Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
10 October 2013

10 октябри соли 2013 дар Маҷмааи давлатии «Кохи ваҳдат» иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид. 

Дар кори иҷлосия дар радифи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худидораи маҳаллӣ, ҳифзи ҳуқуқ, институтҳои шаҳрвандӣ, мудирони боғчаву мактабҳои таҳсилоти умумӣ, ассосиатсияҳои падару модарон ва намояндагони васеи аҳли ҷамоатчигию воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ ширкат варзиданд.

Вакилон бо интихоби котибот, ҳайати таҳририя ва тасдиқи рӯзнома ба баррасии масъалаҳои шомилгардида: 

-  Ҳисоботи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. оид ба рафти иҷрои Қарори иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати сеюм №172-18 аз 30 июни соли 2009 «Дар бораи вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти батанзимдарории нигаҳдошти чорво ва ҳайвонот дар ҳудуди марзиву маъмурии шаҳри Душанбе»;

-  Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №5 Шарипова З.Г. оид ба иҷрои ваколатҳои худ;

 -  Ҳисоботи Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Алиев С.А. дар бораи ҷараёни иҷрои нақшаҳои омодагии ноҳияи Фирдавсӣ ба таҷлили 90 - солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумхурии Тоҷикистон;

-  Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани  ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №33;

- Дар бораи ташкил намудани Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихобот  ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе;

 - Дар бораи тасдиқ намудани Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе, шурӯъ намуданд.

Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе зимни шунидани ҳисоботи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н.  оид ба масъалаи аввали рӯзномаи иҷлосия, ки ҳолати риоя ва иҷроиши якмароми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки мутобиқ ба он дар марзи шаҳри Душанбе парвариш, нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, хар, парранда ва  дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолӣ манъ аст, баррасӣ гардид, фаъолияти анҷомдодаи муовини якуми Раиси шаҳр ва дигар сохторҳои назоратии марбутаи шаҳрию ноҳиявиро ғайриқаноатбахш арёбӣ намуданд.

Инчунин таваҷҷуҳи Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, санитарӣ ва байторӣ Иззатулло Сатторӣ барои камфаъолиятӣ дар татбиқи Қарори марбутаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  ҷалб карда шуд.

Дар иртибот ба ин аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев -  Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо зикри эродҳои қатъӣ нисбати масъулин -  муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Н. Хайруллоев, раисони ноҳияҳо, роҳбарони сохторҳои масъули назорати давлатӣ бобати саҳлангорӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар ин самт барои ислоҳи бечунучарои камбудиҳои ҷойдошта то 1 январи соли 2014 муҳлат муқаррар гардид.   

Барои ислоҳи вазъ ба сардухтурони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ З. Авғонов ва  Раёсати назорати давлатии байтории шаҳри Душанбе Б. Қармишев то 1 декабри соли 2013 муҳлат муқаррар карда шуд.

Баҳри тақвияти чораҳои таъсиррасонии ҳуқуқӣ дар ин самт дастур гардид, ки ҳар ҳафта дар сатҳи прокуратураи шаҳри Душанбе ва Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе фаъолияти анҷомдодаи кормандони масъул ҷамъбаст ва аз натиҷаи он ба Раиси шаҳри Душанбе ахбор манзур карда шавад.

Ҳамзамон дар иҷлосия бо дарназардошти он, ки тибқи муқаррароти Қонуни мазкур аз рӯи салоҳдиди Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо Қарорҳои марбутаи Раиси шаҳри Душанбе  дар ноҳияи Сино- дар маҳаллаи “Пахтакор”, дар ноҳияи Фирдавсӣ- дар кӯчаи “Машъал”, дар ноҳияи Шоҳмансур- дар маҳалаи “Бӯстон” ва дар ноҳияи И.Сомонӣ- дар кӯчаи Телман 1 гектарӣ қитъаи замин барои парвариш ва нигаҳдории чорво барои  шаҳрвандони ба ин намуди соҳибкорӣ машғулиятдошта,  ба шахсони воқеию ҳуқуқии алоҳида  барои бунёди иншооти мутазаккира ҷудо гардида буд ва то ба имрӯз ҳеҷ кадоме аз онҳо дар иҷрои он иқдоме анҷом надодаанд, масъалаи татбиқи минбаъдаи онҳо баҳри хулосаи ниҳоӣ аз ҷониби прокуратураи шаҳр мавриди санҷиш қарор дода шавад.

 Дар робита ба ин муқаррар гардид, ки дар муҳлати 10 рӯз тавассути идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ бо шаҳрвандон инвентаризатсияи чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, хар, парранда ва  дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолиро дар марзи шаҳр ба сомон расонида, тибқи салоҳдиди шаҳрвандон аз байн бурдани онҳо таъмин карда шавад. Дар ин зимн барои ба оилаҳои камбизоати муайянкардашуда ҷиҳати расонидани кӯмаки молиявии якдафъаина ба Раиси шаҳр пешниҳод ирсол карда шавад.

Инчунин бо қарори иҷлосия убури рамаҳо тавассути марзи маъмурии шаҳри Душанбе ба чарогоҳҳои мавсимӣ қатъиян маън дошта шуд ва тавсия гардид, ки дар ин хусус ба унвонии ташкилоту идораҳои дахлдор маълумотномаи расмӣ фиристода шавад.

Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар иртибот ба дигар масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия зимни баррасии амиқ қаррорҳои дахлдор қабул намуда, ваколати вакилии вакил аз ҳавзаи интихоботии №33 Таваров Раҳматулло Ҳукуматуллоевичро бинобар сабаби ба вазифаи сардори Хадамоти давлатии назорати сохтмон ва меъмории Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданаш, қатъ намуда, комиссияи шаҳрии интихоботро оид ба интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ки дар санаи 15 декабри соли 2013 баргузор мегардад, ташкил намуданд.