Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 April 2010

Қ А Р О Р И

РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

 № 192 аз  2 апрели ­­­2010  

 Дар  бораи  эълони   озмуни    кушод     оид ба бунёди  корхонаи  коркарди  пахта  ва  маҳсулоти   пахтагин

 

         Бо мақсади гузоштани заминаи мукаммал ҷиҳати вусъатбахшии рушди иқтисодиву иҷтимоии пойтахт, фароҳам овардани шароит ва замина барои рушди устувори соҳаи истеҳсолии пойтахт, қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аҳолӣ ба молҳои истеъмолии рақобатпазир, баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои ашёи хоми маҳаллӣ ва афзун намудани иқтидори содиротии маҳсулоти хушсифат, таъмини шуғли аҳолӣ, таъмини фаъолияти муътадил ва самараноки соҳаи коркарди пахта дар пойтахт, бо дарназардошти банди 76-и протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-30 январи соли 2010 таҳти №1 мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

Ҷиҳати бунёди корхонаи ресандагию бофандагӣ ва дузандагӣ дар шаҳри Душанбе тавассути  нашрияҳои  ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва шабакаи интернет озмуни кушод байни шахсони воқеию ҳуқуқии ватанию хориҷӣ дар давраи аз 10 апрел то 20 майи соли  2010 бо ҷамъбасти он на дертар аз 26 майи соли 2010 эълон ва шарти замимагардидаи озмуни мазкур тасдиқ карда шавад.

 

Комиссияи озмуни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳайати замимагардида таъсис дода шуда ҳамзамон вазифадор карда шавад, ки эълон, баргузорӣ ва ҷамъбасти озмуни кушодро дар мӯҳлати зикргардида тибқи талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амали гардонад.

 

Котиби  матбуотии  Раиси шаҳри Душанбе дар ҳамкори бо Раёсати рушди иқтисод ва фаъолияти зиддимонополи дар шаҳри Душанбе, шуъбаҳои саноат ва энергетика, робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеъи Қарори мазкурро тавассути шабакаи интернет ва дигар воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

 

Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси шаҳри Душанбе Сайфиев М.Н. ва Мансуров Ҷ.М. гузошта шавад.

 

М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

ШАРТҲОИ

озмуни кушод байни шахсони воқеию ҳуқуқии ватанию хориҷӣ ҷиҳати бунёди корхонаи ресандагию бофандагӣ ва дӯзандагӣ 

дар шаҳри Душанбе

 Корхонаи навбунёди коркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулоти пахтагин бо дарназардошти 51% саҳми шаҳрдорӣ ва 49% саҳми хоҳишмандон ташкил ёфта пешниҳод аз самтҳои зерин бояд иборат бошад:

 

Пешниҳоди лоиҳаи инвеститсионӣ оид ба корхонаи навбунёд бо коркарди нахи пахта дар ҳаҷми 3000 тонна дар як сол.

Маълумот нисбат ба ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ва нақшаи маблағгузорӣ аз ҷониби тарафайн.

 Маълумот дар бораи ворид намудани таҷҳизоту технология оид ба коркарди ресандагию бофандагӣ ва дӯзандагӣ  дар шаҳри Душанбе бо номгўи маҳсулоти саноатӣ.

Роҳҳои таъминоти корхона ва ашёи хом, мавод ва захираҳои лозима ва баланд бардоштани сатҳи истифодабарии он.

Сиёсати иҷтимоӣ (ташкили ҷойҳои корӣ ва тарбияи кадрҳо).

Дурнамои тарақиёти корхона.

Пешниҳод ҷиҳати ҷудо намудани қитъаи замин  ва дигар тадбирҳо.

      Хоҳишмандон метавонанд:

         -  ба суроғаи электронӣ dushanbe80@yahoo.com  дархостҳои худро пешкаш намоянд ё барои гирифтани маълумоти муфассал бо 

телефонҳои  +992372  221-02-85,  +992372  221-33-72 занг зананд.