Ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи ба номи ӯ ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
18 October 2013

ҚАРОРИ  РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ  №580 аз 17.10.2013

 

Дар бораи баргузории озмуни кушод баҳри дарёфти беҳтарин таҳиягари лоиҳаи раванди технологии истеҳсолоти дӯзандагӣ оид ба дӯхтани либоси мактабӣ барои талабаҳо ва толибаҳо ва инчунин истеҳсоли маҳсулоти баландсифати рақобатпазири дӯзандагӣ, бо нишондоди таҷҳизоти зарурии Корхонаи воҳиди давлатии «Чеварон»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

 

Бо мақсади иҷрои банди 4 замимаи 3 Қарори Раиси шаҳри Душанбе №549 аз 25 сентябри соли 2013 «Дар бораи таъсис додани Корхонаи воҳиди давлатии «Чеварон»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе», бо инобати розигии Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 377 аз 17 октябри соли 2013 оид ба истифода намудани усули баргузории озмуни харид тариқи иштироки номаҳдуди довталабон, бо маҳдуд намудани муҳлати пешниҳоди дархостҳои тендерӣ, бо дарназардошти Протоколи Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе № 281 аз 8 октябри соли 2013 мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 14 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

 

1.  Баҳри дарёфти интихоби беҳтарин таҳиягари лоиҳаи раванди технологии истеҳсолоти дӯзандагӣ оид ба дӯхтани либоси мактабӣ барои талабаҳо ва толибаҳо ва инчунин истеҳсоли маҳсулоти баландсифати рақобатпазири дӯзандагӣ, бо нишондоди таҷҳизоти зарурии иншооти «Корхонаи воҳиди давлатии «Чеварон»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе», байни лоиҳакашон, шахсони воқеиву ҳуқуқии ватанию хориҷии салоҳиятнок тариқи иштироки номаҳдуд, бо маҳдуд намудани муҳлати пешниҳоди дархостҳои тендерӣ, озмуни кушод эълон карда шавад.

2.  Комиссияи тендерии аз тарафи Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе пешниҳод-шуда баҳри дарёфти беҳтарин таҳиягари лоиҳаи раванди технологии истеҳсолоти дӯзандагӣ оид ба дӯхтани либоси мактабӣ барои талабаҳо ва толибаҳо ва инчунин истеҳсоли маҳсулоти баландсифати рақобатпазири дӯзандагӣ, бо нишондоди таҷҳизоти зарурии иншооти «Корхонаи воҳиди давлатии  «Чеварон»-и  Мақомоти  иҷроияи  маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе» таъсис дода шуда, байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ тариқи иштироки номаҳдуди довталабон ва маҳдуд намудани мӯҳлати пешниҳоди дархостҳои озмунӣ тибқи шартҳои замимагардида баргузории озмуни кушод тавассути васоити ахбори омма, аз ҷумла, сомонаи интернетии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба роҳ монда, ҷамъбасти озмунро тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин ва ба Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати эътирофи ѓолиби озмун тавсия пешниҳод созад.

3.  Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин гардонад.

4.  Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Мансуров Ҷ.М. гузошта шавад.                            

                                                                            М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

 

Замима

ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе №580 аз 17.10.2013

Ҳайати

Комиссияи озмуни кушод баҳри дарёфти беҳтарин таҳиягари лоиҳаи раванди технологии истеҳсолоти дӯзандагӣ оид ба дӯхтани либоси мактабӣ барои талабаҳо ва толибаҳо ва инчунин истеҳсоли маҳсулоти баландсифати рақобатпазирии дӯзандагӣ бо нишондоди таҷҳизоти зарурии иншооти «Корхонаи воҳиди давлатии «Чеварон»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе»

 

 

 

1.

Шоев Н.Н.

-вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №59, раиси Комиссия;

 

Аъзои комиссия:

 

2.

Мансуров Ҷ.М.

-муовини Раиси шаҳри Душанбе;

3.

Мусоева Р.Ѓ.

-директори Муассисаи давлатии «Душанбе-плаза»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе;

4.

Шарипова Г.Х.

-директори Муассисаи давлатии «Боѓи Пойтахт»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе;

5.

Ҳамроева М.Н.

-тарроҳи либос;

6.

Анваров С.С.

-сардори Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе;

7.

Ҳоҷиев М.К.

-сардори Раёсати хазинадории Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе, мутахасисси дорои сертификати харид.

 

Шартҳои

озмуни кушод баҳри дарёфти беҳтарин таҳиягари лоиҳаи раванди технологии истеҳсолоти дӯзандагӣ оид ба дӯхтани либоси мактабӣ барои талабаҳо ва толибаҳо ва инчунин истеҳсоли маҳсулоти баландсифати рақобатпазирии дӯзандагӣ бо нишондоди таҷҳизоти зарурии иншооти «Корхонаи воҳиди давлатии «Чеварон»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе»