Ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи ба номи ӯ ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
2 September 2013

2 сентябри соли 2013 дар КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  ҷаласаи кории шаҳрдорӣ бо иштироки роҳбарони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худидораи маҳаллӣ, ҳифзи ҳуқуқ, иттифоқҳои эҷодию воситаҳои ахбори омма ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр баргузор гардид.

Дар ҷаласа бо иштироки фаъолони пойтахт масоили мубрами хоҷагидории шаҳр, қабл аз ҳама омодагиҳо ба таҷлили сазовори ҷашни 22-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, ташкили кӯмакҳои анъанавии молиявии шаҳрдорӣ, ки характери якдафъаина доранд ба иштирокчиёну маъюбони ҶБВ-и солҳои 1941-1945 ва дигар категорияҳои ба онҳо баробаркардашудаву ниёзманди шаҳр ба ифтихори ин санаи муборак, роҳандозии омодагиҳои ҳамаҷонибаи  субъектҳои хоҷагидории шаҳр ба мавсими тирамоҳу зимистони пешорӯ, назорати раванди таълиму тарбия бо инобати оғоз гардидани соли нави таҳсил дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва бо дарназардошти он зиёдшавии анбуҳи мусофирон масъалаи хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ ва дурнамои татбиқи Нақшаи генералии шаҳр мавриди баррасии шаҳрдор қарор гирифтанд.

Дар ин равобит Маҳмадсаид Убайдуллоев  ба муовинони Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳо ва дигар роҳбарони субъектҳои зидахли шаҳрӣ дастуру супоришоти мушаххас ироа дошта, муқаррар сохт, ки бидуни чорабиниҳои аз ҷониби шаҳрдорӣ ба ифтихори ҷашни Рӯзи Истиқлолият татбиқшаванда, дар таносуби ноҳияҳо ва шаҳраку маҳаллаҳо бо ҷалби институтҳои шаҳрвандӣ тадбирҳои иҷтимоӣ оид ба дастгирии оилаҳои ниёзманд роҳандозӣ карда шаванд.

Дар иртибот ба ташаккули раванди саҳмгузориҳои институтҳои шаҳрвандӣ дар амалисозиии барномаҳои шаҳрдорӣ, баланд бардоштани маърифат ва фарҳангии шаҳрнишинии сокинон, ободонию беҳдошти муҳити зист, инчунин тавсеабахшии имкониятҳо барои худтатбиқсозии зарфиятҳои раисони Шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо ва  мақомоти худидораи маҳаллӣ дар ҷаласа дастур гардид, ки минбаъд, мунтазам моҳе як маротиба ахбороти онҳо оид ба фаъолият ва воқеияти вазъи шаҳраку маҳалла ва бинодорӣ дар сатҳи ҷаласаи фаъолони пойтахт шунида шавад.

Дар ин росто аз прокуратураи шаҳр даъват ба миён оварда шуд, ки ҳолати риоя ва иҷроиши якмароми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки мутобиқ ба он дар марзи шаҳри Душанбе парвариш, нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, хар, парранда ва  дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолӣ манъ аст, мавриди санҷиш ва назорати қатъӣ қарор дода шавад.