Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
23 September 2013

23 сентябри соли 2013 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи корӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа бо дахли масоили мубрами хоҷагидории шаҳр, масъалаи сатҳ ва сифати хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ ва дар иртибот ба он ҳифзи ҳуқуқи мусофирон зимни истифодаи нақлиёти ҷамъиятии дар хатсайрҳо фаъолияткунанда мавриди баррасии амиқ қарор гирифт.

Бо дарназардошти таҳлилҳои анҷомгирифта оид ба фаъолияти соҳа аз ҷониби Раиси шаҳр нисбати масъулин бобати ҳанўз ҳам  фаъолияти ғайриқонунию худсаронаи воситаҳои нақлиёт дар хатсайрҳо, ки бидуни иҷозатномаҳои дахлдор ба мусофиркашонӣ машғулият дошта, тавассути шикастани хатсайрҳо боиси нороҳатии мусофирон мегарданд, эродҳо гирифта, сохторҳои назорати давлатиро муваззаф сохт, ки ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Дар ин росто, ба сардори Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати вазорати корҳои дохилии Ҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе С. Тўрахонов, сардори Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе Ф. Каримов ва  директори Муассисаи давлатии «Душанбенақлиётхадамотрасон» А. Шералиев дастур гардид, ки бобати беш аз меъёр савор намудани мусофирон дар микроавтобусҳо ва барчидани ҷойҳои нишасти худсарона дар дохили воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ насбгардида, инчунин ба низом даровардани истифодаи мусиқӣ,  воситаҳои таблиғотию иттилоотӣ дар толори воситаҳои нақлиёт дар муҳлатҳои кутоҳтарин тадбирҳои қатъӣ андешанд.   

Барои ҳадафманд аз ҷониби масъулин ба иҷро расонидани дастурҳои зикргардида муқаррар гардид, ки прокуратураи шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо дигар  мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрӣ ҷараёни татбиқи чораҳоро зери назорат қарор диҳанд.  

Ҳамзамон, бо инобати бардошту хулосаҳои ҷойдошта оид ба таври муназзам ташкил намудани хизматрасонии воситаҳои нақлиёт дар хатсайрҳо ва муҳимтар аз ҳама баҳри тақвияти чораҳо дар ҷодаи ҳимояи ҳуқуқи мусофирон Маҳмадсаид Убайдуллоев ба масъулини соҳа дастур дод, ки барои аз байн бурдани  низоми хизматрасонии «экспресс» ва воҳидсозии хатсайрҳои шикаста лоиҳаи Қарори Раиси шаҳри Душанберо дар муҳлати як ҳафта омода ва пешниҳод созанд.

Дар ҷаласа, инчунин Раиси шаҳр таваҷҷуҳи роҳбарони сохторҳои шаҳриро ба омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони пешорў ва баҳри захираҳои озуқаворӣ аз ҷониби кормандон ташкили  ярмаркаҳои кишоварзӣ дар корхонаҳо нигаронида, ба масъулин супоришҳои мушаххас ироа намуд.