Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
1 October 2013

Қарори раиси шаҲри Душанбе №645-12 аз 12.09.2013

                

         Дар    бораи   даъват   намудани   иҷлосияи

         шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри

         Душанбе даъвати чорум

 

Мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

          1.Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси  вакилони  халқи  шаҳри Душанбе даъвати  чорум 10 октябри  соли 2013,  соати  800, дар  толори   Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт» даъват карда шавад.

          2.Ба рӯзномаи иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум  масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:

            2.1.Ҳисоботи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. оид ба рафти иҷрои Қарори иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати сеюм №172-18 аз 30 июни соли 2009 «Дар бораи вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти батанзимдарории нигаҳдошти чорво ва ҳайвонот дар ҳудуди марзиву маъмурии шаҳри Душанбе».

2.2.Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №5 Шарипова З.Г. оид ба иҷрои ваколатҳои худ.

            2.3.Ҳисоботи Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Алиев С.А. дар бораи ҷараёни иҷрои нақшаҳои омодагии ноҳияи Фирдавсӣ ба таҷлили 90 - солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумхурии Тоҷикистон. 

           2.4.Дар бораи тасдиқ намудани Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе.

3.Оид ба омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гуруҳи корӣ дар ҳайати замимагардида дар асоси мувофиқа таъсис дода шавад.

4.Аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе хоҳиш карда шавад, ки дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯрӣ гузаронида, аз натиҷаи он пешниҳодҳои мушаххасро ба гуруҳи корӣ оид ба омода намудани масъалаҳои иҷлосияи  шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум ирсол намоянд.

5.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тибқи  тартиби  муқарраргардида  мазмуну  мундариҷаи Қарори мазкурро бо истифода аз воситаҳои ахбори оммаи чопию электронӣ  ба ташкилоту муассисаҳо ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр расонида, таклифу  пешниҳодҳои  вобаста ба иҷлосия баёнгардидаро ҷамъбаст ва ба Раиси шаҳри Душанбе манзур гардонад.

6.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. гузошта шавад.     

М.УБАЙДУЛЛОЕВ