Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
7 August 2013

6 августи соли 2013 дар КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  ҷаласаи кории шаҳрдорӣ бо иштироки роҳбарони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худидораи маҳаллӣ, ҳифзи ҳуқуқ, иттифоқҳои эҷодию воситаҳои ахбори омма ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр баргузор гардид.

Дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев қабл аз ҳама барои иштироки фаъолонаи аҳли ҷамоатчигӣ ва cоҳибкорон дар таъмини фаровонию ғановати бозори истеъмолӣ дар моҳи шарифи Рамазон ва роҳандозии назорати дахлдор оид ба иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №399 аз 8 июли соли 2013 “Дар бораи  таъмини тадбирҳои амалии пешгирии  болоравии   нархи   маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе”, ки ҳукми санади меъёрии ҳуқуқиро доро гардидааст ба мақомоти марбута  нисбати фаъолияти анҷомдода изҳори сипосмандӣ намуд. Ҳамзамон аз аҳли ҷамоатчигӣ даъват ба миён овард, ки дар арафи иди Рамазон бо аёдати шахсони бемору барҷомонда расонидани кӯмакҳои хайриявиро ба оилаҳои ниёзманд ҳамчун кирдори нек амалӣ созанд. 

Гузашта аз ин, дар ҷаласа аз ҷониби М.Убайдуллоев масъалаҳои мубрами хоҷагидории шаҳр, аз ҷумла рушди меъморию инфрасохторӣ ва дар ин зимн ба инобат гирифтани ирқтидору имкониятҳои воқеӣ ва пешбинисозии тарҳрезии хатҳои муҳандисии зеризаминӣ дар амалӣ кардани Нақшаи генералии шаҳр бо иштироки аҳли ҷамоатчигӣ ба риштаи таҳлил кашида шуд. Муқаррар гардид, ки минбаъд дар амалисозии барномаҳои сохтмонӣ ва ҷойгиронии иншооти дархостӣ дар қитъаҳои замини истифодашаванда, ба истиснои ҳолатҳои тибқи нақшаи муфассали тарҳрезии маҳал пешбинӣ гардидани бунёди иншоотҳо, бе кашидани хатҳои нави муҳандисӣ: оби нӯшокию коррезӣ, барқ, оби гарму гармӣ, гази табиӣ иҷозат дода нахоҳад шуд. Ин муқаррарот бо хулоса аз ҳолати мавҷудаи истифодаву хизматрасонии инфраструктураи шаҳр ҷорӣ карда мешавад.

Ба он маънӣ, ки сиёсати неки роҳандозигардида оид ба дастгирию рушди соҳибкорӣ дар шаҳр замина фароҳам овардааст иштироки субъектҳои соҳибкорӣ дар рушди меъмории шаҳр бештар гардад. Ин тамоюл ғолибан дар бахши сохтмони манзил ба мушоҳида мерасад ва ҷои таъкид аст, ки ингуна саҳмгириҳо боиси коҳиш додан ва ё нигоҳ доштани нарх дар бозори манзилӣ гаштааст.  

Аммо зимни тағйир додани таъиноти иншооти хусусигардонида ва дар заминаи он бунёд намудани биноҳои баландошёнаи бисёрквартирадори истиқоматӣ имкон дорад дар системаи муҳандисии хизматрасон мушкилиҳо пеш омода, боиси аз фаъолият бозмондани хатҳои инфрасохтории амалкунанда гардад.

Дар ин росто  қарор гардид, ки ҷойгиронии иншоотҳо дар маҳалҳои дархостшаванда идома ба тақвияти тадбирҳои роҳандозикардаи шаҳрдорӣ танҳо дар асоси бозпурсии андешаҳои сокинони атрофи он амалӣ карда хоҳад шуд.

Дар ҷаласа инчунин масоили омодасозии мавзӯию инфрасохтории шаҳр ба баргузории Конфронси байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об дар санаи 21-23 августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе,  идҳои Рамазону Истиқлоият ва  солинави хонишу 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе  ва дигар умдатарин масъалаҳои ҳаёти шаҳрдорӣ матраҳ карда шуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қабули шаҳрвандоне, ки муроҷиатҳояшон дар сатҳи  муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо ҳалли худро пайдо накардаанд сурат гирифта, нисбати ҳар як муроҷиат дар доираи салоҳияти шаҳрдорӣ қарорҳои  дахлдор қабул карда шуд.