Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 October 2013

       ҚАРОРИ Раиси шаҳри Душанбе № 560  аз  8   октябри соли 2013

 

Дар бораи чораҳои пешгирии ҳолатҳои фавқулодда вобаста ба эҳтимолияти аз меъёр паст омадани ҳарорати ҳаво ва сардиҳои давомнок дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014

 

        Бо мақсади таъмини фаъолияти муътадилу самарабахши соҳаҳои маорифу тандурустӣ, муҳандисии ҳаётан муҳим, хизматрасонии манзилӣ–коммуналию дигар иншоотҳои хоҷагидорӣ ва пешгирии ҳолатҳои фавқулодда вобаста ба эҳтимолияти аз меъёр паст омадани ҳарорати ҳаво ва сардиҳои давомнок дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР      МЕКУНАМ:

1.              Ба инобат гирифта шавад, ки тибқи маълумоти Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешгӯии эҳтимолии якҷоя бо мутахассисони Маркази иқлимии аврупоии “Росгидромет” моҳҳои ноябр-декабри соли 2013 ва январ-феврали соли 2014 аз меъёр паст шудани ҳарорати ҳаво ва сардии давомнок пешбинӣ шудааст.

2.              Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрӣ ҷиҳати иҷрои бечунучарои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №227 аз 18 апрели соли 2013 “ Дар бораи тадбирҳои таъхирнопазири Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, соҳаҳою сохторҳои марбута ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ҷиҳати таъмини омодагии ҳамаҷонибаи соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёти шаҳри Душанбе  ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014” чораҳои фаврӣ андешанд.

3.              Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н., директори Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” Исупов Ф.А., директори Муассисаи давлатии “Шабакаи гармидиҳӣ”-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе Табаров А.А., директори Муассисаи давлатии “Раёсати обёрӣ”-и  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе Тошов С. вобаста ба таъмини кори муътадили системаи обтаъминкуниву корезӣ, қабули нерӯи гармӣ, фаъолияти меъёрии системаи ирригатсионии шаҳр, пешгирии садамаҳо ва ҳолатҳои яхбандии шабакаҳо чораҳои зарурӣ андешанд.

4.              Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мансуров Ҷ.М. дар якҷоягӣ бо директори Ҷамъияти саҳомии навъи кушодаи “Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳӣ” Ниёзов У.С., директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе” Аттоев С.К., сардори Раёсати назорати  давлатии энергетикии шаҳри Душанбе Раҳмонов М.Р. ҷиҳати таъмини истеҳсоли нақшавии нерӯи гармӣ ва қувваи барқ, истеъмоли самаранок ва сарфакоронаи онҳо, корҳои заруриро ба роҳ монда, ба мақсади пешгирии ҳолатҳои садамавӣ ва қатъи интиқоли қувваи барқ бригадаҳои фаврӣ-садамавӣ ташкил намоянд.

5.              Муовини Раиси шаҳри Душанбе Оев А.М. дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон»-и шаҳри Душанбе, корхонаҳои воҳиди давлатии коммуналии «Автобус-1»,  «Автобус-2», «Автобус-3», «Троллейбус» ва дар ҳамкорӣ бо корхонаҳои нақлиётии ѓайрикоммуналӣ фаъолияти мунтазам ва реҷавии нақлиёти мусофирбарии шаҳрро ба роҳ монанд.

6.              Муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ. дар якҷоягӣ бо сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Темуров А.А., сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Фақеров Ҳ.Н., мудири Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе Мусоева Ш.Р. бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда фаъолияти бетаъхири муассисаҳои табобатию муолиҷавӣ, таваллудхонаҳо, мактабу кӯдакистонҳо, хонаҳои кӯдакон ва интернатҳо, муассисаҳои фарҳангии шаҳри Душанберо, новобаста аз шакли моликияташон таъмин намоянд.

7.              Муовини Раиси шаҳри Душанбе Назаров Б.М., Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Корхонаи воҳиди давлатӣ “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе” (Муминов С.А.) ва бозорҳои шаҳри Душанбе захиракунӣ ва фурӯши маҳсулоти озуқаворию маводи сӯхтро бо дарназардошти пурра қонеъ намудани талаботи шаҳри Душанбе ба роҳ монанд.

8.              Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе:

- таъмири ҷории роҳҳои мошингарду пиёдарави дохили маҳалла ва  шаҳракҳо,  таъмиру  тозакунии ҷӯйборҳою  селпартоҳоро  то  1 ноябри соли 2013 ба итмом расонанд;

- омодагии пурраи техникаҳои коммуналии дар мувозинаи раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳо қарордоштаро, инчунин захираи миқдори зарурии маводи инертӣ (қуму намак), олотҳои меҳнат, либоси махсуси кормандон ва дизел-генераторҳоро таъмин намоянд;

- корҳои таблиѓотию тарѓиботиро дар байни сокинони маҳаллаву шаҳракҳои ноҳияҳо оид ба истифодаи сарфакорона ва оқилонаи оби ошомиданӣ, гармии муттамарказ, қувваи барқ тақвият бахшанд.

9.              Муқаррар карда шавад, ки таъмини бехатарии техникиву зиддисӯхтории иншоотҳои идораву муассиса, корхонаву ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият, бевосита ба масъулияти шахсии роҳбарони аввали онҳо вогузор гардида, дар робита бо ин Раёсати хадамоти оташнишонии шаҳри Душанбе ва Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе таъмини чорабиниҳои пешгирикунандаи зиддисухторӣ, садамавӣ ва ҳолатҳои фавқулоддаро дар субъектҳои зикргардида таҳти санҷиш ва назорати қатъӣ қарор медиҳанд.

10.         Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. гузошта шавад.

                                                                                       М. УБАЙДУЛЛОЕВ