Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
19 August 2013

19 августи соли 2013 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ бо иштироки раисони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.

             Дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев қабл аз ҳама таваҷҷуҳи масъулинро ба омодагии шаҳр ҷиҳати баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки 20-21 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, нигаронида дастур фармуд, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои аз ҷониби шаҳрдорӣ тасдиқ гардида анҷоми корҳои пешбинишударо таъмин созанд.

             Дар ин росто муқаррар сохт, ки комиссияҳои марбутаи ҷамъиятӣ корҳои назоратиро аз рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо пурзӯр намуда, таваҷҷуҳи махсусро нисбати  вазъи санитарию экологӣ дар марзи шаҳри Душанбе равона созанд.

             Ҳамзамон дар ҷаласа ҷараёни корҳои омодасозии шаҳр ба мавсими тирамоҳу зимистони пешорӯ, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, беҳдошти ҳолати зиддисӯхторӣ дар бинову иншоот ва ташкилоту идораҳо, риояи танзими расму оин дар баргузории ҷашну маъракаҳо аз ҷониби шаҳрвандон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар қаламрави шаҳр ба риштаи таҳлил аз ҷониби шаҳрдор кашида шуд.

             Инчунин, Раиси шаҳр роҷеъ ба баланд бардоштани  масъулияти фармоишгарон ва пудрадчиёни ҳароинаи иншооти дар марзи пойтахт чӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ё худ бахши соҳибкорӣ бунёдшаванда, илова бар муқаррароти мавҷуда, комиссияҳои марбутаи давлатии қабули иншоотро муваззаф сохт, ки зимни санҷишҳои мутақобилаи сохтмонӣ нисбати рафъи камбудиҳои лоиҳавии бунёди иншоот ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд, дар сурати акс  онҳо бобати ҳар як камбудии дарёфтгардида  масъулияти шахсӣ хоҳанд бурд.

             Бо дарназардошти  фарорасии соли нави таҳсили мактабиён Маҳмадсаид Убайдуллоев масъулини соҳаҳои зидахлро муваззаф сохт, ки нисбати бо маводи ғизоӣ таъмин кардани муассисаҳои системаи маорифи шаҳр чораҳои қатъӣ андешанд.