«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
13 August 2013

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинони шаҳр мерасонад, ки бинобар боришоти бошиддат дар доманакуҳҳои ноҳияи Варзоб, ки айни ҳол идома дорад, сифати оби аз дарёи Варзоб тариқи канали дереватсионӣ ба Ҳавзи танзими шабонарӯзии КВД «Обу корези Душанбе» воридшаванда аз соати 24 00 –и 12 августи соли 2013 якбора тағйир ёфта, тирагии об аз 526 мг/л то ба 3780 мг/л ва шаффофият ба сифр баробар гардид.

Ба хотири ба системаи таъминоти оби нӯшокии шаҳрӣ ворид нагардидани оби нӯшокии тирагияш баланд, ҳаҷми оби интиқолшаванда аз истгоҳи обтозакунии Худҷореъ ба истеъмолкунандагон шуруъ аз нимаи дуюми 13 августи соли 2013 муваққатан 50%-70% кам карда шуд.

Ин тадбир баҳри ҳифзи саломатии сокинон чораи муваққатӣ буда, бо кам гардидани боришот  фаъолияти истгоҳи обтозакунии Худҷореъ ба пуррагӣ таъмин карда мешавад.

Барои хизматрасонии маҳаллаҳои фишори обашон паст гардида  аз ҷониби Ситоди шаҳрӣ дар таносуби чор ноҳияҳои шаҳр зери масъулияти раисони ноҳияҳо интиқоли об тариқи мошинҳои обкаш таъмин карда мешавад.

Шаҳрвандон имкон доранд ба Ситоди шаҳрӣ, ки дар назди КВД «Обу корези Душанбе» шабонарӯзӣ фаъолият менамояд тариқи телефони 227-86-29 муроҷиат намоянд.