Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
1 October 2013

Қарори раиси шаҲри Душанбе  №357 аз 26.09.2013

 

Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти

иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар

 шаҳри Душанбе баҳри омодагӣ ва таҷлили

 Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Бо мақсади дар сатҳи баланди бадеиву ташкилӣ баргузор намудани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР   МЕКУНАМ :

1. Нақшаи замимагардидаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри омодагӣ ва таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад. 

2.  Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар мувофиқа ва ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор иҷрои ҳатмии Нақшаи чорабиниҳои зикргардидаро таъмин намоянд.

3. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ.  гузошта шавад.

                                                                                              М. УБАЙДУЛЛОЕВ