Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
24 September 2013

ҚАРОРИ Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №141-15  аз11.07.2013

 

Оид ба «Ҳисоботи Раиси ноҳияи Сино Сафаров  З.А. дар бораи ҷараёни иҷрои нақшаҳои омодагии ноҳияи Сино ба таҷлили 90-солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ҳисоботи Раиси ноҳияи Сино Сафаров З.А. «Дар бораи ҷараёни иҷрои нақшаҳои омодагии ноҳияи Сино ба таҷлили 90-солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар доираи Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 20 декабри соли 2012 таҳти №123-12 «Дар бораи “Ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе М.Убайдуллоев “Оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2012, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2013 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2011» ва маълумотномаи гурӯҳи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҳайати Шарифов З.Р., Асозода М. ва Ҷабборова Х.Р. «Дар бораи натиҷаҳои санҷиши омодагии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Сино баҳри тайёрӣ ба ҷашни 90 солагии мақоми пойтахт доро гардидани шаҳри Душанбе»-ро  баррасӣ ва муҳокима намуда, қайд менамояд, ки баҳри таҷлили сазовори ҷашни мазкур дар ноҳияи Сино 29 феврали соли 2012 Қарори Раиси ноҳияи Сино таҳти №40 ба тасвиб расида, аксари чорабиниҳои бо он тасдиқгардида амалӣ гардонида шуданд.

Новобаста аз ин, маҷмӯи камбудӣ ва норасогиҳои ошкоргардида чораҷӯии мушаххасу фавриро дар мӯҳлати то ҷашн боқимонда баҳри ҷалби васеи аҳли ҷамотчигии ноҳия барои иҷрои корҳои ободонию созандагӣ дар ҳар як шаҳраку маҳалла, ҳар як бинои бисёрхонагӣ, ҳар як ташкилоту идора ва корхонаву муассиса ва тақвият бахшидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва ҳавасмандгардониро дар самтҳои зикргардида тақозо менамояд. 

          Бо назардошти натиҷаи вохӯриҳои вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо интихобкунандагон дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе, бо мақсади таъмини омодагии ҳамаҷонибаи шаҳри Душанбе баҳри таҷлили сазовори ҷашни 90-солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ ба талаботи моддаҳои 8 ва 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ» Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

 

ҚАРОР  МЕКУНАД:

 

1.       Ҳисоботи Раиси ноҳияи Сино Сафаров З.А. «Оид ба ҷараёни  иҷрои  нақшаҳои  омодагии  ноҳияи Сино ба таҷлили 90-солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба инобат гирифта шавад.

2.       Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе (Сино-Сафаров З.А., Шоҳмансур-Бобоев С.Қ., И.Сомонӣ-Қурбонов А.Ҷ., Фирдавсӣ-Алиев С.А.) то 17 апрели соли 2014 иҷрои бечунучарои Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №123-12 аз 20 декабри соли 2012 «Дар бораи “Ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе М.Убайдуллоев “Оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2012, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2013 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2011»-ро таъмин намуда, бо ин мақсад:

-                   нақшаи тадбирҳои иловагии омодасозии субъектҳои соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳияҳоро, новобаста аз шакли моликият ва шакли хоҷагидорӣ, таҳия ва мавриди татбиқ қарор диҳанд;

-                   дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдори шаҳриву ноҳиявӣ корҳои мушаххасу мақсаднокро ҷиҳати беҳдошти ҳолати коммуникатсияҳо, системаҳои муҳандисӣ, инфрасохтори маишиву хизматрасонӣ ва савдо ба роҳ монанд;

-                   ҷиҳати беҳдошти намуди зоҳирии ноҳияҳо, чорабиниҳоро оид ба таъмиру рангуборкунии биноҳои истиқоматии бисёрхонагӣ, ташкилоту идора ва муассисаву корхонаҳоро, новобаста аз шакли моликият бо ҷалби бевоситаи соҳибмулкон дар мувофиқа бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе бо дастрас намудани шиносномаи интихоби ранг ба иҷро расонанд;

-                   корҳои таблиғотию тарғиботиро дар байни аҳли ҷамоатчигию сокинони маҳаллаву шаҳракҳои ноҳия ҷиҳати амалисозии ташаббусҳои ободониву созандагӣ, баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ, истифодабарии оқилонаи моликияти давлатӣ, коммуналӣ ва ҷамъиятӣ тақвият бахшанд.

3.       Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои соҳавии ҷумҳуриявӣ ва раисони ноҳияҳои шаҳр марбут ба соҳаҳои сарпараст, бо мақсади таъсиси ҷойҳои нави корӣ истеҳсоли намудҳои нави маҳсулот, ба кор даровардани воҳидҳои нави истеҳсолӣ, бунёди иншоотҳои таъиноташон гуногун, сохтмону азнавсозии роҳҳо, навгониҳо дар системаи нақлиёту коммуникатсия, хизматрасонии маишиву коммуналӣ ва савдо барномаҳои соҳавии омодагӣ ва таҷлили ҷашни 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе таҳия ва то 31 марти соли 2014 мавриди татбиқ қарор диҳанд.

4.       Муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ., мудири шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе Мусоева Ш.Р. ва мудири шуъбаи  таҳлилӣ  ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе:

- бо ҷалби иттифоқҳои эҷодӣ ва дигар институтҳои шаҳрвандӣ Барномаи комплексии фарҳангии таҷлили сазовори ҷашни 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе  таҳия намуда, барои комилан фароҳам овардани фазои фарҳангӣ-идона ба ин ҷашнвора амалисозии онро дар таносуби тақвими фарогири 280 рӯзи боқимонда таъмин созанд;

- тавассути воситаҳои ахбори оммаи чопию электронӣ озмуни маърифатии «7 симои Душанбе»-ро ҷиҳати муайян намудани 7 қиёфа, симои маъмули шаҳри Душанбе (нуқтаи ё субъекти географӣ, бино ё иншоот, ёдгории таърихӣ, субъекти фарҳангию фароғатӣ ва ғайра) баргузор ва то 17 апрели соли 2014 ҷамъбаст намоянд.

5.       Ба мақсади таҳти назорати қатъӣ қарор додани ҷараёни омодагиҳо ба таҷлили сазовори ҷашни 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе, комиссияҳои муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо ҷалби намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма дар ҳайати замимагардида ҷиҳати ба таври доимӣ аз 15 июли соли 2013 то 17 апрели соли 2014 мунтазам гузаронидани санҷиши корҳои омодагии ноҳияҳои шаҳри Душанбе таъсис дода шавад.

6.       Шуъбаи  таҳлилӣ  ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тавассути воситаҳои ахбори омма ҷараёни иҷрои  Қарори  мазкурро инъикос ва бо пуррагӣ чоп намудани онро дар сомонаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, саҳифаҳои иҷтимоии интернетии дастраси шаҳрвандон ва рӯзномаҳои шаҳрӣ таъмин созад.

7.       Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ, сохтмон ва ободонӣ (Абдурасулов А.А.), масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, санитарӣ ва байторӣ (Сатторӣ И.), масъалаҳои нақлиёт, коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳо (Сафиалоев С.Ғ.), масъалаҳои илм, инноватсия, маориф ва фарҳанг (Шарифов З.Р.), муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе гузошта шавад.

 

                РАИСИ

  МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ                                      М. УБАЙДУЛЛОЕВ