамъбасти озмунҳои касбии шаҳрдорӣ дар асоси хулосаи ҳайати ҳакамон тибқи Қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе  ғ олибони озмунҳои «Мактаби сол-2009», коллективи меҳнатии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №94, ноҳияи Сино  бо квартираи сеҳуҷрагии №69, воқеъ дар кучаи Сино, 42, “Директори сол-2009”, директори мактаби таҳсилоти умумии №41 ноҳияи Шоҳмансур Ҷамолов Раҳматхӯҷа бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1000 (як ҳазор) сомонӣ,  “Муаллими сол-2009”, омӯзгори синфҳои ибтидоии литсейи №55 ноҳияи Шоҳмансур бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми ҳаҷми 1000 (як ҳазор) сомонӣ ,“Кӯдакистони сол-2009”, коллективи меҳнатии кӯдакистони №117 ноҳияи Фирдавсӣ  бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3000 (се ҳазор) сомонӣ , “Мудири кӯдакистони сол-2009”, мудири кӯдакистони №59  ноҳияи Исмоили Сомонӣ Убайдова Зулфия бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1000 (як ҳазор) сомонӣ ,“Мураббии сол-2009”, мураббияи кӯдакистони №89 ноҳияи Сино Раҳимова Садаф бо  мукофотпулӣ дар ҳаҷми ҳаҷми 1000 (як ҳазор) сомонӣ,  сарфароз гардонида шуданд.

       Коллективи меҳнатии кӯдакистони № 67  ноҳияи Шоҳмансур барои ишғ оли  ҷойи 2 дар озмуни “Кӯдакистони сол-2009”ба 1500 (як ҳазору панчсад) сомонӣ, коллективи меҳнатии  кӯдакистони №81 ноҳияи  Сино барои ишғ оли  ҷойи сеюм дар озмуни «Кӯдакистони сол-2009»  ба 1000 ( як ҳазор сомонӣ) ва коллективи меҳнатии кӯдакистони №34 ноҳияи. Исмоили Сомонӣ барои ишғ оли  ҷойи чаҳоруми дар озмуни «Кӯдакистони сол-2009»  ба маблағ и 500 (панҷсад) сомонӣ қадр карда шуданд. 

            Барои фаъолияти пурмаҳсул дар таълиму тарбияи насли наврас, саҳми арзанда дар пешравии соҳаи маорифи пойтахт,  иштирокчиёни озмунҳои «Мактаби сол-2009», «Кӯдакистони сол-2009» «Директори сол-2009», «Муаллими сол-2009», «Мудири кӯдакистони сол-2009» ва «Мураббии сол-2009»  Шарипов Маҳмадӣ- директори мактаби №5 ноҳияи Фирдавсӣ, Каримова Матлуба –директори мактаби №34 н. Исмоили Сомонӣ, -Боронов Азизбек- директори мактаби №36 н. Шоҳмансур, Ташрипова  Кулфат -директори мактаби таҳсилоти умумии № 92 ноҳияи Сино, Маҳмудова Ҷавлонбӣ- директори мактаби таҳсилоти умумии № 51 ноҳияи Фирдавсӣ, Набиев Сироҷиддин- директори мактаби № 12  ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Айюби Мухбира –мудири  кӯдакистонӣ № 152  ноҳияи Сино, Сабзаева Фазилат – мудири кӯдакистони № 135 ноҳияи    Фирдавсӣ, Ғ озиева Соро -  мудири кӯдакистони № 1 ноҳияи   Шоҳмансур, Маҳмадбекова Гулсара- муаллими фанни забони англисии  мактаби №51 ноҳияи Фирдавсӣ, Раҷабова Ниёзбиби - муаллимаи фанҳои забон ва адабиёти тоҷикӣ  гимназияи  №9 ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Сироҷева Матлуба – муаллимаи фанҳои ҳуқуқ ва таърихи мактаби №50 ноҳияи Сино, Валиева Бӯстоной- мураббии кӯдакистони № 3 ноҳияи  Исмоили Сомонӣ, Шобекова Шифо - мураббии кӯдакистони №1 ноҳияи  Шоҳмансур ва  Алиева Маҳбуба   мураббии кӯдакистони №127 ноҳияи Фирдавсӣ ҳар кадом ба маблағ и 400 (чорсад) сомонӣ мукофотонида шуданд:

Ғолиби озмуни  «Синфи беҳтарини сол-2009» коллективи хонандагони синфи 9 «А» Гимназияи №53  Исмоили Сомонӣ бо Парчами сайёри Мачлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва роҳбари ҳамин синф (Ҷабборова Лола) дар ҳаҷми 100 (сад) сомонӣ барои 10 моҳ, сардори синф 60 (шаст) сомонӣ, хонандагони синф ҳар кадоме дар ҳаҷми 50 (панҷоҳ) сомонӣ дар нӯх моҳи соли 2010 аз ҳисоби маблағ ҳои   озоди дар буҷети шаҳрӣ ба ин мақсад ҷудогардида бо идрорпулии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҳавасманд гардонида шуданд.

Парҷами Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ба сардори синфи беҳтарин ва мукофоти пулӣ ба роҳбари синф супорида шуд.      

         Хатмкунандагон-барандагони медалҳои тилло Қодирзода Парвина- хатмкардаи Литсейи №55, Зокирова Гавҳа - хатмкардаи Литсейи 55, Ҳасанзода Лочин - хатмкардаи Литсей-интернати   Президентӣ ва Мақсудова Муслима - хатмкардаи Гимназияи №9 бо 200 сомонӣ ва медалҳои нуқра Файзуллоева Мадина - хатмкардаи Гимназияи №53, Ҷаъфари Сабзалӣ - хатмкардаи Гимназияи «Душанбе», Козлова Даря- хатмкардаи Гимназияи №9, Ҳамзаи Шакармаҳмад- хатмкардаи мактаби №8, Сафарзода Фариддун- хатмкардаи Литсей-интернати Президентӣ, Саидова Миҷгона - хатмкардаи мактаби №30, Фурӯғ и Ҳамроқул -хатмкардаи  Гимназияи «Ҳотам ва П,В»  ва Муроди  Хуршед -хатмкардаи Гимназияи  «Тиҷорат»  бо 150 сомонӣ мукофотонида шуданд.

    Ҳамзамон ба 21 нафар донишҷӯёни аълохони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ҳар моҳ ба маблағ и 120 сомонӣ идрорпулии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе муқаррар карда шуд.

Инчунин, «Маҳаллаи беҳтарини пойтахт» маҳаллаи «Маҳмадулло Холов»-и ноҳияи И. Сомонӣ ҳисобида шуд ва бо диплому ҷоизаи рамзӣ бо акси Нишони шаҳри Душанбе сарфароз гардид, ки дар ҳудуди он сохтмони «Маркази ҷамъиятӣ» барои 200 (сад) ҷойи нишаст аз ҳисоби маблағ ҳои буҷети шаҳр анҷом дода мешавад.

Беҳтарин кооперативи соҳибмулкони манзил» - Кооперативи соҳибмулкони манзили «Ҳавопаймо»-и ноҳияи Шоҳмансур, «Беҳтарин муассисаи тандурустии пойтахт» - Беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ  ва «Беҳтарин муассисаи фарҳангии пойтахт» - Клуби  марказонидашудаи  Шӯъбаи фарҳанги шаҳри Душанбе бо диплом ва як комплекти компютер бо мизу курсӣ қадрдонӣ карда шуданд.

«Беҳтарин манзили пойтахт» - бинои истиқоматии кӯчаи Аҳмади Дониш, 24-и ноҳияи Шоҳмансур бо диплом сарфароз гардонида шуд, ки ояндаи наздик конструксияҳои замонавӣ барои бозиву истироҳати кӯдакон дар ҳавлии бинои мазкур  аз ҳисоби буҷети шаҳр насб карда мешавад.

 «Ҳавлирӯби беҳтарини пойтахт» - Каримова Хатича - корманди Раёсати хоҷагии коммуналию манзилии ноҳияи И. Сомонӣ бо диплом, як адад яхдони замонавӣ ва роҳхати осоишгоҳи «Хоҷа оби гарм» ва «Китобхони беҳтарини пойтахт дар соли 2009» - Назаров Талбак Назарович бо диплом ва як адад телевизор мукофотонида шуданд.

Дар ин зимн, бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва баланд бардоштани  масъулияти хизматии роҳбарони субъектҳои коммуналию сохторҳои хизматрасонии шаҳрӣ ва бо назардошти натиҷаи озмунҳои касбии аз ҷониби рӯзномаи «Вечерный Душанбе», тавассути овоздиҳии СМС дар ин самт анҷомдодашуда, ғолибони озмунҳои «Беҳтарин сохтори хизматрасонии шаҳрӣ» мутаносибан ба ҷои аввал Шабакаҳои телефонии шаҳри  Душанбе бо 3000 (се ҳазор)сомонӣ, ҷои дуввум Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе  2000  (ду ҳазор) сомонӣ ва ҷои сеюм Маркази назорати давлатию санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе  1000 сомонӣ, «Беҳтарин маъмурияти ноҳияҳои пойтахт» мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва Сино ҳар кадоме ба маблағ и 3000 сомонӣ ва  «Беҳтарин меҳмонхонаи шаҳри Душанбе» ҷои аввал - меҳмонхонаи «Тоҷикистон» бо 3000 (се ҳазор) сомонӣ, ҷои дуввум - меҳмонхонаи «Тоҷикматлубот»  2000  (ду ҳазор) сомонӣ ва ҷои сеюм - Корхонаи воҳиди давлатии Меҳмонсарои «Пойтахт» бо  1000 сомонӣ қадр карда шуданд. Хадамоти матбуотии  Раиси шаҳри Душанбе